Сафорати Русия дар Тоҷикистон рӯзи 23-юми нобяр гуфт, ширкати “Уралские авиалинии" дар мувофиқа бо мақомоти Тоҷикистон парвозҳои чартериро оғоз кард.
Ин ширкат аз се шаҳри Тоҷикистон, мисли Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб мусофиронро ба 7 шаҳри Русия мебарад.
Ба гуфтаи намояндагони ширкати "Уралские авиалинии" дар Тоҷикистон, нархи чиптаҳо аз шаҳрҳои кишвар ба Русия ҳудуди 7 ҳазор сомонӣ аст. Аммо вобаста ба масири павроз ин нарх каму зиёд мешавад.
Дар ин парвозҳо танҳо шаҳрвандони Русия ва онҳое, ки асос барои ворид шудан ба хоки ин кишварро доранд, роҳ дода мешаванд.
Мувофиқи ҷадвали тасдиқшуда парвози ҳавопаймоҳои ширкати “Уралские авиалинии" аз ин қарор хоҳанд буд.
Душанбе – Москав (фурудгоҳиЖуковский), ҳафтае як бор рӯзи якшанбе,
Душанбе – Қазон, ҳафтае як бор, рӯзи душанбе;
Душанбе – Красноярск, ҳафтае як бор, рӯзи душанбе ;
Душанбе – Самара, ҳафтае як бор, рӯзи сешанбе;
Душанбе – Санкт-Петербург ҳафтае як бор, рӯзи сешанбе;
Душанбе – Уфа ҳафтае як бор, рӯзи душанбе ;
Хуҷанд – Москав (фурудгоҳи Жуковский), ҳафтае як бор, рӯзи душанбе ;
Хуҷанд – Красноярск , ҳафтае як бор, рӯзи душанбе ;
Хуҷанд – Самара, ҳафтае як бор рӯзи якшанбе,
Хуҷанд – Санкт-Петербург, ҳафтае як бор , рӯзи ҷумъа
Кулоб – Москав ҳафтае як бор, рӯзи шанбе
Дар ин парвозҳо ба таъкиди сафорати Русия дар Тоҷикистон, танҳо шаҳрвандони Русия метавонанд парвоз кунанд. Шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон, ба ин парвозҳо роҳ дода намешаванд.
Ин дар ҳолест, ки парвозҳои чартерӣ аз Русия ба Тоҷикистон аз моҳи март инҷониб идома доранд. Фурӯши чиптаҳо озоданд ва номнависӣ дар сафорати Тоҷикистон дар Маскав хотима ёфт. Ҳоло дар як рӯз панҷ парвози чартерӣ аз Русия ба Тоҷикистон анҷом мешавад: се парвоз аз Маскав ба Душанбе ва ду парвоз аз дигар шаҳрҳои Русия.
Парвозҳои мунтазам миёни Тоҷикистон ва Русия аз 20-уми март ба ин тараф бастаанд ва санаи оғози дубораи парвозҳои маъмулӣ ҳанӯз норӯшан аст.