Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ эълон кард, ки дар даври дуввуми маъракаи ваксинзанӣ ба зидди фалаҷи атфол дар Тоҷикистон бештар аз 1 миллиону 200 ҳазор кӯдак ваксина гирифтаанд.
Ин маърака баъди он оғоз шуд, ки моҳи ноябри соли гузашта дар кишвар чанд мавриди сирояти фалаҷи атфоли навъи дуввум дар вилояти Хатлон сабт шуд.
Дар баёнияи созмон, ки рӯзи 26-уми июл нашр шуд, омадааст, аз 22-юми ноябри соли 2020 то 13-уми июли имсол 15 мавриди сирояти фалаҷи атфол ба кӯдакон дар Тоҷикистон сабт шудааст.
Ин навъи беморӣ аз он навъи фалаҷ будааст, ки дар Покистон зиёд мушоҳида мешавад ва даври дуввуми ваксинзанӣ рӯзи 5-уми июл ба поён расидааст.
Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт гуфтааст, ҳукумати Тоҷикистон ва маъмурони беҳдоштӣ аз моҳи март барои барномарезӣ ва анҷоми маъракаи ваксинзанӣ кор мекарданд ва бо вуҷуди авҷ гирифтани сирояти COVID-19 теъдоди зиёди кӯдакон ваксина гирифтаанд.
Дар баёния омадааст: "Дар даври аввали маъракаи ваксинзанӣ, ки моҳи июн ба поён расид, 99.2 дар сади кӯдакон ва дар даври дуввум 99.1 кӯдакон ваксина гирифтанд." Дар таъмин бо ваксина ва роҳандозии маърака Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ, Бунёди Ҳимоят Аз Кӯдакони Созмони Милал ва дигар муассисаҳои байналмилалӣ ба Тоҷикистон кумак мекунанд.
Тоҷикистонро аз соли 2002 кишвари орӣ аз фалаҷи атфол ва ё полиомелит эълон карда буданд, ҳарчанд то соли 2010 мавридҳои алоҳидаи сирояти беморӣ ва маргу мири кӯдакон аз он сабт шуда буд.
Бори охир, 11 сол пеш, дар кишвар вируси ин беморӣ ба 458 кӯдак сироят кард ва 29 нафари онҳоро кушт. Дар миёни 458 нафар тақрибан нисфи онҳо кӯдакони аз 1 то 5-сола будаанд.