Дар чанд ҷумла
Тағйирот ба Конститутсияи Русия. Путин чӣ пешниҳод дорад?

Президенти Русия Владимир Путин рӯзи душанбе лоиҳаи қонуни ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи ин кишварро ба Думаи давлатӣ пешниҳод кард. Дар ин бора сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков иттилоъ дод.
Ба огаҳии сомонаи Дума, қарор аст, ба банди 22-уми Конститутсияи Русия тағйирот ворид карда шавад. Аз ҷумла, пешниҳод шудааст, ки ниҳоди нави давлатӣ -- Шӯрои давлатӣ таъсис ёбад. Ин шӯроро президенти Русия бо ҳадафи таъмини фаъолият ва ҳамкории ҳамоҳангшудаи ниҳодҳои давлатӣ, таъйини самтҳои асосии сиёсати хориҷӣ ва дохилии Русия, самтҳои афзалиятноки рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии давлат таъсис доданист.
Ҳамчунин Думаи давлатӣ бояд ҳаққи тасдиқи номзадии раиси ҳукуматро бо пешниҳоди президент ва номзадии муовинони сарвазир ва вазиронро, ба ҷуз аз раҳбарони ниҳодҳои қудратӣ бо пешниҳоди сарвазир дарёфт кунад. Раҳбарони ниҳодҳои қудратиро президент дар машварат бо Шӯрои федеролӣ тасдиқ хоҳад кард.
Бар асоси лоиҳаи қонун, калимаи "пайиҳам" аз банди Конститутсия дар бораи давраҳои президентӣ ҳазф хоҳад шуд: "Як одам наметавонад беш аз ду давра Русияро раҳбарӣ кунад". Ин маънои онро дорад, ки Путин баъди соли 2024 дигар президенти Русия шуда наметавонад.
Тибқи ваъда, Путин барои вакилони порлумон, аъзои Шӯрои федеролӣ, вазирон ва додрасҳо маҳдудиятҳоеро ҷорӣ мекунад. Ин афрод ҳаққи дарёфти шаҳрвандӣ ё иҷозати будубоши доимӣ дар кишвари хориҷиро надоранд. Президенти Русия шахсе интихоб хоҳад шуд, ки дасти кам 25 соли ахир дар ин кишвар зиндагӣ кардаааст ва дар гузашта шаҳрвандӣ ё ҳаққи иҷозати доимӣ дар кишвари хориҷиро надошта бошад.
Президенти Русия 15 январ ҳангоми ироаи паёмаш гуфта буд, ки мехоҳад Конститутсияи кишвараш тағйир дода шавад. Ба иттилои РБК, раъйпурсии умумӣ дар ин бора 12 апрел баргузор хоҳад шуд.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Дар Уш мехоҳанд, даромадани мошинҳоро ба ин шаҳр пулакӣ кунанд

Раиси шаҳри Уш дар Қирғизистон пешниҳод кардааст, ки даромадани мошинҳо ба ин шаҳр пулакӣ шавад.
Ҷенишбек Токторбаев рӯзи 8-уми апрел гуфтааст, ҳар рӯз аз ноҳияҳои атроф ба шаҳри Уш қариб 56 ҳазор нақлиёт вориду хориҷ мешаванд.
Ба гуфтаи шаҳрдори Уш, мақомот метавонанд дар даромадгоҳи шаҳр истгоҳҳои зебо бино карда, аз мошинҳои воридмешуда маблағ ситонанд.
Токторбаев ин маблағро барои мошинҳои сабукрав 50-100 соми қирғизӣ ё 6-11 доллар ва барои боркашонҳо 100-150 сом ё 11-17 доллар пешбинӣ кардааст.
“Агар дар як рӯз 56 ҳазор нақлиёт ба шаҳр дароянд, пас, дар як рӯз 2,8 миллион сом ё 320 ҳазор доллар ва дар сол 60 миллион сом ё 6,8 миллион доллар ҷамъоварӣ кардан мумкин аст,” -- гуфтааст шаҳрдори Уш.
Ин мақомдори қирғиз афзудааст, пули ҷамъшуда барои бунёди мактаб, кӯдакистону беморхона ва беҳтар кардани бахши хидматрасонии шаҳри Уш сарф мешавад.
Пештар шаҳрдори Бишкек ҳам хоҳони ситондани маблағ аз мошинҳое шуд, ки ба пойтахт ворид мешаванд. Як ҳадаф аз ин тасмим пешгирӣ аз танбашавии нақлиёт дар пойтахти Қирғизистон гуфта шудааст.
Ҷаласаи Маҷлиси миллӣ. Кӣ "шахси дувум"-и Тоҷикистон мешавад?

