Бастаҳои аввалини AstraZeneca, ваксинаи зидди коронавирусро шоми 8-уми март аз Деҳлӣ ба Тоҷикистон оварданд. Масъулони Вазорати тандурустӣ гуфтанд, ки дар навбати аввал пизишкон (табибон) ва сокинони синнашон аз 60 боло эм карда хоҳанд шуд. Ин ваксинаҳоро дар доираи COVAX, барномаи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ, ба Тоҷикистон бепул додаанд.
"Мунтазири қарори ҳукумат ҳастем"
Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти санитариву беҳдоштии Вазорати тандурустӣ, рӯзи 9-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, 192 ҳазор воя ё доза ваксина гирифтанд. Ба қавли ӯ, ваксинаи мазкурро дар ҷойҳои махсус нигоҳ медоранд ва барои оғози эмкунӣ қарори ҳукуматро мунтазиранд.
"Лоиҳаи қарорро омода кардем ва ба вазорату идораҳо пешниҳод мешавад. Ҳар вақте ҳукумат тасдиқ кард, ваксиназаниро оғоз мекунем", -- шарҳ дод Ҷаъфаров.
Ҳанӯз маълум нест, қарори ҳукумат дар бораи оғози эмкунӣ кай қабул мешавад, вале мақомот умед доранд, ин кор ба зудӣ сурат хоҳад гирифт.
Киҳо аввал ваксина мегиранд?
Бо вуруди аввалин бастаҳои ваксина ба Тоҷикистон ин суол низ садо медиҳад, ки то куҷо дар тақсими он шаффофияту адолат таъмин мешавад. Масъулони Вазорати тандурустӣ гуфтанд, тартиби гирифтани аввалин ваксинаҳо муайян шудааст ва ҷое барои нигаронӣ нест.
Эмомалӣ Мирзоев, сухангӯйи Вазорати тандурустӣ, ба Радиои Озодӣ гуфт:
- Кормандони соҳаи тандурустӣ
- Бахшҳои стратегии хоҷагии халқ
- Сокинони аз 60-сола боло
- Шахсони гирифтории бемориҳои музмини ғайрисироятӣ
- Кормандони соҳаи маориф ва илм
ваксина мегиранд, вале ба гуфтаи ӯ, "эм кардан ихтиёрӣ аст".
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Тоҷикистон дар доираи барномаи COVAX бояд 730 ҳазор ваксинаи ройгони "AstraZeneca" бигирад. Аз ин миқдор 192 ҳазор воя (доза) ба Тоҷикистон расида, дақиқ нест, миқдори боқимонда кай ворид мешавад.
Дар моҳи феврали имсол Вазорати тандурустӣ аз сокинон пурсид, ки оё мехоҳанд, ваксинаи зидди COVID-19 бигиранд ё не. Мақомот гуфтанд, 81 дарсади пурсидашудаҳо барои гирифтани ваксина ризоят додаанд, вале як пурсиши Радиои Озодӣ дар хиёбонҳои Душанбе нишон дод, ки бештари сокинон дар бораи ваксина маълумоти кофӣ надоранд.
“Барои гирифтани ваксина аз Русия гуфтугӯ дорем”
Тоҷикистон бо гузашти зиёда аз се моҳ аз тасдиқи аввалин ваксинаи зидди COVID-19, ваксина дарёфт мекунад. Ин аст, ки баъзе аз коршиносон Вазорати тандурустиро ба талаф додани вақт ва кашолкорӣ гунаҳкор карданд, вале масъулони ин ниҳод чунин чизро рад намуданд.
Дар умум, Тоҷикистон аз Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ 20 дарсад ваксинаи заруриро ройгон хоҳад гирифт. Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ, рӯзи 12-уми феврал дар нишасти матбуотӣ гуфт, боқимондаи ваксинаро бояд бихаранд.
Аз ҷумла, ба гуфтаи ӯ, музокирот барои дарёфти ваксинаи русии "Спутник V" идома дорад. Мақомоти Чин ҳам ба Тоҷикистон ваксинаи ройгон пешниҳод кардаанд. Бар илова, Бонки Ҷаҳонӣ барои харидани ваксинаҳои зидди COVID-19 ба Тоҷикистон 8,63 миллион доллар ҷудо кард.
Назари чанде аз сокинон ба ваксина:
Аввалин бастаҳои ваксинаи зидди коронавирус дар шароите ба Тоҷикистон ворид мешаванд, ки Вазорати тандурустии кишвар ду моҳи охир аз сабт нашудани ягон ҳолати гирифторӣ ба COVID-19 хабар медиҳад. Ҳарчанд баъзе аз коршиносону сокинон изҳороти вазоратро зери шубҳа мебаранд.
Ба иттилои расмӣ, гирифтории беш аз 13 ҳазор нафар ба COVID-19 дар Тоҷикистон тасдиқ шуда, аз ин беморӣ 90 нафар ҷон бохтаанд. Аммо коршиносони мустақил мегӯянд, миқёси сирояти коронавирус ва талафот аз он ба маротиб бештар аст. Нобоварӣ ба омори расмии Тоҷикистон аз онҷо чарчашма мегирад, ки мақомот дар моҳҳои марту апрели 2020 вуҷуди коронавирусро дар кишвар рад карда, марги зиёд ва пайиҳами сокинонро ба илтиҳоби шуш рабт доданд.