Ширкатҳои ҳавопаймоии Русия барои дарёфти иҷозаи парвозҳои чартерӣ аз Тоҷикистон ба Русия дархост додаанд.
Сафорати Русия дар Тоҷикистон рӯзи 5-уми ноябр иттилоъ дод, ки ширкати ҳавопаймии "Ютейр" барои анҷоми ду парвози чартерӣ дар як ҳафта -- як парвоз дар масири Душанбе- Маскав ва парвози дигар аз шаҳри Хуҷанд ба Сургут, ба мақомоти Тоҷикистон муроҷиат кардааст.
Ҳамчунон ба гуфтаи сафорат, ширкати "Уралские авиалинии" низ ният дорад барои дарёфти иҷозаи парвози чартерӣ дар рӯзҳои наздик ба мақомоти Тоҷикистон муроҷиат кунад.
Ҳанӯз мақомоти Тоҷикистон ба ширкатҳои русӣ барои анҷоми парвозҳои чартерӣ иҷозат надодаанд. Дар сурати иҷозат шудани ин парвозҳо низ ба таъкиди сафорати Русия дар Тоҷикистон, ба ин парвозҳо танҳо шаҳрвандони Русия метавонанд парвоз кунанд. Шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон ба ин парвозҳо роҳ дода намешаванд.
Сафорат аз қавли Хадамоти марзбонии Русия навиштааст, ки ҳатто онҳое, ки ҳаққи иқомати Русияро доранд (вид на жительство) ба қаламрави Русия роҳ дода намешаванд.
Дар сурати оғоз шудани ин парвозҳо, фурӯши чиптаҳо ба гуфтаи сафорат, озод ба роҳ монда мешавад.
Ин дар ҳолест, ки парвозҳои чартерӣ аз Русия ба Тоҷикистон аз моҳи март инҷониб идома доранд. Ҳоло дар як рӯз панҷи парвози чартерӣ аз Русия ба Тоҷикистон анҷом мешавад: се парвоз аз Маскав ба Душанбе ва ду парвоз дигар шаҳрҳои Русия.
Парвозҳои мунтазам миёни Тоҷикистон ва Русия аз 20-уми март ба ин тараф бастаанд ва санаи оғози дубораи парвозҳои маъмулӣ ҳанӯз норӯшан аст.