Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ошкор шудани 89 млн сомонӣ зарари молӣ дар ниҳодҳои будҷавии Тоҷикистон


Бинои Палатаи ҳисоб.
Бинои Палатаи ҳисоб.

Масъулини Палатаи ҳисоби Тоҷикистон мегӯянд, ки дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ дар фаъолияти вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва дигар ниҳодҳои буҷавӣ 89 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор шудааст. Ин зиёни молиявиро мақомоти Палатаи ҳисоби Тоҷикистон бар асоси беш аз 111 тафтишу санҷишҳои молиявӣ ошкор кардаанд.

Қарахон Чиллазода, раиси ин ниҳод рӯзи 16-уми июл дар нишасти матуботӣ гуфт, ки наздики 77 миллион сомонӣ зиёни молӣ ба будҷаи давлат ва ба суратҳисоби корхонаву муассисаҳо барқарор гардидааст. Масъулини ин ниҳод гуфтанд, тақрибан дар ҳамаи вазорату идораҳои Тоҷикистон камбудӣ ошкор шуд.

Ба гуфтаи Қарахон Чиллазода, дар нимсолаи аввали соли равон дар сохторҳои вазорати энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон ба андозаи 479 ҳазор сомонӣ, дар сохторҳои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон 15 миллион сомонӣ, Вазорати саноат ва технологияҳои нав 1,2 миллион сомонӣ, Хадамоти гумрук 3,6 миллион сомонӣ, Кумитаи андоз 1,1 миллион сомонӣ ошкор гардид.

"Ҳамин гуна норасоиҳо дар Кумитаи замин ва геодозии Тоҷикистон ба андозаи 178 ҳазор сомонӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зист 218 ҳазор сомонӣ Кумитаи дин танзими анъана ва ҷашну маросимҳо - 367 ҳазор сомонӣ, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ назди ҳукумати Тоҷикистон - 686 ҳазор сомонӣ, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа - 198 ҳазор сомонӣ, Агентии беҳдошт 104 ҳазор сомонӣ, агентии хариди мол коло ва хизматрасонӣ - 2,5 миллион сомонӣ, Агентии авиатсияи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон - 2,3 миллион сомонӣ, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми Тоҷикистон 178 ҳазор сомонӣ ва муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” - 105 ҳазор сомонӣ ошкор карда шуд",-афзуд Чиллахон Қараев.

XS
SM
MD
LG