Дар ин шабу рӯзе, ки сокинони Италия зери реҷаи шадиди карантин ҳастанд ва ин кишвар аз хуруҷи короновирус беш аз дигар давлатҳо қурбонӣ медиҳад, як овозхони ҷавони тоҷик бо таронасароӣ аз айвони манзили зисташ талош дорад ҳамсояҳои итолиёвиашро рӯҳбаланд созад.
Бинобар иттилои охирин дар Италия наздик ба 60 ҳазор нафар гирифтори бемории COVID -19 шуда, то санаи 23-уми март 5476 нафар фавтидаанд.
Шоҳрух Юнусов, овозхони ҷавони тоҷик, донишҷӯи Консерваторияи давлатии ба номи Ҷузеппе Верде дар шаҳри Милан чанд рӯз боз инҷониб шомгоҳон аз айвони манзили зисташ суруд месарояд, то ҳамсояҳо андаке аз афсурдагии реҷаи каратин ва хабарҳои нохуш раҳо шаванд.
Юнусов, ки рӯзи 23-уми март ҳангоми танаффус дар миёнаи дарсҳояш бо Радиои Озодӣ ҳамсӯҳбат шуд, гуфт, чанд рӯз боз инҷониб соати 6-и бегоҳ аз айвони ҷойи зисташ суруд месарояд ва ҳамсоягонаш инро хеле хуб пазируфтанд.
Ӯ гуфт: "Дар Италия ду ҳафта боз реҷаи каратин амал мекунад, бидуни зарурат берун баромадан мумкин нест. Ман аз шабакаҳои иҷтимоӣ дидам, ки дар баъзе шаҳрҳо мардум барои болидарӯҳии якдигар суруд месароянд. Ман низ як бегоҳ баромадаму сурудам. Хостам ҳамсояҳоро каме болидарӯҳ созам. Бинам ҳамсояҳо як-як баромаданд ва сурудани маро ба хушӣ пазируфтанд. Акнун ҳар бегоҳ соати 6 ҳамсояҳо номи маро садо мекунанд, ки барояму сароям".
'O Sole Mio'- Офтоби ман
Шоҳрух Юнусов нахуст суруди 'O Sole Mio'-ро аз айвони хонааш сароид ва ба қалби ҳамсояҳояш, ки ҳамагӣ дар каратнин ҳастанд, роҳ ёфт. Ин тарона барои аксар итолиёвиҳо ошност ва онро овозхони маъруфи он кишвар Лучано Павароттӣ сароидааст. Юнусов мегӯяд, ин тарона бо лаҳҷаи Наполетанӣ офарида шудааст, суруди классикӣ ба шумор меояд, аммо барои аксарият ошност.
"Се сол боз инҷоям, аммо то ҳол ҳамсояҳоро намешинохтам, ман банди таҳсил, онҳо банди кори худ буданд. Аммо акнун шинос шудем, ҳамсояҳо рақами телефонамро хостанд, пурсиданд, ки аз куҷоям. Навори таронасароии ман дар миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Италия хеле паҳн шуд. Даҳҳо нафар ба ман паёмҳои нек менависанд ва мепурсанд аз куҷоям. Мегӯям Тоҷикистон, аммо аксарият номи кишвари моро намедонанд. Аммо фикр мекунам, ки баъди посухи ман онҳо аз интернет дар бораи Тоҷикистон бештар маълумот пайдо мекунанд. Ба ҳамин восита каме ҳам бошад Тоҷикистон барои итолиёвиҳо муаррифӣ шуд".
Юнусов мегӯяд, ду ҳафта боз мисли дигар сокинони Италия таҳти реҷаи карантин дар хона қарор дорад. "Аммо таҳсил дар донишгоҳ тавассути интернет идома дорад, ба ҷуз аз машғулиятҳои амалӣ аксарияти дарсҳои назариявиро тавассути интернет меомӯзем",-иброз дошт ӯ.
Юнусов мегӯяд, барои харидани хӯрок ба берун баромадан мумкин аст ва дар мағозаҳо ҳам гуна хӯрок вуҷуд дорад. Танҳо на бештар аз 10 нафар метавонанд дар мағоза бошанд. "Дар назди дари фурӯшгоҳҳо одамон навбат мепоянд ва масофаро риоя мекунанд (на камтар аз 2 метр). Ниқобҳои тиббӣ камчинанд, аммо мақомоти Италия таъкид карданд, ки масофаро риоя бояд кард ва доштани ниқоб шарт нест",-мегӯяд Юнусов.
Хуруҷи короновирус дар Вухони Чин ва густариши якбораи он дар Италия ба мисли дигарон волидони Юнусовро ҳам дар ташвиш гузошт. Ӯ мегӯяд, хабарҳои хуруҷи вирус дар Италия волидонашро ошуфта мекард ва борҳо ба ӯ занг зада хоҳиш карданд, ки баргардад.
"Лекин ман тасмим гирифтам, ки дар ин шароит барнагардам. Чунки хавфи сироят ёфтан дар фурудгоҳҳо ва ҳавопаймоҳо хеле зиёд аст. Ман ин ҷо мондам, ҳама дастурҳои мақомоти беҳдоштии Италияро риоя мекунам. Бо волидонам қариб ҳар рӯз аз хона истода суҳбат мекунам".
Юнусов мегӯяд, бо дастури президент Эмомалӣ Раҳмон барои таҳсил ба Милан фиристода шуд ва айни ҳол бо забони итолиёвӣ балад аст.
Хуруҷи короновирус ӯро аз машғулиятҳои амалӣ дар консеватория маҳрум кард, аммо ғайримунтазира айвони хонааш барояш минбаре наве шуд ва даҳҳо сокинони биноҳои 4-ошёнаи гирду атроф ҳар шом мунтазири сароидани ӯ мешаванд.