Рӯзи 11-уми апрел дар шаҳри Душанбе аввалин ҷаласаи даъвати нави Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии порлумон баргузор мешавад. Қарор аст дар ин маҷлис раиси палатаи болоии порлумон ва муовинони ӯ интихоб шаванд.
Маҷлиси миллӣ 33 узв дорад, ки 25 нафари он аз ҳисоби панҷ минтақаи кишвар ва 8 каси дигар аз сӯи президент таъйин мешаванд.
Аксар курсиҳои Маҷлиси миллӣ дар ихтиёри Ҳизби ҳокими халқии демократӣ аст. Аз соли 2020 Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва писари президент раиси Маҷлиси миллӣ аст ва эҳтимол меравад, ки ӯ дубора ба ин симмат интихоб шавад.
Тибқи қонуни асосии Тоҷикистон раиси Маҷлиси миллӣ шахси дуввуми Тоҷикистон аст ва дар сурати истеъфо ё вафоти раиси ҷумҳур ваколатҳои ӯ то интихобот ба уҳдаи роҳбари палатаи болоии порлумон мегузарад. Мунтақидон мегӯянд, Маҷлиси миллӣ тақрибан ҳама пешниҳодҳои ҳукуматро бидуни баҳсҳои сахт қабул мекунад.
Ҳукумат барои нушобаҳои нерӯдиҳанда андози нав ҷорӣ кард

Ҳукумати Тоҷикистон барои нушокиҳои нерӯдиҳанда, ки дар миёни ҷавонон бо номи "энергетик" маъруф аст, андози нав ҷорӣ кардааст.
Бар асоси қарор ҳукумат, аз 1-уми майи имсол, аз ҳар литр нӯшокии нерӯдиҳанда 0,06 евро ё қариб як сомонӣ андози аксиз гирифта мешавад.
Аксиз андозе аст, ки барои молҳои зараррасон ҷорӣ мешавад. Ҳанӯз мақомот нагуфтаанд, ки бо кадом далел барои нӯшокиҳои нерӯдиҳанда андози аксиз ҷорӣ карданд. Бархе пизишкон истифодаи ин навъ нӯшокиро барои саломатӣ зарарнок хонданд.
Бар асоси қарори ҳукумат, ки Радиои Озодӣ 11-уми апрел шинос шуд, аз 1-уми май меъёри андози аксиз барои чанд моли дигар ҳам зиёд мешавад. Аз ҷумла, барои як литр оби ҷав ё пиво 0,40 евро ё қариб 5 сомонӣ, майи табиӣ 0,84 евро ё қариб 10 сомонӣ ва барои як литр спирт 4 евро ё 48 сомонӣ муқаррар шудааст.
Меъёри аксиз барои ҳар тона бензин ҳам аз 55 евро то 70 евро боло бурда шуд.
Тибқи иттилои расмӣ, соли 2024 аз ҳисоби андози аксиз ба буҷаи Тоҷикистон 1,2 миллиард сомонӣ ворид шудааст.
Дар гузашта ин навъи андоз барои алоқаи мобилӣ норозигии бархе корбаронро ба миён оварда буд.
Лимити шабонаи барқ дар Тоҷикистон аз байн бурда шуд

