Президенти ИМА Ҷо Байден фармони раисҷумҳури пешини Амрико Доналд Трампро бекор кард, ки вуруди бисёре аз соҳибони Green Card (Грин корт ё корти сабз)-ро ба он кишвар манъ мекард.
Трамп соли гузашта сафари баъзе аз гуруҳҳои шаҳрвандони хориҷиро ба ИМА бо мақсади ҳифзи ҷойҳои корӣ барои амрикоиҳо дар давраи пандемияи коронавирус то поёни соли 2020 манъ карда, дар рӯзҳои охири президентияш ин маҳдудиятро то охири моҳи марти имсол тамдид намуд.
Дар натиҷаи ин фармони Трамп ҳазорҳо соҳиби Green Card натавонистанд ба Амрико сафар кунанд.
Вале Байден 24-уми феврал ин қарорро бекор карда, гуфт, "маҳрум сохтани муҳоҷирони қонунӣ аз ҳаққи вуруд ба Амрико хилофи манфиатҳои ИМА аст". Ӯ иддаои Трампро дар бораи он, ки муҳоҷирон ба бозори меҳнати ин кишвар хатар доранд, рад кард.
Иёлоти Муттаҳида соле барои 50 ҳазор нафар дар сартосари дунё имкони дарёфти ҳаққи иқомату кор дар ин кишварро тавассути корти сабз фароҳам меорад. Бештари довталабони “Грин корт” аз Тоҷикистон ҷавонон ҳастанд. Ҳар сол аз ин кишвар ҳудуди 700 нафар лотереяи муҳоҷират ва иқомат дар Амрикоро ба даст меоранд.