Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба сафири Тоҷикистон дар Бишкек нотаи эътирозӣ супурданд


Парчами Тоҷикистон ва Қирғизистон
Парчами Тоҷикистон ва Қирғизистон

Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон ба сафири Тоҷикистон дар ин кишвар нота ё ёддошти эътирозӣ супурдааст.

Ҷониби Қирғизистон аз он норизост, ки Тоҷикистон низомиёнашро вориди минтақаи баҳсӣ кардааст. Ҷониби Тоҷикистон ин минтақаро баҳсӣ намедонад ва мегӯяд, ташкили постгоҳ бар асоси мувофиқаи дуҷониба сурат гирифтааст.

Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон дар сомонааш навиштааст, ки “ба сафири Тоҷикистон дар робита ба ҳузури низомиён ва техникаи ҳарбии ин кишвар дар дохили хоки Қирғизистон дар минтақаи “Унжу-Булоқ” дар ноҳияи Чон-Алайи вилояти Уш нота супурда шуд”.

Ин Вазорат гуфтааст, ки амалкарди Тоҷикистон хилофи созишномаҳои қаблӣ ҳаст.

Тоҷикистон ҳанӯз ба нотаи эътирозии ҷониби Қирғизистон посух надодааст, вале Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар як изҳорот, ки рӯзи 4-уми июн нашр шуд, нигаронии Хадамоти марзбонии Қирғизистонро, ки гуиё марзбонони тоҷик дар минтақаи баҳсӣ "дар дарунтар аз 1000 метр дар қаламрави ин кишвар, контейнер ё вагонҳо ҷойгир кардааст”, нодуруст хонд.

Дафтари матбуоти Қушунҳои сарҳадии КДАМ-и Тоҷикистон гуфтааст, ҷойгир кардани посгоҳи сарҳадӣ дар хатти мувофиқашудаи марз ҳаст.

Ба гуфтаи манбаъ, дар марзи ноҳияи Лахш бо Қирғизистон дар “ағбаи Шатти” ҳанӯз марзи ду кишвар муайян нашудааст, вале марзбонони тоҷик дар ҷое ҷойгир шудаанд, ки сарҳади Тоҷикистон аст. Аз ин пеш, ба гуфтаи мақомоти тоҷик, дар ин бора миёни ду кишвар созиш ҳосил шуда буд. “Яъне, тибқи ин созиши протоколӣ, муқаррароти посбонии сарҳад дар қаламрави мувофиқашуда амалӣ карда мешавад. Аз тарафи дигар, дар қитъаи ағбаи Карамик постгоҳи сарҳадии Ҷумҳурии Қирғизистон бо инфрасохтори лозима таъсис дода шудааст. Ҷойгиршавии мазкур принсипи паритетро дар ҳифзи сарҳади давлатии ду давлати ҳамсоя то ба итмом расидани раванди делимитатсия, демаркатсия ва бақайдгирии ҳуқуқии он таъмин менамояд”,--гуфт шудааст дар изҳороти ҷониби Тоҷикистон.

Ба гуфтаи Хадамоти марзбонии Қирғизистон, дар қаламрави Тоҷикистон ҳамчунин таҷаммуи нерӯҳои низомӣ бо мошинҳои сабукрав ва техникаи зиреҳпуш мушоҳида шудааст.

Ин минтақа дар наздикии марзи ноҳияи Лахш бо Қирғизистон қарор дорад. Дар минтақаи Лахши Тоҷикистон қирғизтаборон ва тоҷиктаборон зиндагӣ мекунанд. Тоҷикистону Қирғизистонро дар ин минтақа гузаргоҳи марзии "Қарамиқ" ба ҳам мепайвандад.

Ҷумъабой Сангинов, собиқ муовини раиси вилояти Cуғд, ки ҳамчунон узви ҳайати музокиракунадаи Тоҷикистон бо Қирғизистон доир ба марз буд, рӯзи 4-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар атрофи гузаргоҳи Қарамиқ дар марз бо Қирғизистон як қитъаи ҳоло аломатгузориношуда вуҷуд дорад.

Ба гуфтаи Сангинов, дар ин қитъаи муайяношудаи марз як кони канданиҳои фоиданок ҳам ҳаст. “Асли мушкил аз доираи харитаи тасдиқшудаи солҳои 1924-1927 берун баромадани бародарони қирғиз бармегардад. Ягона санаде ки барои тақсими марз вуҷуд дорад, натанҳо бо Қирғизистон балки бо Узбекистон ҳам ин харитаи қонунан эътирофшудаи тақсимоти марзиву маъмурии Осиёи Миёна аз соли 1924-1927 аст. Ба ҷуз ин, дигар санади қонунӣ аз нигоҳи конститутсияи СССР ва конститутсияи Тоҷикистон вуҷуд надорад. Аммо қирғизҳо ин харитаро эътироф намекунанд, мегӯянд ки дигар Иттиҳоди Шӯравӣ нест. Онҳо аз рӯи як харитаи комилан ғайриқонуние, ки худашон сохтаанду парлумонашон тасдиқ кардааст, амал карда истодаанд”,--иброз дошт Сангинов.

Ин ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ гуфт, барои Тоҷикистон харитаи худсохти Қирғизистон қобили қаблу нест ва аз ин рӯ раванди муайян ва аломатгузории марзи ду кишвар тӯл кашида истодааст.

Муносибати Тоҷикистону Қирғизистон пас аз муноқишаи 28-29-уми апрел ба сардӣ гароид. Дар ин муноқиша дар марзи вилояти Суғди Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон аз ду тараф беш аз 50 кас кушта ва зиёда аз 200 нафар маҷруҳ шуданд. Ҷонибҳо ҳамдигарро барои сар задани низоъ гунаҳкор ва тафтиши қазияро оғоз кардаанд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG