Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷлил аз солрӯзи Раҳим Масов, нигорандаи "Таърихи табартақсим". ВИДЕО


Раҳим Масов, торихнигори тоҷик
Раҳим Масов, торихнигори тоҷик

Ба муносибати 80-умин солрӯзи таърихшиноси маъруфи тоҷик, академик Раҳим Масов

“Бародарам аз кӯдакӣ хислате дошт, ки меваи аз шохаи дарахт ба замин афтодаро намехӯрд ва танҳо меваи аз шох кандаро истеъмол мекард. Хислаташ ҳамин буд, ки дар зиндагӣ низ ҳаргиз кори сабукро пайгирӣ намекард”, -- гуфт дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ Сойима Раҳимова, хоҳари академик Раҳим Масов.

Ин зан ҳоло хонаи мероси аз бародарашро нигаҳбонӣ мекунад. Ӯ мегӯяд, бародараш хонаи худро ба ӯ васият кардааст.

Чун ба ин назар буд, ки баъд аз маргаш манзилаш ба осорхона табдил меёбад ва меҳмонони зиёде ба ин ҷо меоянд.

Соима Раҳимова, хоҳари Масов
Соима Раҳимова, хоҳари Масов

Ҳанӯз осорхонаи Раҳим Масов таъсис наёфтааст, вале манзили зисти ӯ ба макони нигаҳдории мероси ӯ табдил ёфтааст. Аз ин мерос дар маросими таҷлил аз 80-умин солгарди таваллуди ин пажӯҳишгари тоҷик рӯзи 15 ноябр дар толори Академияи илмҳои Тоҷикистон сухан рафт. Гузоришгарон таъкид карданд, ки маҳз Раҳим Масов бори нахуст таърихи халқи тоҷикро дар 6 ҷилд мунташир карда ва се китоби аввалро худ пурра таҳия кардааст.

Аскаралӣ Раҷабов, мудири бахши таърихи Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки беш аз сӣ сол бо Раҳим Масов якҷо кор кардааст ва дар ин муддат боре ҳам иштибоҳи илмӣ дар фаъолияти ӯро ошкор накардааст. Вай дар бораи навишта шудани асари пурсарусадои Раҳим Масов гуфт:

“Ӯ ба ҷуз аз асари “Табартақсим” ҳамчунин асари таърихии “Комилан махфӣ”-ро эҷод карда буд. Ин асарҳо ҳангоми нашр дар Тоҷикистон дар доираҳои фарҳангӣ навъе инқилоберо барпо карданд. Сипас, ин китобҳоро узви вобастаи хориҷии Академияи илмҳои Тоҷикистон Эраҷ Баширӣ дар иёлати Минессотаи Амрико ба инглисӣ нашр кард. Дар маҷмӯъ метавон гуфт, ки ҳар як асари таҳиякардаи Раҳим Масов натиҷаи пажӯҳиши бузурги илмӣ буд ва ҳамакнун таърихнигоронро зарур аст шароит ва тарзи эҷоди ин асарҳоро таҳқиқ кунанд”,--гуфт ӯ.

Дар гузашта, ин ду асари академик Раҳим Масов ба ҳамлаи густардаи таърихнигорони ҷамоҳири дигари пасошӯравӣ рӯбарӯ гашт ва ӯро ба миллатгароӣ муттаҳам намуданд, дар ҳоле ки худи ӯ ин иттиҳомро рад мекард ва мегуфт, тамоми корҳои илмияш бар пояи асноди таърихӣ, ба вижа маводе анҷом гирифтаанд, ки бо боз гаштани бойгониҳои дар гузашта мамнуъ ва махфӣ дастрас шудаанд.

Муҳимтарин бозёфтҳои ӯ пайнавиштҳои ҳайати давлати Шӯравист, ки марзҳои миллии ҷумҳуриҳои Осиёи Марказиро муайян намуд. Бар пояи ин санадҳо Масов ошкор намуд, ки дар ин тақсимбандии миллию марзӣ намояндагони қавми тоҷик ё ширкат надоштанд ва ё таҳти таъсири амиқи пантуркизм ҳамчун сипаре дар муқобили тавсеаталабии Русия аз манфиатҳои миллии худ дифоъ накардаанд.

Наврӯзи Гулзод, доктори илми таърих аз Донишгоҳи давлатии Москва бар ин назар аст, ки Раҳим Масов дар тӯли умри худ ҳамарӯза на 24, балки "метавон гуфт, 26 соат дар як шабонарӯз кор мекард."

Ба қавли ҷаноби Гулзод, “ҳатто замоне, ки Раҳим Масов дар утоқи корӣ машғули пажӯҳиш буд, касе ҳақ надошт, ки вориди ин утоқ шавад”.

Ӯ гуфт: “Марҳум дар ҳама кор инсони мустақил буданд. Ҳаргиз ба гапи касе намерафтанд. Асарҳои таърихии эҷодкардааш барои Тоҷикистон арзиши гарон доранд. Дар худшиносии миллӣ нафари беҳамто буданд. Ба ин хотир дар аксар маврид дар кори худ пирӯз мешуданд ва ҳақ будани худро ҳамеша собит мекарданд”.

