Сафорати Афғонистон дар Душанбе хабарҳоро дар бораи фирори Амруллоҳ Солеҳ, узви Ҷабҳаи миллӣ ва муовини пешини Ашраф Ғанӣ, ба хориҷ ва ҳузури ӯро дар Тоҷикистон рад кард. Расонаҳои байналмилалӣ хабар доданд, ки Амруллоҳ Солеҳ рӯзи 5-уми сентябр, пас аз шиддат гирифтани даргириҳо дар Панҷшер, ба Тоҷикистон паноҳ бурдааст.
Муҳаммад Зоҳир Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон, рӯзи 7-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, "оқои Солеҳ дар Панҷшер, дар ҷабҳа ҳаст. Ҳеч ба Тоҷикистон наомадааст ва расонаҳо ғалат мегӯянд".
Сафири Афғонистон ҳамзамон овозаҳоро, ки гуё Амруллоҳ Солеҳ ба Тоҷикистон омада, сипас ба Панҷшер баргаштааст, низ инкор кард. "Амруллоҳхон феълан дар ҷабҳа аст ва ҳанӯз аз ҷабҳа берун нашудааст", -- таъкид кард ӯ.
Шаби якшанбе, пас аз ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишин ба мавзеъҳои Ҷабҳаи муқовимат дар дараи Панҷшер, расонаҳои байналмилалӣ навиштанд, ки Амруллоҳ Солеҳ ба Тоҷикистон рафтааст. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи гурӯҳи "Толибон" ҳам субҳи 6-уми сентябр дар Кобул ҳангоми нишасти хабарӣ эълон кард, ки Амруллоҳ Солеҳ ба Тоҷикистон фирор кардааст.
Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали Ашраф Ғанӣ, пас аз се рӯзи суқути Кобул ба дасти "Толибон" гуфт, бар асоси Қонуни асосӣ ӯ иҷрокунанда ё сарпарасти вазифаи президенти Афғонистон аст. Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳурии Афғонистон, рӯзи 15-уми август, пеш аз он ки ҷангҷӯёни "Толибон" вориди Кобул шаванд, аз кишвар фирор кард.
Дар пайи суқути Кобул ба дасти Толибон, дар Панҷшер Ҷабҳаи муқовимати миллӣ таъсис дода шуд, ки дар раҳбарии он Аҳмад Масъуд қарор гирифт. Шумори зиёде аз нерӯҳои ҳукумати қаблӣ ба ин ҷабҳа пайвастанд ва Амруллоҳ Солеҳ яке аз онҳост.
Аз чанд рӯз ба ин тараф даргириҳои хунин дар Панҷшер идома дорад. Гуруҳи "Толибон" иддао дорад, ки ин вилоятро ба таври комил тасарруф кардааст, аммо Ҷабҳаи муқовимат мегӯяд, садҳо ҷангҷӯи гурӯҳи тундравро кушта, теъдоди зиёди онҳоро асир гирифтааст. Панҷшер дар ҳоли ҳозир дар муҳосира қарор дорад ва "Толибон" барқ, интернет ва интиқоли хӯрокро ба ин минтақа қатъ кардаанд.
Амруллоҳ Солеҳ дар интихоботи президентии соли 2019 аз Ашраф Ғанӣ пуштибонӣ кард ва ба мансаби муовини аввали раёсати ҷумҳури Афғонистон расид. Дар интихоботи президентии соли 2014 аз ҳомиёни доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ буд.
Солеҳ пас аз сарнагунии режими Толибон (аз 1996 то 2001 қудратро ба даст доштанд) ҳафт сол раҳбари Раёсати амнияти миллии Афғонистон буд. Бо интиқодҳои сахташ аз артиши Покистон ва созмони истихобороти он кишвар машҳур аст.