Донишҷӯёни қазоқ дар пайи ошкор шудани вируси нав дар шаҳри Вуҳани Чин наметавонанд, он минтақаро тарк кунанд. Мақомоти Чин дар шаҳр карантин эълом ва баромадан аз онро манъ намудаанд.
Волидони донишҷӯён аз мақомоти Қазоқистон дархост доранд, ки дар баргардонидани фарзандҳояшон ба ватан кумак кунанд. "Чизе нахуред. Ками дигар тоқат кун, духтарам",-мегӯяд Рабига Сисенгалиева дар як сӯҳбати телефонӣ ба духтараш, ки дар Чин таҳсил мекунад.
Хабари ошкор шудани вируси нав дар Чин волидони даҳҳо донишҷӯи дигари қазоқ дар он кишварро низ нигарон кардааст. Ин донишҷӯён дар минтақае ба сар мебаранд, ки вируси нав дар онҷо ошкор шудааст. Волидон мегӯянд, фарзандонашон комилан сиҳат ҳастанд ва намехоҳанд, ки ба вирус гирифтор шаванд.
Дар ҳоли ҳозир мақомоти Қазоқистон дар робита ба ҳалли ин мушкил даст ба иқдоме нашудаанд. Сардухтури беҳдоштии Қазоқистон гуфт, бар асоси қоида, бояд донишҷӯён дар ҳамонҷо бимонанд.
Хабари паҳншавии вируси нав дар Чин бори аввал моҳи декабри соли гузашта расонаӣ шуд. То 22-юми январ аз таъсири ин вирус 17 кас ҷон бохта, ҷамъан 571 кас дар 13 вилоят ба он мубтало шудаанд.
Дар марзу фурудгоҳҳои як қатор кишварҳо, аз ҷумла Қазоқистон, Узбекистон, Тоҷикистон ва Русия ба хотири пешгирӣ аз сирояту паҳни вируси чинӣ назорати санитарӣ пурзӯр карда шудааст.