Наврӯзи Гулзод афзуд, ки аз миёни ҳамтоёни замони Раҳим Масов нафари муродифро наметавонад пайдо кунад. Ин таърихшинос мегӯяд, ҳарчанд Раҳим Масов дар ятимхона ба воя расида буд, аммо ба сарнавишти миллат ва давлат бетараф набуд.

Ӯ аз ҳодисаҳои солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ёдовар шуд, ки Раҳим Масов дар канори мақомоти кишвар буд ва барои таъмини субот дар зодгоҳаш, ноҳияи Ванҷ, ки зери тасарруфи муҷоҳидин буд, чанд маротиба сафар карда, паёми роҳбарияти кишвар барои ба эътидол овардани вазъиятро мерасонд. Наврӯзи Гулзод мӯътақид аст, ки асарҳои таърихии Раҳим Масов дар Тоҷикистон ҷовидона боқӣ хоҳанд монд.

Олуфтаи Бодурӣ, нафақахӯр ва собиқ корманди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба Раҳим Масов пайванди дӯстӣ ҳам дорад, мегӯяд ба унвони масъули дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста бо академик Масов дар тамос буд. Ӯ гуфт, раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ ба Раҳим Масов эҳтиром дошт ва аз машваратҳои эшон истифода мекард.

Ҳамзамон Масов ягона узви комиссияи давлатӣ буд, ки қарори ба Чин дода шудани бахше аз қаламрави Тоҷикистонро имзо накард ва ин амалро як иштибоҳ номид.

Нигорандаи "Таърихи табартақсим”, "Таърихи таҳти мӯҳри комилан махфӣ”, "Тоҷикон: омезиш ва хуруҷ” ва даҳҳо мақолаи мондагори илмӣ, сардабири таърихи шашҷилдаи тоҷикон он замон гуфт, ки Пажӯҳишгоҳи таърихи Академияи улуми Тоҷикистон бо далелҳои илмӣ бепоя будани даъвои марзии Чинро дар санаде ба ҳукумати кишвар пешниҳод кард, вале аз ин ҳуҷҷат истифода ба амал наомад ва дар ҳалли масъала аз дипломатия кор гирифта нашуд. Ин дар ҳолест, ки тақдими замин ба Чин "ғалабаи дипломатияи тоҷик" унвон шуда буд.

Ҳамчунин ба гуфтаи академик Масов, марзҳои кишвар бо Узбекистон марзҳои маъмурӣ ва дохилии далати Шӯравӣ буда, дар соли 1924 бо шитобкорӣ ва ваъдаи бознигарии баъдӣ муваққатан таъйин шудаанд ва Душанбе бояд шинохти расмии онҳоро ба эътирофи ҳаққи фарҳангии тоҷикон ба Самарқанд ва Бухоро бастагӣ диҳад. Ба ақидаи академик Масов, азбаски ин масъала ҳассос аст, бояд дар марҳилаи феълӣ аз пайи ҳеч гуна ҳалли муваққатӣ нашуд ва онро ба наслҳои оянда вогузор кард.

Аммо ҳукумати Тоҷикистон масъалаи марзҳои давлатӣ бо Узбекистонро ниҳоӣ мекунад ва низ хабар дода мешавад, ки чандин порча замин байни ду кишвар иваз хоҳад шуд.

Дар ҷашни солрӯзи Раҳим Масов аз ин дидгоҳҳои ӯ ёдрас нашуданд, ҳарчанд ба пажуҳишҳояш рӯйи тақсимбандии миллӣ ва марзии Иттиҳоди Шӯравӣ арҷ гузоштанд.

Дар ҳамин ҳол Хилватшоҳи Маҳмуд, хабарнигори тоҷик ва фаъоли иҷтимоӣ бо ирсоли номае бозе аз роҳбарони Маҷлиси Миллӣ, вилояти Бадахшон ва Академияи илмҳо дархости гиромидошти хотираи ин таърихнигор шуд. Ӯ пешниҳод дорад, ки Осорхонаи бостонии Пажӯҳишгоҳи таърихи Тоҷикистон ва хиёбоне дар шаҳри Хоруғ ва мактабе дар зодгоҳаш дар ноҳияи Ванҷ ба номи ин таърихнигор гузошта шавад.

Раҳим Масов 16-уми ноябри соли 1939 дар деҳаи Мдехарви ноҳияи Ванҷи вилояти Кӯҳистони Бадахшон таваллуд шуда, аз 10-солагӣ дар ятимхона тарбия шудааст. Соли 1961 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, аз он замон дар Пажӯҳишгоҳи таърихи Академияи илмҳо фаъолият кардааст. 21-уми июни соли 2018 дар Душанбе аз олам чашм пӯшид ва дар оромгоҳи Лучоб дафн шудааст.

XS
SM
MD
LG