Раҷаби Мирзо, журналист ва таҳлилгар
Бознашр аз веблоги "Рӯзи нав"
Вақте Сталин фавтид...
"-Рафиқон! Шахсиятпарастӣ сабаби ақибмондагии ошкор аз демократияи ҳизбӣ, мудирияти бесамар, рӯпӯшкунии камбудҳо ва чаппа нишон додани воқеиятҳо буд. Баъзе аз рафиқон, мумкин аст, аз мо бипурсанд: аъзои Бюрои сиёсӣ куҷо буданд? Чаро онҳо худ ба мавқеъ ба зидди шахспарастии фардӣ наистоданд? Ва чаро ҳозир ин кор анҷом мешавад? Аввал аз ҳама, аъзои Бюрои сиёсӣ дар замонҳои гуногун нигоҳҳои мухталифе нисбат ба ин масъалаҳо доштанд. Дар ибтидо, бисёре фаъолон аз Сталин пуштибонӣ мекарданд, чаро ки яке аз қавитарин марксистҳо буд ва мантиқи ӯ, қудрати ӯ ва иродаи ӯ, таъсири бузурге ба кори ҳизб дошт. Пас аз марги Ленин ва ба хусус дар солҳои аввал, Сталин фаъолона барои ленинизм ба зидди душманони назарияи ленинӣ ва касоне, ки аз ин роҳ бармегаштанд, меҷангид. Дар он замон ҳизб бояд бо касоне, ки саъй мекарданд кишварро аз роҳи дурусти Ленин хориҷ кунанд, мубориза мекард. Ҳизб бояд бо Тротскийчиҳо ва ростиҳо ва буржуазҳои миллатчӣ мубориза мекард. Баъдтар Сталин ба мубориза бо мардуми содиқи Шӯравӣ шуруъ кард. Талош барои мухолифат бо иттиҳомҳо ва муҳокимаҳои бепоя ба саркӯби мухолиф сабаб мешуд.
-Рафиқон! Барои он ки хатоҳои гузаштаро такрор накунем, Кумитаи Марказӣ мухолифати қатъии худро бо шахспарастии фардӣ эълом мекунад. Мо бовар дорем, ки Сталин беш аз ҳад ситоиш шуда буд. Бо ин вуҷуд, ӯ бешак дар гузашта хадамоти бузурге барои ҳизб, табақаи коргар ва ҷунбиши байналмилалии коргарон анҷом додааст".
Ин иқтибос ва ин гуна саволгузорӣ, тасаввур мекунед, ҳанӯз соли 1955 дар замони Шӯравӣ пеш омад. Ҳоло дар бораи сабабҳои ин ҳодиса назарҳо гуногунанд, аммо он замон як ҳодисаи воқеан нодир маҳсуб мешуд.
Таърихнигори тоҷик Меҳрубон Салимшоев ҳангоми навиштани матлабе дар нашрияи “СССР” аз анҷумани ХХ-и Ҳизби Коммунисти Иттҳоди Шӯравӣ ёдоварӣ намуда, онро "яке аз рӯйдодҳои муҳим ва бесобиқа дар таърихи собиқ СССР" унвон карда буд. Дар ҳақиқат, бори аввал буд, ки дар СССР як масъули сатҳи баланди ҳизбӣ роҳбари собиқи худро сиёҳ ва падидаеро бо номи "шахспарастӣ" ошкор намояд.
Дар таърихномаҳо омадааст, ки ин кор ба ташаббускори он осон даст надод. Роҳбари вақти Ҳизби коммунист (ҲК) Никита Хрушев то соли 1955 тавонист, бо ёрии ҳарбиён мухолифини худро маҳор кунад ва собиқадороне ба мисли Берия, Молотов, Маленков, Каганович ва одамони ба онҳо содиқро, ки ба Сталин наздик буданд, қатл кунад ё ба ҳошия ронад. Гуфта мешавад, дар остонаи баргузории анҷуман тарозуи сиёсӣ дар СССР бо демократикунонии тамоми ҷомеа ҳамроҳ буд, бӯи демократия дар ҳамаи ҷомеаи шӯравӣ танинандоз шуд. Раванди демократитар шудан, пеш аз ҳама ба он бастагӣ дошт, ки дар СССР он шабу рӯз ба вазифаҳои роҳбарикунанда дар роҳбарияти олии ҲК ва ҳамчунин роҳбарияти ҳизб дар ҷумҳуриҳо одамони нав таъин мешуданд.
