Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки роҳҳои ба по рост кардани "Агроинвестбонк" вуҷуд дорад. Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон рӯзи 15-уми феврал зимни нишасти хабарӣ дар посух ба суоли хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, ки дар воқеъ 88 дарсади саҳмияҳои "Агроинвестбонк" дар дасти вазорат аст.
Вай гуфт, ки то 20-уми феврал барои ҳалли мушкили "Агроинвестбонк" ва "Тоҷиксодиротбонк" мӯҳлат доранд. Ӯ афзуд, ки сарнавишти "Агроинвестбонк" чӣ мешавад, чизи пинҳон аз назари ҷомеа нест ва "роҳи наҷоти он вуҷуд дорад". Аммо ҷаноби вазир роҳҳои бурунрафти бонкҳо аз ин мушкилро зикр накард.
Вазири молияи Тоҷикистон дар бораи дастури президент роҷеъ ба қарздории корхонаҳои бузург мисли "Барқи тоҷик", "Тоҷик эйр" ва "Талко" гуфт, ки воқеан вазъи молиявии ин корхонаҳо вазнин аст ва аллакай барои танзими фаъолияти онҳо Шӯрои нозирон таъсис ёфтааст.