Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Толибон" масири ронандаҳои тоҷикро "бурид". ВИДЕО


Ронандагони тоҷик чашм ба роҳи корфармо
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:16 0:00

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед

Пас аз дигаргунӣ дар Афғонистон шеваи овардану бурдани бор тавассути ин кишвар (аз) ба Тоҷикистон тағйир ёфтааст. Гуруҳи тундрави "Толибон" як моҳ пеш назорат бар аксар минтақаҳо ва марзу гузаргоҳҳои Афғонистонро ба даст гирифт. Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз 1400 километр сарҳад дорад. Роҳи аслие, ки Тоҷикистонро бо Афғонистон мепайвандад, гузаргоҳи Шерхон Бандар (аз тарафи Афғонистон) ва Панҷи Поён (аз тарафи Тоҷикистон) аст.

Як намояндаи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон гуфт, ронандаҳои мошинҳои борбар ба далели амниятӣ ҳоло фақат то сарҳади кишвари ҳамсоя мераванду бас. Пештар онҳо тавассути Афғонистон аз Покистон ҳам мол меовардаанд.

Ҳарчанд ин маҳдудият қаламрави ҳаракати ронандаҳои тоҷикро хурдтар кардааст, мақомот мегӯянд, воридоту содироти мол кам нашуд.

"Ҳоло мошинҳои мо то гузаргоҳи Шерхон-Бандар мераванд. Дар онҷо борро ба мошинҳои Афғонистон бор мекунанд ё баръакс борҳои меовардаро аз мошинҳои Афғонистон мегиранд", - шарҳ дод Хандонгул Доробова, сардабири нашрияи расмии Вазорати нақлиёт рӯзи 14-уми сентябр.

Қаблан ронандаҳои мошинҳои борбар аз Тоҷикистон аз ҳаққи рафтан ба Қирғизистон маҳрум шуда, ба далели бемории коронавирус аз ҳудуди Чину Туркманистон ҳам гузашта наметавонанд.

Пули "Дӯстӣ" дар марз миёни Тоҷикистону Афғонистон
Пули "Дӯстӣ" дар марз миёни Тоҷикистону Афғонистон

Андрей Талаков, ронандаи мошини боркаш аз Тоҷикистон, мегӯяд, қаблан то ба Туркияву Чин ва Эрону Афғонистон бор мекашонд. Ҳоло мошинаш дар зери қабати ғафси чанг мунтазири муштарӣ истодааст.

Ӯ гуфт: "Мақомоти кишварҳои ҳамсоя қоидаҳо ва талаботи боркашониро пайваста тағйир медиҳанд. Ҳоло мошинҳо ба Афғонистон то Шерхон-Бандар ва ба Чин то гузаргоҳи Кулма рафта, борҳоро ба мошинҳои афғониву чинӣ бор мекунанд. Аз Афғонистон асосан барои захираҳои давлатӣ шакар меоранд. Аз Чин маҳсулоти ягон ширкатҳоро меоранд."

Ронандаҳои дигар мегӯянд, ҳарчанд пурра бекор намонданд, талабот ба корашон дар муқоиса ба солҳои пеш кам шуда, даромадашонро коҳиш додааст.

Хабарнигорони Радиои Озодӣ барои рӯшанӣ андохтан ба мавзуъ ба чанд таваққуфгоҳи мошинҳои боркаш дар маҳаллаҳои гуногуни Душанбе рафтанд. Дар ҳамаи ин таваққуфгоҳҳо анбӯҳи мошинҳои калони боркаш истода буданд.

Файзулло Наботов, ронандаи 60-сола аз Душанбе, мегӯяд, дар гузашта ҳар ҳафта аз Қирғизистон ба Афғонистон бор мекашонд, аммо акнун аз ин шуғлаш маҳрум шудааст.

“Ҳоло Қирғизистон роҳи мошинҳои тоҷикро пурра бастааст ва дар Афғонистон низ вазъият хатарнок мебошад. Аммо, мебинем, ки мошинҳои Қирғизистону Узбекистон бо пардохти ҳаққи роҳкиро бе мамоният дар Тоҷикистон мегарданд", -- афзуд Наботов.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, чунин маҳдудиятҳо баъд аз паҳншавии бемории COVID-19 ва ба сари қудрат баргаштани “Толибон” дар Афғонистон гирифта шудааст.

Хандонгул Доробова, сардабири нашрияи расмии Вазорати нақлиёт, мегӯяд, “ҳатто борҳое, ки аз Эрон тавассути қаламрави Туркманистон ба Тоҷикистон меоянд, аз марзи ин кишвар бо мошинҳои тоҷикӣ, вале бо ронандаҳои туркман то марз бо Узбекистон оварда мешаванд. Дар умум, ронандаҳои мошинҳои боркаши тоҷик танҳо метавонанд, ба Узбекистон бираванд”.

Роҳи ронандаҳои тоҷик ба Қазоқистону Русия кушода аст.

Бо ин ҳол, ба иттилои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, дар як соли охир миқдори боркашонӣ бо кишварҳои хориҷӣ 111 дарсад афзудааст. Ба иттилои расмӣ, маҳсулот асосан аз гузаргоҳҳои марзии “Пахтаобод”, “Фотеҳобод” (Узбекистон), “Панҷи Поён” (Афғонистон) ва “Кулма” (Чин) вориди Тоҷикистон мешаванд.

XS
SM
MD
LG