Масъулони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии Тоҷикистон гуфтанд, ки намояндагони онҳо дар ноҳияи Рӯдакӣ ба таҳқиқи рафторҳои баҳсбарангези сархатиби ноҳия оғоз кардаанд. Сокинони деҳаи Дарёободи ноҳияи Рӯдакӣ гуфтанд, ки Ҷамолиддин Неъматзода, писари муфтии собиқ Амонулло Неъматзода, дар саҳни масҷид онҳоро дашном дод.
Талошҳо барои тамос бо Ҷамолиддин Неъматзода то ин дам бенатиҷа буд. Пайвандонаш гуфтанд, ӯро намозгузорон асабӣ карданд. Номи Ҷамолиддин Неъматзода соли 2014 пас аз баҳси ӯ бо рӯҳонии шинохта Эшони Нуриддин расонаӣ шуда буд. Неъматзода он вақт ба Эшони Нуриддин иҷозат надод, ки дар масҷиди зери назари ӯ намози ҷаноза хонад.
Афшини Муқим, сухангӯйи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ, рӯзи 17-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, бахши дини ноҳияи Рӯдакӣ Ҷамолиддин Неъматзодаро барои амалҳояш даъват кардааст, вале "Неъматзода бемор ва дар беморхона бистарӣ будааст". "Баъд аз мураххас шудан аз бемористон ӯро муҳокима мекунанд”, -- афзуд Афшини Муқим.
"Ту кӣ ҳастӣ, ки эътироз мекунӣ?"
Ба гуфтаи шоҳидон, мулло Ҷамолиддин аз он ки сокинон ба имоматии писари ӯ дар ин масҷид дар намози рӯзи ҷумъа норозигӣ карданд, хашмгин буд.
Дар наворе, ки корбарон ба Радиои Озодӣ фиристоданд ва гуфта мешавад, шаби 7-уми май сабт шудааст, яке аз намозгузорон аз дашном шудани ҳамагон ба хашм омада, эътироз мекунад. Нафаре, ки аз ӯ мулло Ҷамолиддин ном мебаранд, ба ӯ дарафтода, аз гиребонаш медорад ва ба тундӣ мепурсад, ки "ту кӣ ҳастӣ, ки эътироз мекунӣ?"
Ин шахс мегӯяд, "як одами одӣ аз шаҳри Кӯлоб ҳаст ва ин ҷо меҳмонӣ омадааст, вале аз он ки ҳамагон дашном шунидаанд, нигарон аст".
Дар ҳамин лаҳза мулло Ҷамолиддин аз гиребони ӯ дошта, кӯшиш мекунад, ӯро ба хонаи дигари масҷид дарорад. Намозгузорон монеъ мешаванд ва мегӯянд, "ҳазрат ин корро накунед, шумо хатиб ҳастед".
Ин замон мулло Ҷамоллидин як дашноми дигар ба забон меораду бо баландгӯяк хитоб ба мардум мегӯяд: "Ҳамин масҷидро маҳкам накунам агар, ман зани шумо шуда бошам! Як ҳаёт дигар дар ин масҷид намоз намехонед! Бимиред ба ин рӯзатон! Наҳзатиҳову салафиҳо дар ин ҷо туп (манзур ҷамъ омадед) боз-а?"
Сайидқадам Неъматзода, бародари мулло Ҷамолиддин дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, зоҳиран намозгузорон бо рафторҳои ноҷои худ бародарашро хеле асабонӣ кардаанд. "Одам чӣ қадар вазнин ҳам бошад, ба асабаш расанд, дигар худро назорат карда наметавонад", -- гуфт ӯ.
Мулло Ҷамолиддин кист ва чаро хашмгин шуд?
Мулло Ҷамолиддин, сархатиби масҷиди ноҳияи Рӯдакӣ, то чанде пеш дар масҷиди маҳаллаи ба номи Ҳазрати Мавлоно имом буд. Баъд аз он ки ин қисмати ноҳияи Рӯдакӣ ба шаҳри Душанбе ҳамроҳ шуд, ӯ дар мақомаш, сархатиби ноҳия, монд, аммо ба дигар масҷид гузашт.
Се сокини деҳаи Дарёободи Рӯдакӣ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, рӯзи 7-уми май, яке аз писарони мулло Ҷамолиддин бо номи Аъзам, қабл аз намози ҷумъа ба масҷид омада, худ ба ҷойи хатиби масҷид менишинад. Хатиб чизе нагуфта, минбарро холӣ мекунад, аммо намозгузорон эътироз мекунанд.
Шаби он рӯз, баъд аз намози таровеҳ, мулло Ҷамолиддин бо писараш ба масҷид омада, ба гуфтаи сокинон, мардумро дашном медиҳад. Баъдан моҷарое, ки дар навор сабт шудааст, рӯ мезанад.
Назари падару писар ба ин моҷаро маълум нест ва дар сурати дастрас шудан назари онҳо низ нашр хоҳад шуд.
“Рафтори рӯҳониро баррасӣ доранд”
Ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ дар Кумитаи дин бо шарти зикр нашудани номаш гуфт, ин навор ба дасти масъулони ноҳияи Рӯдакӣ низ расидааст. Ӯ гуфт, ҳоло мақомот рафтори руҳониро баррасӣ доранд ва эҳтимол ӯ аз вазифааш барканор шавад.
Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон ва Неъматулло Давлатов, раиси Бахши дини ноҳияи Рӯдакӣ ба зангҳои Радиои Озодӣ дар ин робита посух нагуфтанд.
Дашном додани мардум аз сӯи имомхатиб дар саҳни масҷид дар Тоҷикистон як ҳодисаи камсобиқа гуфта мешавад. Пайравони дини ислом дар Тоҷикистгон масҷидро макони муқаддас мешуморанд ва руҳониён ва ё ибодаткунандагон дар дохили он аз гуфтани алфози қабеҳ ва дашном маъмулан парҳез мекунанд.
Аммо дар гузашта ҳолатҳои дар масҷид дашном додани масъулони ҳукумат расонаӣ шуда буд. Моҳи октябри соли 2017 навори дашномдиҳии Шокир Холдоров, масъули Бахши танзими расму оини ҷамоати “Чоряккорон”-и ноҳияи Рӯдакӣ расонаӣ шуда буд. Ӯ нафаронеро, ки дар саҳни масҷиди, ба гуфтаи ӯ “ғайриқонунӣ”, ибодат карданӣ буданд, дашном дода, онҳоро аз масҷид ронд. Дар наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд, ӯ фаъолияти масҷидро ғайриқонунӣ медонист. Баъдан Холдоров, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, сокинон талаби ӯро, ки мегуфт, масҷид иҷозатнома надорад, нодида гирифта, ӯро асабӣ карданд. Ба гуфтаи Холдоров, ӯ на дар саҳни масҷид балки дар берун алфози дағалеро аз асабоният ба забон овард ва барои ин узр пурсид.
Тибқи маълумоти Кумитаи оид ба корҳои дин феълан дар кишвар беш аз се ҳазор масҷид фаъолият доранд.