Мақомоти раёсати Оҷонсии зидди фасод дар вилояти Суғд ҷузъиёти бозпурсии Муродалӣ Алимардон, раиси “Агроинвестбонк”-ро ошкор карданд.
Карим Иброҳимзода, раиси намояндагии Оҷонсии зидди фасод, рӯзи 14-уми феврал гуфт, Алимардон дар робита ба парвандаи мудири корхонаи пахтатозакунӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов мавриди пурсиш қарор гирифт. “Бозпурсӣ дар утоқи кории Муродалӣ Алимардон гузашт”, - афзуд ӯ.
Ба қавли мақомот, Иброҳим Бобоҷонов – мудири корхонаи пахтатозакунӣ – аз соли 2011 то 2013 аз “Агроинвестбонк” барои тиҷорат беш аз даҳ миллион сомонӣ ва севуним миллион доллар гирифта, вале онро бо ин ҳадаф истифода накардааст. Балки маблағҳоро барои рӯйпӯш намудани қарзҳои қаблиаш боз ба худи “Агроинвестбонк” додааст.
Карим Иброҳимзода гуфт, “дар доираи тафтиши пешакии парванда Муродалӣ Алимардон ба ҳайси шоҳид бозпурсӣ шуд. Дар натиҷаи таҳқиқи дурусти парванда ва ба роҳ мондани чорабиниҳои фаврӣ маблағи қарз барқарор карда шуд.”
Раёсати Оҷонсии зидди фасод дар вилояти Суғд хабар дод, ки Иброҳим Бобоҷонов баъди барқарор кардани маблағи қарз афв шудааст.
Муродалӣ Алимардон соли 2015, дар оғози бӯҳрони бонкӣ, раиси “Агроинвесбонк” таъйин шуд. Ӯ дар гузашта дар мақоми муовини нахуствазир ва раиси Бонки Миллии Тоҷикистон кор кардааст.