Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даҳҳо корманди Хадамоти гумрукро аз вазифа барканор кардаанд


Хуршед Каримзода, раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон (аз тарафи чап) дар нишасти хабарии 30-юми июл
Хуршед Каримзода, раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон (аз тарафи чап) дар нишасти хабарии 30-юми июл

Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар пайи санҷиш ё аттестатсия даҳҳо кормандашро аз кор озод карда, гурӯҳеро ба вазифаҳои поинтар таъин кардааст. Охирҳои соли гузашта шуморе аз кормандони Хадамоти гумрук барканориашон дар пайи аттестатсияро беасос хонда буданд.

Хуршед Каримзода, раҳбари Хадамоти гумруки Тоҷикистон рӯзи 30-юми июл зимни нишасти хабарӣ гуфт, дар пайи имтиҳон 118 корманди ин ниҳод аз кор ронда шуда, 36 нафари дигар ба вазифаҳои пасттар таъин шуданд.

"Дар инҷо аз корманди оддӣ сар карда, то сардорони дидбонгоҳи марзӣ буданд. Дар аттестатия аъзои комиссия аз дастгоҳи раисиҷумҳур ҳам ҳузур дошт. Мо ба кори аттестатсия ягон эрод надорем",-афзуд ӯ.

Ба гуфтаи Хуршед Каримзода довталабони кор дар Хадамоти гумрук, дар асоси озмун, ки дар се давра баргузор мегардад ва аз рӯи касбият, қабул карда мешаванд.

Хадамоти гумрук яке аз ниҳодҳои муҳим барои пур кардани буҷаи Тоҷикистон аст. Коршиносон мегӯянд, ҳар қадаре кор дар ин бахш шаффоф сурат гирад, ҳамон андоза буҷа фоида мебинад.

"Дар озмуни ахир 69 воҳиди корӣ эълон карда будем. 105 нафар ҳуҷҷат супорид, аксарияташ гардонида шуд, чун сатҳи дониши довталабон паст буд ва аз озмун нагузаштанд. Бори авал дар як озмуни гумрук ҷойҳои холии корӣ пур нашуданд",-афзуд ӯ.

Аттестатсия дар раёсатҳои Хадамоти гумруки Тоҷикистон баъд аз интиқоди президент аз кори маъмурони гумрук дар моҳи майи соли гузашта оғоз шуд. Яке аз пурсарусадотарин хабар аз ин маҷлис зери истинтоқ қарор гирифтани Шаҳбоз Раҷабзода, сардори дидбонгоҳи гумрукии Душанбе аз тарафи президент буд. Раиси ҷумҳур гуфт, ин корманди гумрук дар тақрибан ду соли кораш 16 бор ба хориҷа рафта, соҳиби хонаву мошинҳо шудааст, вале афзуд, ӯро ба хотири ҷавонияш ба зиндон намеандозад.

Мақомот дертар гуфтанд, ки ӯро аз кор ронданд. Баъдан дар бораи ба кори нав таъйин шудани Шаҳбоз хабарҳои гуногун нашр шуданд, вале мақомот онҳоро шарҳ надоданд.

Баъди он аттестатсия ё санҷиши кормандони гумрук низ сар шуд ва дар ҷараёни он намояндагони ниҳодҳои гуногун, аз ҷумла Дастгоҳи иҷроияи президент, Оҷонси мубориза бо фасод ва Оҷонси хидмати давлатӣ иштирок карданд. Дар ин пай бархе аз кормандони озодшуда аз вазифа ба додгоҳ шикоят карда аз кор ронда шуданашон, беасос хонда буданд.

Баҳси шаффофияти аттестатсияҳо аз масъалаҳоест, ки борҳо мавриди интиқоди таҳлилгарон қарор гирифтааст. Бо вуҷуди аз мақом озод намудани кормандон дар натиҷаи аттестатсия, ҳолатҳои додгоҳӣ ва расонаӣ намудани қазияи барканорияшон аз сӯи сокинон кам ба назар мерасад.

Бархе аз сокинон ба шаффофияти додгоҳӣ бовар надоранд ва гурӯҳе аз расонаӣ шудани қазияи барканорияшон ҳарос доранд. Моҳи гузашта палатаи поёнии порлумон бо тағйирот ба қонун ҷазо додани маъмурони андоз ва гумрук барои қасдан кам ё зиёд ҳисоб кардани пардохтҳои давлатиро қабул кард. Нозироне, ки ин амали маъмурони андоз ва гумрукро ошкор карда, рӯи он боз сарпӯш мегузоранд ҳам бар асоси тағйироти тоза ҷазо хоҳанд гирифт. Аммо ҷазо на зиндон, балки ҷарима аз 5800 то 11 600 сомонӣ аст.

То ин вақт қонунгузории Тоҷикистон барои кам ё рӯйпӯш кардани андоз ва пардохтҳои гумрукӣ асосан соҳибони молро ҷарима мекард. Вале мақомот мегӯянд, солҳои ахир ҳолатҳои зиёдеро ошкор кардаанд, ки кормандони андоз ва гумрук худ даст ба фасодкорӣ зада, пардохтҳои давлатиро қасдан кам ҳисоб мекунанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG