Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба блогерони тоҷик барои андозсупорӣ то якуми апрел муҳлат додаанд. ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Масъулини ин кумита рузи 18-уми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфтанд, фаъолияти 29 саҳифаи марбут ба блогерҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ошкор кардаанд, ки матлабҳои онҳоро аз 3 то 19 миллион маротиба тамошо кардаанд.

КОРИ БЛОГЕРҲОРО ОМӮХТААНД

Шамсулло Кабирзода, як масъули Кумитаи андоз дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, фаъолияти блогерҳоро дар Тоҷикистон омӯхтаанд ва онҳоро ба рӯйхати андозсупорандагон шомил хоҳанд кард.

“Ин танҳо ба блогерҳо дахл надорад, балки ин тамоми шахсони воқеиеро, ки даромад мегиранд, фаро мегирад. Агар хато накунам, чаҳор нафари онҳо худро ба ҳайси соҳибкор дар мақомоти андоз ба қайд гирифтаанд. Ин чизи маъмулӣ аст ва бояд дигархел қабул карда нашавад",-афзуд Кабирзода.

Ин масъули Кумитаи андоз гуфт, бархе блогерон дар бораи даромадашон баёнот додаанд.

Ӯ гуфт, ки онҳо аз ҳисоби рекламаи молу маҳсулоти ширкатҳои бузург аз Ютуб маблағ ба даст меоранд.

"Теъдоди обуначиҳои онҳо зиёд аст. Дар охир аз фоизи ба дастовардаашон ба ҳамёни электронии онҳо маблағ ворид мешавад, ки оянда манбаи андозбандӣ аст",‑‑гуфт ӯ.

НАВОРҲОИ КИРО БЕШТАР ТАМОШО КАРДААНД?

Кумитаи андози Тоҷикистон фаъолтарин блогерҳои Тоҷикистонро, мисли Беҳрӯз Зеваров, Рафаел Гулов, Орзу Исоев, Диловар Сафаров ва овозхонҳо Шабнами Сурайё, Фарзонаи Хуршед, Нигина Амонқулова ва Зулайхо Маҳмадшоева рӯйхат кардааст.

Бар асоси ин феҳрист, ҷои якумро канали "Tamoshow" мегирад, ки 867 ҳазор обуначӣ дорад ва наворҳояшро 430 миллион бор тамошо кардааст. Ин канал бештар навори суруди сарояндаҳои тоҷикро нашр мекунад. Дар ҷои дувум шабакаи "Территория юмора" қарор дорад, ки ҳудуди 67 ҳазор обуначӣ дорад ва наворҳояш 9,5 миллион бор тамошо шудааст.

Андозбандии блогерҳои муваффақи тоҷик
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:53 0:00

Лоиҳаи "Дугонаҳо" бо 19 миллион тамошобин дар мақоми сеюм будаст. Канали канали "Imshab Live" ва "ORZU"-и Орзу Исоев аз каналҳои сербинанда дониста шудаанд. Канали марбут ба Рафаэл Гулов, ки наворҳояшро 3 миллион бор тамошо кардаанд, канали "Nigmatov Mansur" бо 19 миллион бор тамошои наворҳо, лоиҳаи "Бонуи пурҳунар" бо 7 миллион тамошо шудани наворҳояш ва канали "IRON KING" – бо 2 миллион томошо шудани наворҳояш аз панҷгонаи пурбинандатарин дониста шудаанд.​

НИГАРОНИИ БЛОГЕРОН

Ситондани молиёт аз блогерон дар Тоҷикистон бархе аз онҳоеро, ки аз Инстаграму Ютуб ва шабакаҳои дигари иҷтимоӣ пул ба даст меоранд, нигарон кардааст.

Рафаел Гулов, блогери шинохтаи тоҷик, ки тибқи феҳристи нав наворҳои шабакаи ӯ дар Ютуб 3 миллион бор тамошо дорад, ба Кумитаи андоз даъват шудааст.

"Бо мо суҳбат карданд ва пурсиданд, ки аз кадом ҳисоб мо даромад дорем аз Ютуб ва ё Инстаграм. Ба мо фаҳмонданд, ки ҳар шаҳрванде, ки даромад дорад, бояд ба давлат андоз супорад. Ман фикр мекунам, ки ин дуруст аст",‑гуфт ӯ.

Шоира Пӯлодова, блогери дигар мегӯяд, масъалаи андозситонӣ аз қабл вуҷуд дошт, вале касе намехост даромадаш кам шавад. Ӯ гуфт, дар сурати талаби қонунӣ маҷбуранд онро риоя кунанд, вале бархе норушаниҳо дар ин даъват вуҷуд дорад.

"Аксари лоиҳаҳоро мо ҳамчун кумак таҳия мекунем. Аз хотире, ки ҳамаи мо дар кишвари на он қадар бузурге зиндагӣ мекунем, аксари нафарон ҳамдигарро мешиносанд ва хоҳиш мекунанд, ки ин ва он маҳсулоташонро таблиғ бикунем. Мо инро комилан ройгон мекунем ва маблағе намегирем. Ман намедонам дар ин ҳолат аз кадом ҳисоб ба кумита андоз супорем",-афзуд ӯ.

Блогери тоҷик ба ин бовар аст, ки тасмими мақомот, ба кисаи блогерони навкор зарба мезанад. Онҳое низ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуначӣ ё пайравон (подписчик)-и зиёд ва даромади муайян доранд, зарар мебинанд.

70 дарсади даромади буҷаи Тоҷикистон аз ҳисоби андоз ё молиёт аст. Ба фарқ аз соли пеш, имсол хароҷоти буҷаи кишвар 140 миллион доллар афзоиш ёфт. Барои пур кардани буҷа, ба гуфтаи коршиносон, ба Кумитаи андоз супориш шудааст, роҳҳои нави андозситониро ёбанд.

Рустам Гулов, коршиноси соҳа мегӯяд, дар шабакаи "Ютуб" механизми пулкоркунии каналҳои тоҷикӣ вуҷуд надорад.

"Блогерон каналҳои худро дар Русия сабт мекунанд. Онҳо аз роҳҳои гуногун истифода мебаранд, ки аз ин роҳ пул ба даст оранд",‑‑гуфт ӯ.

Ҳамзамон, бо таъкиди ин коршинос, дар шароите, ки вазъи молӣ дар кишвар хуб нест, талош мешавад ин пул аз блогерону ширкатҳои хориҷӣ ба даст оварда шавад.

XS
SM
MD
LG