Инҳо маъмулан аз "горди кӯҳна" фосила дошта, бо воқеаҳои низоми сталинӣ алоқаманд набуданд. Маҳз ин падида сабаби фаъол шудани афкори умумӣ шуд ва роҳбарият мебоист оқибатҳои шахспарастии Сталинро ифшо мекард...
Вақте танҳо аз Эмомалӣ Раҳмон мегӯянд...
Тоҷикистони замони Шӯравӣ, маъмулан “шахспарастии худӣ” надошт ва наметавонист ҳам дошта бошад. Чун он вақт “доҳӣ” танҳо яке буд ва ҳама чӣ аз марказ – Кремл идора мешуд.
Шахспарастие, ки ҳоло дар Тоҷикистон мегӯянд, ба замони истиқлол ва он ҳам иртибот мегирад ба бистсолаи ахир. Дуруст, чунин иддао ва маҳкумнамоӣ мисли Сталин феълан аз ҷониби раҳбари сатҳи баланде сурат нагирифтааст, вале дар миёни мухолифони сиёсии ҳукумат, таҳлилгарону бархе аз намояндаҳои ҷомеа ин мавзӯъ борҳо мавриди баррасӣ қарор дорад.
Вазъ ҳам акнун мисли замони Шӯравӣ нест. Ба ҳар ҳол, дар Қонуни асосӣ сохти давлатдории Тоҷикистон демократӣ унвон шудааст.
Он чи ки моро ба навиштани ин матлаб водор намуд, эълоне буд, ки дар шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” паҳн гашт: “Маркази матбуотии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон: Даври сеюми курси омӯзишии Ҷавонон пайрави Пешвои миллат оғоз мегардад.”
Ҳоло маълум нест, барои ин машғулиятҳо чанд нафар ҳуҷҷат супориданд. Вале, бар асоси ин эълон, дарсҳои курси мазкур дар даҳаи аввали моҳи феврали соли 2020 оғоз гардида, ҳар ҳафта рӯзҳои сешанбе – панҷшанбе панҷсоатӣ идома меёбанд. Махсус таъкид намудаанд, ки “дар доираи курси мазкур шунавандагон аз зодгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз наздик дидан менамоянд”.
Бино ба ин маълумот, ба шунавандагони курси мазкур “роҳбарони вазорату идораҳо, ходимони сиёсӣ, собиқадорони соҳаи хизмати давлатӣ ва шахсиятҳои бонуфузи ҷомеа вобаста ба таҷрибаи омӯхтаи хеш ба ҷавонон муддати ду соат дарс мегӯянд”.
Хабаре, ки дар бораи ин созмони ҷамъиятӣ чанд рӯз пеш нашр шуд, ин аст, ки роҳбарии онро акнун раиси нави Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба ӯҳда хоҳад дошт. Дар ҷаласаи баргузоргардида вобаста ба ин, зикр шудааст, ки ин ташкилот дар мамлакат филиалҳои худро таъсис дода, ҳоло он фарогири 5000 нафар аст.
Дар ҳамин ҳол, расонаҳо ҳанӯз соли 2017 хабар дода буданд, ки омӯзгорони баъзе аз мактабҳои Тоҷикистон ба Вазорати маориф ва илми кишвар пешниҳод додаанд, ки бо таъсиси созмони “Пайрави Пешво” донишомӯзонро ба узвияти он дароваранд. Масъулони вазорат он замон гуфтанд, ин танҳо пешниҳоди омӯзгорон аст, вале ҳанӯз дар сатҳи расмӣ баррасӣ нашудааст. Аммо эҳтимол зада буданд, ки ин идея то соли таҳсили рӯ ба рӯ баррасӣ шавад.
Пас аз ин, дар бораи ташаббуси мазкур чизе гуфта нашуд. Ҳоло маълум нест, ин ҳамон ташаббус асту Кумитаи ҷавонон ва варзиш онро ба зиммаи худ гирифт, ё комилан созмони дигарест?