Сар аз имрӯз, 11-уми апрел, маҳдудият ё лимити барқ дар Тоҷикистон шабона аз байн бурда шуд. Дар ин бора Қурбон Аҳмадзода, сухангӯи ширкати "Барқи тоҷик" ба Радиои Озодӣ хабар дод.
Ба гуфтаи Аҳмадзода, дар тамоми Тоҷикистон сар аз 11-уми апрел шабона барқ хомӯш намешавад. Сухангӯи “Барқи тоҷик” афзуд, давоми як-ду рӯзи оянда ва бо зиёд шудани резиши об дар обанбори “Норак”, маҳдудияти барқ рӯзона ҳам аз байн бурда мешавад.
Маҳдудият ё лимити барқ дар Тоҷикистон аз моҳи сентябри соли 2024 ҷорӣ шуда буд. Тибқи ҷадвали Шабакаҳои тақсими барқ, сокинон дар минтақаҳои Тоҷикистон бояд аз соати 5 то 8-и субҳ ва аз 18 то 22-и шаб, яъне ҳафт соат, бо нерӯи барқ мегирифтанд.
Ҳарчанд бархе сокинон шикоят доштанд, ки ҳамин реҷа ҳам риоя намешавад. Маҳдудияти интиқоли барқ аз тирамоҳи соли гузашта ҷорӣ шуда буд ва бо фаро расидани гармиҳо сокинон мепурсиданд, магар ҳоло ҳам неругоҳҳо аз об пур нашудаанд?
Нишасти "хатарнок"-и ҳавопаймои Эрон дар Фурудгоҳи Душанбе

Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” рӯзи 10-уми апрел дар Фурудгоҳи Душанбе нишасти "хатарнок" анҷом додааст. Мақомоти Тоҷикистон ва ширкат дар ин бора расман шарҳе намедиҳанд.
Як манбаи боварбахши Радиои Озодӣ дар Оҷонси авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон гуфт, ҳавопаймои ширкати “Вориш”, ки аз Теҳрон ба Душанбе меомад, соати 11:14 дар Фурудгоҳи Душанбе бо мушкил нишаст.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, ҳамаи мусофирон ва халабонҳо солиманд. Сабаби ба мушкил фуруд омадани ҳавопаймо бад будани вазъи боду ҳаво гуфта мешавад.
“Соати 11 дар Душанбе раъду барқ ва борон буд. Ҳавопаймои Душанбе барои нишасту парвози ҳавопаймо ду хат дорад. Ҳавопаймои ширкати “Вориш” дар байни ин ду хати парвоз фуруд омад ва зоҳиран чархаш осеб дид. Аз соати 11 ҳамаи парвозҳои рафтуо баргашт аз Фурудгоҳи Душанбе ва ба ин фурудгоҳ манъ шуд. Мутахассисон қариб даҳ соат талош карданд, ҳавопаймои ширкати “Вориш”-ро таъмир карда, аз хати парвоз берун кунанд ва танҳо баъди ин барои дигар парвозҳо иҷозат шуд,” -- гуфт ҳамсуҳбати мо дар Оҷонси авиатсияи шаҳрвандӣ.
Талошҳои мо барои гирифтани шарҳи расмӣ аз намояндагони Фурудгоҳи Душанбе бенатиҷа буд. Таблои онлайни Фурудгоҳи Душанбе нишон медиҳад, ки ҳамаи парвозҳо аз соати 11 то 20 лағв шудаанд. Рӯшан нест, ки ҳавопаймои эронӣ дар пайи нишасти хатарнок ба чӣ мушкил рубарӯ шудааст.
Тоҷикистон ва Эрон дар аввали имсол низоми раводидро миёни ду кишвар бекор карданд. Ҳоло байни ду кишвар ҳафтае 5 парвоз (чор парвоз аз ширкати “Вориш” ва як парвоз аз “Сомон Эйр”) анҷом мешавад.
Беш аз 20 муҳоҷири тоҷикро аз "Внуково" ба Тоҷикистон рондаанд

