Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи блогери тоҷикро ба Додгоҳи Маскав супурдаанд


Кароматулло Ҷабборов аз моҳи феврали 2020 дар боздошт аст
Кароматулло Ҷабборов аз моҳи феврали 2020 дар боздошт аст

Парвандаи Кароматулло Ҷабборов, блогери тоҷик ва ширкаткунанда дар саҳнаи шӯхиомези коронавирус дар метрои Маскавро ба додгоҳ супурдаанд. Вакили мудофеъ Роман Шахматов охири моҳи декабри соли гузашта ба хабаргузории ТАСС гуфтааст, муфаттишон таҳқиқи қазияро баъди даҳ моҳ ба поён бурданд.

Бино ба санади Додгоҳи Маскав, дар ин қазия шаҳрвандони Русия Мелихов С.Д. ва Исаченко А.А. низ гумонбаранд. Аммо танҳо Кароматулло Ҷабборов дар боздошт аст ва дигарон бо шарти берун нарафтан аз маҳалли иқомат дар озодӣ қарор доранд. Ҳамаи онҳо ба "авбошӣ бо маслиҳати пешакӣ" муттаҳаманд.

Кароматулло Ҷабборовро рӯзи 8-уми феврали соли 2020, дар пайи ташкили саҳнаи шӯхиомез ва сабти "пранк" дар вагони метрои Маскав, дастгир карданд.

Дар ин саҳна ҷавоне аз ҳуш меравад ва ҳамроҳонаш фарёд мезананд, ки ӯ ба вируси хатарноке гирифтор аст. Ин ҳолат дар байни мардум воҳима андохтааст. Сабти ин лаҳзаро дар Интернет гузоштаанд.

Ба блогери тоҷик Кароматулло Ҷабборов ва ҳамроҳонаш то ҳафт соли маҳрумӣ аз озодӣ таҳдид мекунад.

XS
SM
MD
LG