Ин ва тасмимҳои дигари ҳамсон, аз ҷумла роҳандозии фанни "Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон", ки чанд сол пеш мавриди баррасӣ қарор гирифт, аз ҷониби коршиносон ва намояндагони ҳизбҳои сиёсии мухолифи ҳукумат ҳамеша манфӣ баҳогузорӣ шуда, онро идомаи маддоҳӣ ва шахспарастии раҳбарияти сиёсии Тоҷикистон донистанд ва гуфтанд, ки паёмади он боис ба камэътибор шудани шахсияти президенти Тоҷикистон мегардад. Таҳлилгарон ҳам гуфтанд, ки барҷаста нишон додани танҳо нақши президент аз назари пажӯҳишҳои таърихӣ иштибоҳ аст. Зеро ба гуфтаи онҳо, таърихи 28 соли охири Тоҷикистонро як нафар не, балки гурӯҳҳои мухталифи сиёсӣ, тими ҳукумат, роҳбарони дигари таъсиргузор ва низ мухолифони собиқ сохтаанд.
Вақте тавозун аз байн рафт...
Албатта, ҷонибдорони Эмомалӣ Раҳмон сахт мутмаинанд, ки онҳоро ба хушомадгӯиву тамаллуқзанӣ ва ҷараёни фаъолро шахспарастӣ ном бурдан ҷоиз нест, чун танҳо хизматҳоеро ном мебаранд, ки ӯ дар зарфи 28 соли раҳбарии бефосилааш анҷом додааст. Аммо як чиз яқин аст: ин ҳама ибтидо мегирад ба оғози солҳои 2000 – замоне, ки суботи нисбӣ дар Тоҷикистон ҳосил шуд - нерӯҳои сиёсӣ – низомии мухолиф бо ҳукумат созиш бастанд, қумандонҳои машҳури ҳарду ҷониб ба ҳаёти мулкӣ баргаштанд, ё зиндониву кушта шуданд, дар порлумон тақрибан шахсият ва гурӯҳҳои фаъоле боқӣ намонда буданд, ки бо ҳукумат ва шахсан Эмомалӣ Раҳмон “ҳафту ҳашт” кунанд.
Аз ҳама муҳимаш, маҳз дар ин давра аввалин пайвандони президент ба мансабҳои давлатӣ таъин гаштанд, ё дар бораи тиҷорату сармояи онҳо баҳсҳо пайдо шуд.
Бо ин вуҷуд, соли 2001, вақте аввалин нишонаҳои шахспарастӣ дар Тоҷикистон аз худ дарак дод, ӯ зуд вокуниш нишон дод: вақте раисони шаҳру ноҳия ва ҳатто хоҷагиҳои кишоварзӣ аксҳои бузурги Эмомалӣ Раҳмонро бо худ насб карданд, амр шуд, ки аз ин кор ҷилавгирӣ гардад. Аммо ин амри президент натиҷаи дигар дод. Акнун масъулон ин амри ӯро таъриф мекарданду ба ин маъно мегуфтанд, ки “Президенти мо он қадар самимӣ ва хоксор аст, ки моро намегузорад ӯро таъриф намоем”. Он замон таъбири “Ҷаноби олӣ” ҳанӯз оммавӣ нагашта буд.
Пешопеши 8-уми марти соли 2005, вақте бо занҳо мулоқот дошт, бонуе пешниҳод кард, ки ба ҳамсари президент раисии Кумитаи занҳоро вогузоранд. Ҷаноби президент аз рухдодҳои ахири Қирғизистон дар моҳи марти ҳамон сол ва инқилоби аввалини он мисол оварду гуфт, вақте пайвандони раҳбари давлат ба корҳои сиёсӣ таъсиргузор мешаванд, оқибати хуб надорад. Воқеан, пешопеши ин инқилоб қирғизҳо гирдиҳамоиҳо мекарданду шиор мезаданд: “Майрам Акаева - истеъфо!” Ҳарчанд ҳамсари Акаев ягон мақоми расмии давлатӣ надошт, аммо гуфта мешуд идораи аслии давлат дар дасти ӯст.
Дар ҳамон мулоқот бо бонувон буд, ё кадоме дертар, ки Эмомалӣ Раҳмон гила кард: “Овоза кардаанд, ки ТВ “Сафина”-ро ба номи набераам гузоштаам. Ҳол он ки наберае бо ин ном надорам!”
Вақте дигар вокунише сурат намегирад...
Ба назар мерасид, ки он замон аз чунин равандҳои навроҳ ё воқеан хушаш намеомад, ё ҳаводиси кишварҳои ҳамсоя президенти Тоҷикистонро беташвиш намегузошт. Як нуктаи бисёр муҳим аст, ки маҳз аз соли 2006 савганди садоқати кормандони низомӣ ба номи президент қонунӣ шуд. Хуб, инро мешуд дар ҳошияи ҳаводиси минтақа ё аввали солҳои истиқлоли Тоҷикистон, ки артиш ва масъулини баландпояи интизомӣ аз фармонҳои раҳбари мамлакат сарпечӣ карданд, баҳогузорӣ кард. Аммо аз моҳи июни соли 2016 акнун кормандони тозатаъини ҳукумат ҳам бо номи президент савганд ёд мекунанд ва ҳини қабули Эмомалӣ Раҳмон ҳатман даст пеши бар мегузоранд.
Пештар аз ин – сентябри соли 2015 сиёсатмадори дар замонаш таъсиргузор ва яке аз аввалин мухолифони сиёсии Эмомалӣ Раҳмон, ки то соли 2000 ҳизбе бо номи аграрӣ дошту онро бо қарори суд мамнӯъ эълон карданд – Ҳикматулло Насриддинов пешниҳод кард, ки дар Душанбе муҷассамаи президентро гузошта, ӯро дуюмбора Қаҳрамони Тоҷикистон эълон кунанд. Феълан ба Эмомалӣ Раҳмон на унвонро дубора додаанд, на муҷассамаашро гузоштанд. Вале чанд сол пеш дар ноҳияи Ҳисор муҷассамаи китоби ӯ “Тоҷикон дар оинаи таърих” аллакай қомат афрохт.
Январи соли 2016 Абдуллоҳи Муҳаққиқ, коршиноси масоили мазҳабӣ, дар сомонаи хабаргузории расмии “Ховар” пешниҳоди наве барои боло бурдани мақоми ҳамсари президенти Тоҷикистон –Азизамоҳ Раҳмонова намуд. Ӯ ҳамсари президентро ба Ҳазрати Оиша шабоҳат дода, пешниҳод кард, ки бонуи аввали Тоҷикистон “пешвои занони исломӣ” унвон шавад. Далелаш ин будааст, ки Азизамоҳ Раҳмонова аз нахустин занони кишварҳои Осиёи Марказист, ки вориди Каъбатуллоҳ шуд ва дар он ҷо намоз хонд.
Феврали соли 2017 раиси ширкати "Тоҷиксуғурта" дар ноҳияи Шаҳринав ва як сокини вилояти Суғд ба порлумони Тоҷикистон пешниҳод карданд, то дар пули 1000 сомонӣ акси Эмомалӣ Раҳмон нашр шавад.
Ҳамон шабу рӯз буд, ки дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон бо пешниҳоди сокинони маҳаллӣ номи деҳае ба ифтихори президент "Раҳмонобод" гузошта шуд, ҳол он ки то ин замон расми номгузорӣ кардани макон ё шаҳре ба ифтихори шахси зинда роиҷ набуд.
Аммо ба ин ва пешниҳодоту ҳолатҳои дигар, ки зикрашон накардем, Эмомалӣ Раҳмон вокунише накард...
Вақте президентро “Қуръони миллат” мегӯянд...
Дар маҷмӯъ, коршиносон аз 10 нишонае мегӯянд, ки дар Тоҷикистон ҳоло вуҷуд доранду шахспарастиро маънӣ медиҳанд:
- Пайдо шудани қонунҳои хос, ки президент ва аҳли оилаашро дахлнопазир мегардонанд;
- Унвону номгузориҳои нав ба нав ба ӯ;
- Маҳз ба зодрӯзи ӯ бурдани бархе ҷашнҳои таърихӣ (масалан қонун “Дар бораи забони давлатӣ”) ва гоҳе мазҳабӣ (кадом як иди Рамазон ё Қурбонро маҳз ба рӯзи мавлуди президент мувофиқ кунониданд, ҳарчанд олами ислом онро як рӯз пеш таҷлил кард);
- Аксҳои аз ҳад зиёдаш дар тамоми мамлакат;
- Иқтибосҳои гуногун аз суханрониҳо;
- Даст пеши бар намудани мансабдорону мардуми оддӣ ҳангоми дидор бо президент;
- Пешвозгириҳои хос, қолинпартоиҳо ҳатто дар даруни саҳро;
- Пеш аз сафар бастани роҳҳо;
- Ҳама чиро дар ҷумлаи “Таҳти сиёсати хирадмандонаи...” ҷамъбаст кардан;
- Шеър, суруд ва китобҳои бешумор дар васфаш.
