Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

БОР аз Тоҷикистон хост, ба сарнавишти муҳоҷирони корӣ бетараф набошад


Муҳоҷирони тоҷик дар Русия.
Муҳоҷирони тоҷик дар Русия.

Дар як гузориши тозанашр Бонки Осиёи Рушд гуфтааст, муҳоҷирони кории тоҷик аз сӯи кордиҳандагон истисмор мешаванд ва аз ҳукумати Тоҷикистон даъват кардааст, ки ба тақдири муҳоҷирони корӣ бетараф набошад.

Муаллифони ин гузориш гуфтаанд, ҳукумати Тоҷикистон бояд раванди муҳоҷиратро танзим ва аз ҳуқуқи онҳо дар хориҷа дифоъ намояд. Бонк ба Тоҷикистон тавсия додааст, ки дар амри ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирони кориаш аз таҷрибаи кишварҳои осиёӣ пайравӣ кунад.

Дар ин гузориш гуфта шудааст, ки муҳоҷирони корӣ нерӯи асосии пешбарандаи иқтисоди Тоҷикистон ҳастанд ва бинобар заҳмати онҳо, сатҳи фақр дар кишвар таҷриҷан поин меравад. "Муҳоҷират мизони бекориро кам карда, воридоти пулро ба кишвар бештар мекунад. Интиқолҳои пулии муҳоҷирон соли 2019 ба 2,7 миллиард доллар расидааст, ки 33,4 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад", омадааст дар гузориш.

Ба навиштаи муаллифон, дар Тоҷикистон ҷойиҳои навӣ корӣ ба қадри кофӣ эҷод намешавад, ки ҳама коргаронро таъмин карда тавонад. Аз ин рӯ, ҳар сол беш аз ним миллион нерӯи корӣ аз Тоҷикистон ба муҳоҷират мераванд.

Дар гузориш гуфта мешавад, ки аксарияти муҳоҷирон (85 дарсад) сокинони деҳот ва синашон аз 15 то 44-сола ҳастанд, ки ба муҳоҷират меравад. Аксарияти кулли муҳоҷирони кории тоҷик (98 дарсад) барои дарёфти кор ба Русия мерафтаанд.

Иқтисоддонҳои Бонки Осиёии Рушд хулоса кардаанд, ки реҷаи сафар бидуни виза, муштаракоти забониву фарҳангӣ ва таҷрибаи зисти якҷоя дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ ва маоши ба маротиб болотар аз Тоҷикистон, боис шудааст, ки муҳоҷирон рӯ ба Русия оранд.

Аммо аксари муҳоҷирон дар Русия чун бинобар надоштани касбу тахассус ва надонистани ҳуқуқ ба мушкилоти зиёд дучор мешаванд ва аз ночорӣ дар шароити сахт кор мекунанд. Бонки Осиёи Рушд мегӯяд, кордиҳандагон, кормандони пулис ва гурӯҳҳои ҷиноятпеша дар Русия аз ночории муҳоҷирон сӯистифода карда, аз онҳо пул меситонанд.

Дар ин гузориш гуфта мешавад, ки муҳоҷирон бинобар фақирӣ дар шароитҳои сахте зиндагӣ мекунанд ва барои сарфаи пул ҳозиранд дар хонаҳои тангу торик чандин нафар ба сар баранд.

Бонки Осиёи Рушд ба Тоҷикистон тавсия додааст, ки барои ҳалли мушкилоти муҳоҷиронаш бо мақомоти кишварҳои муҳоҷирпазир ҳамкории зич ба роҳ монад ва ҳамчунон кишварҳои наве барои ба кор таъмин намудани шаҳрвандонаш биёбад.

XS
SM
MD
LG