Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Э.Раҳмон маоши якмоҳаашро ба муқобила бо КОВИД-19 дод, вале маълум нест, ки чанд сомонист


Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, маоши якмоҳаи худро ба маъракаи пешгирӣ аз паҳншавии COVID-19 ва мубориза бо ин бемории ҳамагир додааст.

Дар ин бора дафтари матбуоти президент рӯзи 1-уми май иттилоъ дод, вале андозаи маоши ӯро эълон накард.

Президент Раҳмон ҳамчунин бо дастури дигар барои кумак ба пизишконе, ки бо гирифторони КОВИД-19 ва шахсони зери карантин кор мекунанд, аз ҳисоби Фонди захиравӣ 12 миллиону 400 ҳазор сомонӣ ҷудо кардааст.

Ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 30-юми апрел эълон кард, ки 15 нафар ба коронавирус сироят шудаанд.

Даҳ нафари онҳо дар вилояти Суғд ва панҷ каси дар шаҳр Душанбе ҳастанд, вале дар бораи чӣ гуна сироят шудани онҳо маълумоте дар даст нест.

Тоҷикистон аз нимаи моҳи март марзҳоро баста, онҳоеро, ки бо парвозҳои чартерӣ аз хориҷ меомаданд, ба карантини дуҳафтаина мегирифт.

Мақомот то ин дам бештар шудани шумори беморон дар шифохонаҳои кишвар, фавти пайиҳами чанд нафар ва дафни шитобкорона ва боэҳтиёти онҳоро ба илтиҳоби шуш рабт медоданд.

XS
SM
MD
LG