Дар ҳамин ҳол, баъзе аз сокинон зимни муроҷиат ва ё зикри номи Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоташ бо мардум, президентро баъзан “шоҳ”-у “подшоҳ”, “султон” ва “сарвар”, “Қуръони миллат”, “Шоҳсутуни Тоҷикистон”, “Мушкилкушои миллат”, “Марди Худодод”, “Раҳмони миллат”, “Офтоби бахт” ном мебаранд.
Сабабҳои асосии чунин тарзи идеологиясозиро коршиносон ба чанд омил вобаста медонанд. Пеш аз ҳама, чунин сиёсат ба он равона шудааст, ки мақому ҷойгоҳи Эмомалӣ Раҳмонро барои насли нав ҳам муаррифӣ намоянд ва дар дили онҳо муҳаббат ба раҳбари кишварро ҷо диҳанд.
Як сабаби дигарро ба манфиатҷӯии мансабдорону атрофиёнаш нисбат медиҳанд, ки ин корҳоро анҷом дода, мақому дороиҳои худро ҳифз мекунанд. Шояд даҳ сол қабл сармуҳаррири нашрияи “Азия-Плюс” Умед Бобохонов дар як матлабаш навишта буд, ки ин гунаҳо мехоҳанд аз президент як муҷассама созанд ва ба ӯ хизмати хирсона карда, корҳои худро пеш баранд.
Аммо сабаби аслие, ки таъкид мешавад, дигар аст: дар Тоҷикистон тавозуни сиёсӣ аз байн рафтааст ва ин ҳатман барои пайдоиши шахспарастӣ мусоидат мекунад!
Воқеан, чанд сол пеш вақте Эмомалӣ Раҳмон институти мушовирони давлатиро барҳам доду онҳоро мақоми ёрдамчӣ дод, назарҳое пеш омаданд, ки акнун ӯ худро ончунон қавӣ меҳисобад, ки ҳатто ба машварат ниёз надорад!
Вақте муаррифӣ дар пояи овозаву гуфтаҳои мардум сурат мегирад...
Зимнан, як масъалаи дигар ҷо дорад, ки ба гузаштаи Шӯравӣ мансуб аст. Ҳангоми сафари аввали расмии Эмомалӣ Раҳмон ба Амрико дар соли 2003 гуфта шуд, ки ӯ мисли раҳбарони дигари пасошӯравӣ номенклатураи он замонро пушти сар накардааст ва эҳтимоли бештар зуҳур кардани демократизм дар ӯ имкон дорад, аммо ҳоло бардошту шаклҳои идеологии ҳукуматаш ба ҳамон давра монанд мешавад. Ҳатто баъзан сахттар аз он...
Идеологҳои номуваффақ низ як ҷузъи ҳамин раванд дониста мешаванд. Дар ин замина, аввалин шинохти мардуми Тоҷикистон ва берун аз он низ ба назари таҳлилгарон мешавад гуфт барои ҷо шудани ҷараёни шахсиятпарастӣ дар аҳди Эмомалӣ Раҳмон бавосита ё бевосита таъсир доштааст.
Аввалин бардошт аз иҷлосияи 16-уми Хуҷанд аст, ки ӯ гуфт аз оилаи сарватманд нест ва пайвандони зиёд ҳам надорад. Тимсоли як мансабдори начандон доро ӯро ба зудӣ маҳбуб гардонд. То солҳои 2000 русҳо китобе дар бораи Эмомалӣ Раҳмон таҳия карда буданд, ки “Дорога к согласия” ном дошт ва дар он ӯ як шахсияти самимӣ, мардумӣ ва начандон доро арзёбӣ шудааст. Ба нақли қавл аз ӯ, ишора мешавад, ки хонаи аввалини худро ҳамроҳ бо ҳамсараш сохтааст. Яъне Азизамоҳ Раҳмонова лой медод ва ӯ девор мекард. Баъд қиссаҳое дар бораи бародараш намуд, ки дар аскарӣ фавтид, вале бо сабаби нодорӣ натавонистанд ӯро ба зодгоҳ биёранд.
