Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳабси блогери тоҷик барои саҳнаи шӯхиомези коронавирус дар Русия


Кароматулло Ҷабборов. Акс аз хабаргузории ТАСС
Кароматулло Ҷабборов. Акс аз хабаргузории ТАСС

Додгоҳи ноҳияи Черемушки як блогери тоҷикро барои сабти "пранк" ваё саҳнаи шӯхиомези коронавирус дар метрои Маскав ҳабс кард. Хабаргузории "Интерфакс" рӯзи 10-уми феврал навишт, ки Кароматулло Ҷабборов ба авбошӣ муттаҳам аст ва то 8-уми март дар боздошт мемонад. Ӯро рӯзи 8-уми феврал дастгир кардаанд.

Ба навиштаи хабаргузории ТАСС, Ҷабборов рӯзи душанбе дар додгоҳ иттиҳоми авбоширо напазируфта, худро бегуноҳ шумурдааст.

Вазорати корҳои дохилии Русия гуфтааст, сабти "пранк" рӯзи 2-юми феврал дар вагони метрои Маскав, ки аз истгоҳи "Полежаевская" ба тарафи "Улица 1905 года" ҳаракат дошт, сурат гирифтааст.

Дар ин саҳна ҷавоне аз ҳуш меравад ва ҳамроҳонаш фарёд мезананд, ки ӯ ба вируси хатарноке гирифтор аст. Ин ҳолат дар байни мардум воҳима андохтааст.

Сабти ин лаҳзаро дар Интернет гузоштаанд.

Дафтари матбуоти Идораи пулиси Маскав ба хабаргузории "Интерфакс" гуфтааст, ончи дар метро иттифоқ афтод, "пранк" дар мавзӯи коронавирус буд. Ба қавли тафтишот, ҳоло полис шарикони Кароматулло Ҷабборовро меҷӯяд.

Коронавирус дар Чин ббеш аз 900 нафарро кушта ва ҳазорҳо каси дигарро гирифтор кардааст.

XS
SM
MD
LG