Мақомоти Русия баъди се рӯзи нигаҳдорӣ беш аз 20 муҳоҷири тоҷикро аз фурудгоҳи "Внуково"-и Маскав ба Тоҷикистон ихроҷ кардаанд.
Муҳоҷирони тоҷик рӯзи 10-уми апрел бо ирсоли навор ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки се рӯз дар шароити бад қарор доштанд ва сабаби роҳ наёфтан ба Русияро низ касе барояшон шарҳ надод.
Дар ҳоле ки ба гуфтаи онҳо, тамоми санадҳояшон дуруст буд ва дар Русия ҳаққи иқомат доштанд.
Чанд рӯз пеш низ ба беш аз 500 муҳоҷири тоҷик дар марзи Қазоқистон бо Русия иҷозаи ворид шудан надода буданд. Ин муҳоҷирон мехостанд бо мошин ва аз роҳи заминӣ вориди Русия шаванд.
Ин гурӯҳи муҳоҷирон рӯзи 9-уми апрел хабар доданд, ки пас аз як ҳафта мақомоти рус ба онҳо иҷозаи вуруд ба Русияро додаанд.
Дар Русия ҳудуди як миллион муҳоҷири тоҷик кору зиндагӣ мекунанд ва ин кишварро барои сиёсати саркубгарона нисбат ба муҳоҷирон танқид мекунанд. Мақомоти Русия борҳо гуфтаанд, ки ҳадафашон рафъи қонуншиканиҳо ҳаст
Амрико ва Русия баъзе аз зиндониёнро иваз кардаанд

Амрико ва Русия рӯзи 10-уми апрел дар шаҳри Абузабӣ, маркази Имороти Муттаҳидаи Араб, баъзе аз зиндониёнро иваз кардаанд.
Дар ин бора нашрияи “The Wall Street Journal” бо такя ба раиси созмони истихбороти марказии Амрико ё CIA хабар дод.
Ҷониби Русия то ҳол табодули зиндониёнро тасдиқ ё инкор накардааст.
Ба гузориши "The Wall Street Journal", Русия Ксения Карелинаро озод кардааст, ки шаҳрвандии Русия ва Амрикоро дорад.
Ӯ барои гузарондани як миқдор пул ба нерӯҳои мусаллаҳи Украина бо иттиҳоми "хиёнат ба давлат" ба 12 сол зиндон маҳкум шуда буд.
Вакили мудофеи Карелина тасдиқ кард, ки ӯ раҳо шудааст ва дар роҳ ба Иёлоти Муттаҳида аст.
Раҳоии ӯро котиби давлатӣ ё вазири умури хориҷии Амрико Марко Рубио низ таъйид намуд. Ба гуфтаи ӯ, Карелина дар Русия ноодилона боздошту маҳкум шудааст ва президенти Амрико Доналд Трамп “озодии ӯро фароҳам овард”.
Амрико шаҳрванди Олмону Русия Артур Петровро ба Маскав додааст.
Вай соли 2023 бо дархости Иёлоти Муттаҳида ва бо иттиҳоми интиқоли микроэлектроника ба Русия бар хилофи таҳримҳо дар Қибрис (Кипр) боздошт шуда буд.
Нишасти ҳайатҳои Русия ва Амрико дар Истанбул оғоз ёфт

Нишасти машваратӣ миёни ҳайатҳои Русия ва Амрико рӯзи 10-уми апрел дар Истанбул оғоз ёфт.
Вазорати корҳои хориҷии ҳарду кишвар пештар хабар дода буданд, ки дар ин баҳс ба "эътидол овардани кори намояндагиҳои дипломатӣ" дар Маскав ва Вашингтон мавзӯи асосист.
Музокирот дар консулгарии генералии Русия дар Истанбул мегузарад.
Ҳайати Русияро сафири ин кишвар дар Вашингтон Александр Дарчиев ва ҳайати Амрикоро муовини ёвари котиби давлатӣ дар умури Аврупо ва АвруОсиё Соната Коултер раҳбарӣ доранд.
Ин даври дуюми машваратҳо дар Истанбул аст. Даври аввал дар охири моҳи феврали имсол дар консулгарии генералии Амрико баргузор шуда буд.
Сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Амрико рӯзи 9-уми апрел гуфт, ки "Украина дар барномаи нишаст нест".
Вай афзуд, дипломатҳо фақат ба масъалаи "барқарор кардани кори муътадили сафоратҳо таваҷҷуҳ мекунанд"
Кори сафоратҳои Амрико ва Русия дар хоки ҳамдигар дар солҳои охир пас аз рондани дипломатҳо ва маҳдудиятҳои гуногун ба таври чашмрас маҳдуд шудааст.
Иқтисоди Тоҷикистон аз нигоҳи БОР барои ду соли оянда

Тибқи пешбинии Бонки Осиёии Рушд, иқтисоди Тоҷикистон имсол 7,4 ва соли оянда 6,8 дарсад рушд хоҳад кард. Ин дар ҳолест, ки мақомоти тоҷик гуфтаанд, суръати рушди иқтисод имсол ва солҳои оянда аз 8 дарсад кам нахоҳад буд.
Дар гузориши Бонки Осиёии Рушд, ки дар аввали моҳи апрел нашр шуд, омадааст, сармоягузории бузург ба бахши энержӣ, саноат ва рушди бахши хусусӣ аз омилҳои асосии афзоиши иқтисод дар ду соли оянда хоҳад буд.
Ко Сакамото, намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон гуфтааст, ин ниҳоди молӣ омода аст, ки дар бахшҳои алоҳида, аз ҷумла, камбуди сармоя ва беҳтар кардани хизматрасонии давлатӣ, ба Тоҷикистон кӯмак кунад.
Тибқи пешбинии Бонки Осиёии Рушд, имсол сатҳи таваррум то 5 дарсад ва соли оянда то 5,8 дарсад боло хоҳад рафт.
Боло рафтани талабот ба қарзҳои истеъмолӣ, зиёд шудани маоши кормандони давлатӣ, нафақа ва хизматрасониҳои коммуналӣ, аз омилҳои асосии таваррум дар кишвар гуфта мешавад.
Бонки Осиёии Рушд ба Тоҷикистон тавсия додааст, ки технологияи рақамиро рушд диҳад, то хизматрасониҳои давлатӣ ва сатҳи зиндагии мардум беҳтар шавад.
Як зани тоҷикро бо 6 фарзандаш аз Русия баргардонданд

Як зани тоҷик, ки бо шаш фарзанди ноболиғаш дар Русия танҳо монда буд, ба Тоҷикистон баргардонда шудааст.
Дар ин бора намояндагии Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия 9-уми апрел хабар додааст.
Ба қавли манбаъ, аз ташкилоти ҷамъиятии тоҷикон "Умед", давоми се моҳ ин модар ва кӯдаконашро нигоҳбин кардаанд.
Дар хабарномаи расмӣ омадааст, намояндагии Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия санадҳои зан ва фарзандонашро омода карда, бо дастгирии соҳибкорон билети бозгаштро барои онҳо хариданд.
Аммо мақомот дар бораи ин зан ва шаш фарзандаш маълумоти зиёд надоданд. Маълум нест, ки онҳо кай ба Русия рафта ва чаро бесарпараст мондаанд.
Тақрибан ҳар сол занон ва кӯдакони бесарпаноҳи тоҷикро аз Русия ба Тоҷикистон мефиристанд.
Чин ба молҳои Амрико 84% боҷ ҷорӣ кард. Шурӯи "ҷанги тиҷоратӣ"?

Чин барои молҳои воридотӣ аз Иёлоти Муттаҳида 84 дарсад боҷ ҷорӣ кард.
Ин иқдом рӯзи 10-уми апрел ба иҷро медарояд ва посух ба таърифа ё боҷҳоест, ки аз сӯйи Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, ҷорӣ шуда, боис ба шиддат гирифтани ҷанги тиҷоратӣ миёни ду иқтисоди бузурги ҷаҳон гаштааст.
Таърифаҳои Амрико алайҳи Чин дар маҷмуъ ба 104 дарсад расид ва рӯзи 9-уми апрел ба иҷро даромад.
Вазорати тиҷорати Чин дар баёнияе гуфт, "агар Иёлоти Муттаҳида ба сахттар кардани маҳдудиятҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ пофишорӣ кунад, Чин иродаи қавӣ ва василаҳои фаровоне дорад, ки чораҳои зарурӣ андешад ва то ба охир мубориза барад."
Нигарониҳо аз пайомади таърифаҳо боис ба "нооромӣ" дар бозори саҳом дар ҷаҳон шудааст, аммо ин ошуфтагӣ Трампро мутаассир накардааст. Вай баръакс гуфт, ки таърифаҳо "дору" ҳастанд ва аз ӯ мавқеи худ пас нахоҳад гашт.
Трамп рӯзи 8-уми апрел гуфт, кишварҳо "муштоқ"-и музокирот дар мавриди қарордодҳои тиҷоратии нав ҳастанд.
Скотт Бессент, вазири молияи Амрико, рӯзи 9-уми апрел чораи охири Чинро маҳкум кард. Ӯ дар мусоҳиба бо Fox Business Network гуфт, "мутаассифона, чиниҳо намехоҳанд биёянду музокира кунанд, зеро онҳо бадтарин хилофкорони низоми тиҷорати байнулмилалӣ ҳастанд."
Дар ҳамин ҳол, кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дар Брюссел ҷамъ шуда, дар мавриди чораҳои мутақобил раъй доданд. Вашингтон ба молҳои Иттиҳоди Аврупо таърифаи 20-дарсадӣ ҷорӣ кардааст.
Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ тарҳи Иттиҳоди Аврупоро дид, ки аз 15-уми апрел ба иҷро медарояд ва тибқи он барои як зумра молҳои Амрико, аз ҷумла пӯлоду либосу хӯрок 25 дарсад боҷи изофӣ ҷорӣ шудааст.
"Бе даъватнома ва таҳқиромез." Шикоят аз "сарбозшикор" дар Кӯлоб
Маъмурони милиса дар Кӯлоб талош кардаанд, ки як ҷавонро аз дохили бозори марказии шаҳр бо зӯр ба артиш баранд, аммо соҳибкорон монеъ шудаанд.
Ҳодиса рӯзи 8-уми апрел рӯй дод.
Дар наворе, ки ба дасти Радиои Озодӣ расид, яке аз маъмурон бо либоси мулкӣ мегӯяд, "ман шахсан барои бурдани ту омадаам. Бе даъватнома. Даъватномаро мон."
Кормандони милиса талош кардаанд, Амирҷон Бухориевро аз дукони модараш, соҳибкор Раҷаббӣ Одинаева ба артиш баранд.
Наздиконаш рафтори намояндагони мақомотро таҳқиромез хонданд. Дар иваз кормандони милиса ба дари дукони онҳо муҳр задаанд.
Азиз Бухориев, бародари Амирҷон, рӯзи 9-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, "мо сад дарсад розием, ки бародарам ба хидмат равад. Чаро дар ҷойи ҷамъиятӣ чунин карданд ва дукони моро бастанд? Мо андоз (молиёт) месупорем, зиндагиямон пеш меравад. Як гурӯҳ ҷамъ шуда, таҳқиромез мехоҳанд сарбоз гиранд. Ман хидмат кардаам ва бародарам ҳам ба артиш меравад. Инҳо бе даъватнома бо таҳқир ин корро карданиянд."
Як манбаъ дар Шуъбаи корҳои дохилии Кӯлоб бе зикри номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, аз ин ҳолат хабар надоранд, аммо дастур гирифтаанд, ки дар доираи қонун дар сафарбар кардани ҷавонон ба артиш саҳм гузоранд.
Дар Тоҷикистон мавсими баҳории даъвати ҷавонон (аз 18 то 27-сола) ба артиш ҷараён дорад.
Мақомоти вилояти Хатлон рӯзи 1-уми апрел эълон карданд, ки нақшаи даъватро иҷро карданд, аммо ҳанӯз аз ҷалби маҷбурӣ ё бо зӯр ба артиш бурдани ҷавонон аз ин минтақа ва гӯшаҳои дигар шикоят мерасад.
Ҳалокати 98 кас баъди фурӯ рафтани сақфи клуби шабона