Дар рӯзҳои аввали ба сари қудрат омаданаш бошад, овозаҳои махсус сохташуда, ё самимона изҳорнамудаи мардум нисбати президент дигар буд: ӯ зеботарин президент байни раҳбарони кишварҳост!
Муҳаққиқи чех Словомир Горак, ки рисолае таҳти унвони “Идеологияи пешво дар Тоҷикистони пасошӯравӣ” таҳия кардааст, аз гуфтаҳои мардумие ёдовар мешавад, ки шояд онҳоро касе шунида бошад: Пешопеши интихобаш дар иҷлосияи 16-ум кадом як ҳамсояи Эмомалӣ Раҳмон себи тиллоиеро хоб мебинад, ки дар осмони Данғара парвоз дорад. “Одами бахосият” як образи дигарест, ки дониста ё нодониста дар бораи Президенти Тоҷикистон офарида шудааст.
“Бо пои қадами Ҷаноби олӣ...”, ки дар гузоришҳои телевизионӣ пас аз сафарҳои ӯ мардум мегӯянд ва ҳамаи пешрафтҳоро ба омадани ӯ нисбат медиҳанд, эҳтимолан баромада аз ҳамон ҷост. Чанд сол пеш, журналисти русе навишт, ки пас аз сафарҳои президенти Тоҷикистон барои пойандозҳои зери пои ӯ байни занҳо ҷанг мешавад: “мо ин пораҳои матоъро барои тӯйи фарзандонамон мегирем, ки мисли ӯ сарватманду ҳукуматдор бошанд!”.
“Президенти нотарс” як тимсоли вижа барои Эмомалӣ Раҳмон аст. Ин ки дар замони душвор ба Афғонистон рафту бо мухолифони пурсилоҳаш вориди музокира шуд, ё дар Бадахшону Хуҷанд ба ҷонаш сӯиқасад карданд, аммо новобаста аз ин ба мулоқоти мардум баромад, ҳолатҳое ҳастанд, ки ҳатто мухолифонаш дар ин бора ишора мекунанд. Аммо, вақте “дастзеркунак” бо президенти Амрико Трампро ба сархати хабарҳо қарор доданӣ мешаванд, маънии дигаре мегирад. Ин ҳам як навъи таблиғ аст.
Мисли ин, чандин ҳолатҳои дигар ҷо доранд: “ ӯ доност” (ба ҳама машварат медиҳад, масалан ҳатто Путин аз вазиронаш ин ё он масъаларо пурсон мешавад, вале Эмомалӣ Раҳмон ба ҳама, он тавре бахши матбуотиаш менависад, “маслиҳати муфид дод”), “ӯро сарвари ҳама кишварҳо эҳтиром мекунанд” (“дидед, ки Эмомалӣ Раҳмонро аз фурудгоҳ шахсан Путин, ё фалонӣ...пешвоз гирифт) – одамон шояд намедонанд, ки ин танҳо расмиёти протоколист, вале чунин ҷузъиётро шабакаҳои телевизионии кишварҳои пешрафта нишон намедиҳанд)...
Ҳарчӣ ҳаст ё не, аз соли 2016 дар Тоҷикистон ба Қонуни асосӣ тағйиру иловаҳо ворид намуданд ва баъдан қонуни махсусе ҳам таҳия намуданд, ки бар асоси он унвони Пешвои миллат расмӣ гашт ва аз раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва фарзандонаш аз ҳуқуқи хос бархӯрдор шуданд.
Соле пас аз он ба хабарнигорони расонаҳои давлатии Тоҷикистон супориш шуд, ки минбаъд ҳангоми муаррифии президент таъбири “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон”-ро ҳатман зикр кунанд.
Таъбире, ки як бор талаффуз карданаш каму беш 7 сонияро дар бар мегирад.
Тасаввур намоед, ки даҳҳо шабакаи радиоиву телевизионӣ дар як рӯз ин гуфтаро садҳо бор такрор мекунанд.
Натиҷа чӣ ҳосил мешавад?