Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин: Тоҷикистон аз муборизаи Пекин ба зидди Ҳаракати Исломии Туркистони Шарқӣ ҳимоят кард


Мақомоти Тоҷикистону Чин дар бораи тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар масоили амниятӣ гуфтугӯ кардаанд.

Мулоқоти онлайни Хусрав Нозирӣ, муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Чэн Гопин, намояндаи хоси Вазорати корҳои хориҷии Чин оид ба масъалаҳои амнияти берунӣ, рӯзи 29-уми декабр баргузор шуд.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар баёнияи расмӣ гуфт, ҷонибҳо масъалаҳои муҳими ҳамкории ду кишварро дар соҳаи амният баррасӣ карданд. Тарафи Чин ҳам гуфтааст, дар мавриди мавзуъҳои вобаста ба мубориза бо терроризм ва ҳамкориҳои амниятӣ байни ду кишвар табодули назар доштанд.

Вазорати умури хориҷии Чин мегӯяд, ҷониби Тоҷикистон аз мавқеи Пекин дар мубориза бо Ҳаракати Исломии Туркистони Шарқӣ пуштибонӣ кардааст. Ба иттилои манбаъ, Тоҷикистон хостори ҳамкорӣ бо Чин барои ҳифзи амният ва субот дар минтақа аст.

Қаблан як гурӯҳ аз уйғурҳои берун аз Чин аз додситони Додгоҳи байналмилалии Ҳейг (Гаага) хоста буданд, Пекинро барои саркӯби мусалмонҳо муҳокима кунад. Дар ин дархост номи Тоҷикистон ба унвони кишваре ёд шуда буд, ки бо дархости Чин уйғурҳоро аз қаламраваш меронад. Дертар додситон гуфт, дархостро баррасӣ карда наметавонад, зеро Чин узви Додгоҳи байналмилалӣ нест.

Дар ҳоли ҳозир Душанбе бо Пекин ҳам дар қолаби равобити дуҷониба ва ҳам дар доираи Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ва эътилофи зиддитеррористии Чин-Тоҷикистон-Покистон-Афғонистон ҳамкорӣ дорад.

Дар гузашта Чин борҳо дар бахши амнияти Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст. Бо ҳадафи тақвияти марзи Тоҷикистон Афғонистон аз ҳисоби Чин 4 постгоҳи марзӣ ва як маркази омӯзишӣ бунёд шуд. Дар моҳи ноябри 2019 бо пуштибонии молии Чин дар Душанбе Маркази мубориза бо терроризм, экстремизм ва ҷудоихоҳӣ эҷод шуд.

Дар солҳои 2016 ва 2019 низомиёни Тоҷикистону Чин дар қаламрави ВМКБ тамринҳои муштарак гузарониданд.

XS
SM
MD
LG