Дар пайи фурӯ рафтани сақфи як клуби шабона дар Ҷумҳурии Доминикан 98 кас ҷон бохта, 160 нафар захмӣ шудаанд.
Ҳодиса рӯзи 8-уми апрел рух додааст.
Ба гузориши хабаргузориҳо, маъмурони наҷот ҳамчунон дар ҳоли берун овардани ҷасадҳои қурбониён аз зери харобаҳо ҳастанд.
Гузориш шудааст, ки сақфи бино дар вақти як консерт фурӯ рафт.
Теъдоде аз сиёсатмадорон, варзишгарон ва шахсони дигар дар консерт ҳузур доштанд.
Доминикан як ҷумҳурии ҷазираӣ аст, ки дар Амрикои Шимолӣ ҷойгир шудааст.
Артиши Русия ба чанд минтақаи Украина бо паҳпод ҳамла кардааст

Дар ҳамлаи нерӯҳои Русия ба вилояти Днепри Украина 15 кас захмӣ шудааст.
Дмитрий Лисак, волии вилоят, гуфт, бесарнишинҳои Русия шаби 8 ба 9-уми апрел ҳамла карданд ва бинои баландошёна зарар дид.
Артиши Русия ҳамчунин ба вилоятҳои Харков ва Краматорск зарба задааст. Дар Харков ду кас захмӣ шудааст.
Дар ҳамин ҳол Вазорати дифои Русия хабар додааст, ки шаби 9-уми апрел бесарнишинҳо ба зиёда аз 10 минтақаи ин кишвар ҳамла карданд.
Ба ҳисоби Вазорати дифои Русия, 158 паҳпод бар фарози минтақаҳои Краснодар, Ростов ва Осетияи Шимолӣ нобуд шудаанд. Тасдиқи дурустии ин маълумот душвор аст.
Дар фурудгоҳҳои Владикавказ, Волгоград ва Грозний маҳдудият ҷорӣ кардаанд.
Светлана Герасименко, ситорашиноси маъруфи Тоҷикистон даргузашт

Светлана Герасименко, cиторашиноси украинӣ, ки нисфи зиёди умрашро дар Тоҷикистон гузаронидааст, 8-уми апрел дар Русия даргузашт.
Дар ин бора Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон хабар дод.
Светлана Герасименко 80 сол дошт.
Ӯ зодаи вилояти Киеви Украина буд ва соли 1973 барои кор ба Академияи илмҳои Тоҷикистон даъват шуд.
Светлана Герасименко боқии умрро дар шаҳри Душанбе гузаронд ва солҳо ситораҳои дунболадор ё шаҳобҳоро таҳқиқ мекард. Светлана Герасименко ва фазошиноси украинӣ Клим Чурюмов кашшофи як ситораи думдор буданд, ки баъдан бо номи Чурюмов-Герасименко сабт шуд.
Навори суҳбати Светлана Герасименко аз бойгонии Радиои Озодӣ: