Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марзи Тоҷикистону Афғонистон: Аз босмачиҳо то Толибон. Қисми 1


Камолуддин Абдуллоев
Камолуддин Абдуллоев

Камолуддин Абдуллоев, таърихнигори тоҷик

Хабарҳо дар бораи он ки "Толибон" қудратро дар Афғонистон ба даст гирифта, худро бебокона "Аморати исломӣ" номидааст, барои тамоми дунё бонги хатар мебошад. Ҳаракате, ки аз сӯйи Созмони Милали Муттаҳид террористӣ эълон шудааст.

Коршиносон ба сиёсатмадорон аз эҳтимоли "эффекти домино", яъне вуруди терроризм, ифротгароии ҷанговар, ваҳҳобия, панисломизм ва ҳамаи он чизҳое, ки "Толибон"-ро ташкил медиҳанд, нахуст ба кишварҳои ҳамсоя ва сипас ба минтақаҳои дигар, ҳушдор медиҳанд.

"Шери Панҷшер" Аҳмадшоҳ Масъуд, ки солҳои 1980-ум зидди артиши Иттиҳоди Шӯравӣ ва солҳои 1992-2001 зидди гурӯҳи "Толибон" ҷангидааст... гузаштагони худро зодагони Даҳбеди Самарқанд меномад.

Ба "назарияи домино" Амрико замоне ишора карда буд, ки соли 1955 ба зидди режими Ҳо Шӣ Мин дар Ветнам ҷангро оғоз кард. Мақомоти амрикоӣ он замон гуфта буданд, ки агар пеши роҳи ин низомро нагиранд, коммунизм аввал дар Осиёи Ҷанубию Шарқӣ ва сипас то ба Австралия ва Зеландияи Нав ба монанди пош хӯрдани муҳраҳои домино паҳн хоҳад шуд.

Вақт нишон дод, ки ин "қоида" нодуруст аст. Коммунистҳои ҳинду чинӣ (ба монанди дигарон) ба ҷойи паҳн кардани идеология бештар ва амиқтар дар фикри манфиатҳои миллӣ буданд. Оё "Толибон"-и пирӯзшуда метавонад, фанатизми худро канор гузошта, як нерӯи муътадил шавад ва эътирофи афғонҳову боқии ҷаҳонро ба даст биорад? Ё Афғонистонро давраи нави хушунат дар пеш аст? Вақт нишон хоҳад дод.

Бештари коршиносон, аз ҷумла муаллифони сатрҳои зер, ҳангоми суҳбат дар мавриди таъсири нооромиҳои Афғонистон ва Покистон ба Осиёи Марказӣ пеш аз 15-уми августи соли 2021, яъне вуруди "Толибон" ба Кобул мегуфтанд, ки эҳтимоли ҳуҷуми ҷангҷӯёни "Толибон" ба Тоҷикистон ва Узбекистон хеле кам аст.

Бо вуҷуди ин, дар ҳоли ҳозир агар таҳдиди фурӯ рехтани "муҳраҳои домино"-и тоҷикӣ, узбекӣ ва туркманӣ баъд аз афғонӣ ғайривоқеӣ намояд ҳам, дарки умумии ҷомеа нисбат ба афзоиши нуфузи "Толибон" ва ба сари қудрат омадани онҳо хушбинона нест. Ҳарос аз ифротгароии динии харобиовар ва терроризми бархоста аз Афғонистон ҳанӯз сад сол пеш, аз давраи мубориза бар зидди душманони ҳукумати Шӯравӣ (босмачиҳо) дар зеҳни ҷомеа чуқур реша давондааст.

Тамрини нерӯҳои Тоҷикистону Русия ва Узбекистон дар наздикии марз бо Афғонистон, 10-уми августи 2021
Тамрини нерӯҳои Тоҷикистону Русия ва Узбекистон дар наздикии марз бо Афғонистон, 10-уми августи 2021

Ҷойгиркунии пойгоҳҳои низомии Русия, гузарондани размоишҳои муштарак дар Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистонро низ маҳз ба наздикӣ бо Афғонистону Покистон рабт медиҳанд. Бозигарони хориҷӣ (аз ҷумла Русия ва Чин) ҳам ба Осиёи Марказӣ ҳамчун "Афғонистони дувум" менигаранд. Онҳо баъди як дафъа ба кор бурдани ин парадигма, дигар аллакай наметавонанд, аз он рӯй гардонанд, зеро одат кардаанд, ки сиёсати худро нисбат ба минтақа ва "таркишпазирӣ"-яш дар асоси он роҳандозӣ кунанд.

Мо дар ин матлаб мехоҳем, суол гузорем, ки: оё дар ҳақиқат марзи пешини Шӯравӣ бо Афғонистон тавре онро арзёбӣ мекунанд, хатаровар аст? Чӣ чиз марзҳоро ба сарчашмаи низоъҳо табдил медиҳад? Кӣ, чӣ гуна ва барои чӣ хатти марзро тавассути дарёи Ому муайян кард? Ин сарҳадҳо дар таърихи мардуми Осиёи Марказӣ чӣ аҳамият доранд?

ТАЪРИХИ ТАШКИЛИ МАРЗҲО

Шакли имрӯзаи Осиёи Марказӣ натиҷаи ҳамкорӣ ва рақобатҳои Русия ва Англия мебошад, ки ҳамчун "Бозии бузург" машҳур аст. Бритониёиҳо, ки барояшон пеш аз ҳама Ҳиндустон ва бойигариҳояш муҳим буд, ба Осиёи Миёна тавассути тасарруфи Афғонистон омаданд.

Худи Осиёи Марказӣ ва ҳудуди васеи он барои онҳо чандон аҳамият надошт. Доираи нуфузи Англия дар қаторкӯҳҳои Ҳиндукуш, ки аз Шимолу Шарқ ба Ҷанубу Ғарб мегузарад, маҳдуд мешуд. Русҳо ба Осиёи Марказӣ мустақим бо ҳуҷуми мусаллаҳона, ворид шуданд. Онҳо пас аз шикасти қазоқҳову тасарруфи Тошканд ба самти ҷануб пеш рафта, соҳили рости дарёи Омуро ғасб карданд.

Амир Олимхон
Амир Олимхон

Амири Бухоро соли 1869 ба Русия "тобеъ" шуд. Русия ҳамчунин давлатҳои дигари Осиёи Марказӣ – Хива ва Қӯқанд (Хуқанд)-ро забт карда, ба ҳайати ҳукумати генерал-губернатории Туркистон (бо пойтахташ Тошканд) дохил кард. Барои ба хашм наовардани англисҳо аморати Бухоро ба ҳайати империя шомил карда нашуд. Бухоро, ки бо Афғонистон ҳамсарҳад аст, расман мустақил, аммо дар асл ба як тобеъ ва фармонбардори империяи Русия табдил ёфт.

Баръакси бухороиҳои ғайрифаъол, ки то асри 19 қудрат ва нуфузи пештараи худро аз даст дода буданд, сардорони афғон (паштунҳо) ҳавобаланд шуданд. Онҳо дар солҳои 1850 ва 1860 бо пуштибонии фаъолонаи англисҳо Ҳирот, Балх ва Шибирғонро забт карданд. Амири Бухоро, ки аз ҳокимияти ҳақиқӣ маҳрум шуда буд, ба осонӣ аз ин қаламравҳо дар ҷануби дарёи Ому даст кашид. Ҷое, ки дар онҷо тоҷикону узбекҳо ва туркманҳо зиндагӣ мекарданд.

Ба ин монанд, соли 1883 бо ёрии англисҳо вилоятҳои мустақили тоҷикони Бадахшон (Рӯшон, Шуғнон ва Вахон), ки дар ду соҳили дарёи Ому ҷойгиранд, ба тарафи Афғонистон кашида шуданд. Ҳукумати Русия қотеъона эътироз кард. Пас аз музокироти дарози дипломатӣ, экспедитсияҳои ҳарбӣ ва задухӯрдҳо, соли 1895 соҳили рости Бадахшон ба Русия (ва сипас ба Бухоро, СССР ва Тоҷикистон) гузашт.

Тарҳи асосии геополитикии минтақаи Осиёи Миёнаро дар охири асри 19 рехтанд. Сарҳади ҷанубии он дарёи Ому буд, ки то имрӯз ҳифз шудааст. Дар омади гап, Бритониё фарзияи тақсими марзро бар асоси Ҳиндукуш баррасӣ мекард. Агар онҳо ин қадамро 150 сол пеш мегузоштанд, минтақа дигар хел ба назар мерасид. Шимоли Афғонистон як қисми Осиёи Миёна мешуд, аммо англисҳо аз ин нақша даст кашиданд, зеро барои амалӣ кардани он мебоист нисфи Афғонистони имрӯзаро ишғол мекарданд.

Дар мавриди Чин. То охири асри 19 сарҳади байни Чин ва қаламрави Афғонистони муосир фақат ба таври умумӣ мушаххас шуда буд. Намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Русия ва Бритониё натавонистанд, хатти сарҳадро дар Помири Шарқӣ бикашанд, ки на танҳо бо Чин, балки бо шимол ва ғарбитарин нуқтаи Ҳиндустони Бритониё ҳаммарз аст.

Марзи байни Тоҷикистону Афғонистон
Марзи байни Тоҷикистону Афғонистон

Дар ниҳоят, онҳо тасмим гирифтанд, сарҳадҳои Англия ва Русия набояд якдигарро гузаранд ва ба афғонҳо низ дастрасӣ ба Чин дода шавад. Ҳамин тавр, ба ном "Долони Вахон", як ҳалқаи танг (паҳноияш дар баъзе минтақаҳо 15 километр аст), қаламрави Афғонистон буда, моликияти русҳоро дар Помир аз сарҳадҳои шимолу ғарбии Ҳиндустони Бритониё (Ҳунза, Читрол ва Гилгит) ҷудо мекунад.

Имрӯз "Долони Вахон" як қаламрави камаҳолии баландкӯҳи Афғонистон аст, ки дар он чорводорони тоҷику қирғиз зиндагӣ мекунанд ва ин минтақа сарҳади ҷанубии Тоҷикистонро аз сарҳади шимолии Покистон ҷудо мекунад.

Сарҳади Афғонистону Чин, ки 76 километр дарозӣ дорад, дар канори пиряхҳои касногузар дар қаторкӯҳи Таг Думбаши Помир ҷойгир буда, онро Пекин танҳо дар соли 1963 эътироф кардааст. Бар хилофи русҳо, ки Осиёи Марказиро ғанимати худ меҳисобиданд, Чин қасд надошт, минтақаро мустақим забт кунад, балки дар сиёсати хориҷии худ байни қаламравҳои дувумдараҷа ва аз ҳама арзишманди вилоятҳои марказии Хон фарқ гузошт.

Ин кишвар дар тақсимоти ҳудудии Помир фаъолона ширкат накард, зеро дар давоми асрҳои 19 ва ибтидои асри 20 диққати Чин ба вилоятҳои марказӣ ва ҷанубӣ равона карда шуда буд. Фаронса ва Ҷопон, ки ният доштанд, ин кишварро аз шумори бозигарони ҷаҳон берун кунанд, Чинро "бемори Осиё" номиданд. Имрӯз Чин бозигари тавонои ҷаҳон аст, ки ба дурустии сарҳади ғарбии худ, аз ҷумла Помир, шубҳа мекунад.

Ин ки Чин то замони ба эътидол омадани вазъ дар Афғонистон босаброна мунтазир мемонад, то дар ивази қаламрав ба ин кишвар қарзҳои лозимиро бидиҳад, ба мисли чистон аст.

Баҳрагирони асосии “Бозии бузург” Бритониё ва Империяи Русия буданд, ки пас аз муноқишаи тақрибан бе хунрезӣ, дар ниҳоят ба мувофиқа расиданд: кӣ чиро назорат мекунад. Аз паси онҳо амирони афғон буданд, ки бар хилофи қудратҳои бузург бозӣ карда, тавонистанд, ба таҳкими Афғонистон ноил шаванд. Онҳо Ҳироту Катаған ва як қисми Бадахшонро ба худ тобеъ карда, минтақаи шимолиро мустаҳкам намуданд ва дар соли 1919 дар ҷанг алайҳи Бритониё пирӯз шуда, ба истиқлоли пурра даст ёфтанд.

Бухоро таъсири худро дар соҳили чап аз даст дод, аммо аввал дар симои императори Русия ва сипас аз соли 1920 дар симои болшевикон сарпарасти қавӣ пайдо кард.

ЗИНДАГИИ АЗ ҲАМ ҶУДО

Дарки умумии қавмӣ-миллии узбекон, тоҷикон, туркманҳо ва қирғизҳои ҳар ду тарафи сарҳад сарфи назар аз маҳдудиятҳои сиёсӣ ва зиндагӣ дар кишварҳои гуногун ҳанӯз ҳам боқӣ аст ва робитаҳои фарҳангӣ ва баъзан сиёсӣ қатъ нашудааст.

Пуле бар фарози дарёи Ому, ки Тоҷикистону Афғонистонро мепайвандад
Пуле бар фарози дарёи Ому, ки Тоҷикистону Афғонистонро мепайвандад

Эътирозҳои оммавии назаррас зидди баста будани марзҳо ва кӯшишҳо барои муттаҳидии миллӣ бо "бародарони он тарафи дарёи Ому" дар соли 1925 мушоҳида мешуданд. Инҷо сухан аз исёни Бадахшони кӯҳии Афғонистон меравад, ки алайҳи ҳукумати Кобул ва бедодгариҳои ақаллияти паштун бар тоҷикон равона шуда буд. Дар пайи саркӯби ин исён дар тобистони соли 1925 ҳашт ҳазор тоҷик бо раҳбарии Маҳрамбек дархост карданд, ки ба онҳо иҷозати маскун шудан дар Ҷумҳурии Мухтори Сотсиалистии Шӯравии Тоҷикистон ё силоҳ барои ҳимоят аз худ дода шавад.

Ҳамин тариқ, ба ҳукумати Душанбе фурсати муносибе барои паҳн кардани нуфузи худ дар миёни тоҷикони Афғонистон фароҳам шуд. Ба монанди он ки эрониҳо муштариёни худ (ҳазораҳо, тоҷикон ва қизилбошиҳо)-ро дар вилоятҳои ғарбии Афғонистон дастгирӣ карданд. Албатта, ин гардиш барои Маскав, ки аз амир Амонуллоҳхон (солҳои 1919-1929 ҳукмронӣ кардааст) розӣ буду намехост, инҳисор (монополия)-и сиёсати хориҷиро аз даст диҳад, қобили қабул набуд. Шӯро дархости мазкурро рад карда, гуфт, исёнро англисҳо маҳз бо дасти меҳтар (ҳоким)-и Читролу миёнаравии пешвои исмоилиён, Оқохони 3, барангехтаанд.

Як қисми помириҳои афғон (то 60 хонавода) тавонистанд, дар Тоҷикистон бимонанд, вале қисми бузурги гурезаҳо, ки аз ҷавоби радди тоҷикон ба ғазаб омада буданд, ба Афғонистон баргаштанд.

Тоҷикони Афғонистон чунин дархостро аз ҳаммиллатони худ дар ин тарафи дарёи Ому накарданд. Дин ва умумияти исломӣ муҳаббат ва муносибатҳои дилсӯзонаро ба ҳамимонони он тарафи дарё тақвият мебахшид. Самарқанду Бухоро на танҳо барои мусулмонони Осиёи Марказӣ, балки барои Осиёи Ҷанубӣ ва қитъаи Ҳиндустон низ муқаддас буданд. Пас аз он ки мустамликадорони англис дар миёнаҳои асри 19 Ҳиндустонро ғасб карданд, қисми зиёди уламои афғон аз мактабҳои динии Ҳиндустон ба Бухоро кӯчиданд (Бо барқарор шудани ҳукумати Шӯравӣ ҷавонони афғон ба мадрасаҳои Ҳиндустон баргаштанд).

Дар Осиёи Марказӣ зиёратгоҳҳои зиёде буданд, ки барои халқҳои ҳар ду тарафи рӯдхона як хел қадр доштанд. Дар миёни пешвоёни мусулмонон шайх, охунд ва эшонҳо – ворисони бародарони сӯфӣ, ки ҳар якеашон дар ду тарафи дарёи Ому ҳазорҳо шогирду мурид доштанд, кам набуданд.

Аҳмадшоҳ Масъуд
Аҳмадшоҳ Масъуд

"Шери Панҷшер" Аҳмадшоҳ Масъуд, ки солҳои 1980-ум зидди артиши Иттиҳоди Шӯравӣ ва солҳои 1992-2001 зидди гурӯҳи "Толибон" ҷангидаву имрӯз писараш ливои муқовимат бо "Толибон"-ро ба даст гирифтааст, гузаштагони худро зодагони Даҳбеди Самарқанд меномад. Сӯфиёни тариқати Нақшбандия, ки зуҳурашон ба ибтидои асри 15 бармегардад, ҳамеша бо он фарқ мекарданд, ки дар ҳаёти сиёсӣ иштироки фаъол дошта, ҳам дар миёни мардуми одӣ ва ҳам масъулон нуфуз доштанд. Бунёдгузор ва раҳбари Ҳизби ҷамъияти исломӣ ва президенти Афғонистон дар солҳои 1992-2001 Бурҳониддин Раббонӣ низ робитаи худро бо нақшбандиҳо қатъ накарда буд.

Қабилаҳои сӯфӣ гурӯҳҳои муташаккили хуб ва дорои интизоми сахти ҳамраъйиро (дар асоси садоқат ба бародарӣ, оила ва ҳамсояҳо) доштанд. Дар онҳо робитаҳои динӣ-ирфонӣ ва садоқат аз қабилаву маҳалгароӣ ва забоншиносиро фарқ кардан хеле душвор аст. Маҳз онҳо вазифаи "ҳимоят аз Ислом"-ро дар Бухоро, Афғонистон ва Ҳиндустон ба зимма гирифта буданд. Пешвоёни сӯфиҳо ҳеч гоҳ худро ба кадом як миллат ё қавме марбут намедонистанд. Онҳо барои иттиҳоди мусулмонон сарфи назар аз хусусиятҳои нажодӣ талош карда, низоъҳо миёни сардорони низомӣ ва раҳбарони қабилаҳоро ҳал мекарданд. Вале ин кор на ҳамеша ба онҳо муяссар мешуд.

Зеро шӯришгарон ҳамеша дар асоси нишонаҳои қавмию нажодӣ (на динӣ) таҳрик дода мешуданд ва худи исёнгарон ҳам идеологҳои худро камтар итоат карда, даст ба авбошӣ, ғоратгарӣ, низоъҳои қабилавӣ ва рақобат мезаданд. Аз ин рӯ, шӯриш дар Осиёи Марказӣ на ҳамчун ҷанги мазҳабӣ, балки ҳамчун як амали сирф иҷтимоӣ дар заминаи мазҳабӣ ба миён омад.

Хонандагон набояд фикр кунанд, ки Ислом ҳамеша ба хушунат даъват карда, ҳамаи сӯфиён низомиёни ҷиҳодӣ буданд. Аксари онҳо дар асл ба сулҳу оромиш даъват карда, дар низоъҳо ба хотири поён додани онҳо дахолат мекарданд. "Ҷамъияти исломӣ", ҳаракати муътадилу озод барои тамос бо Ғарб аз Русия ва Тоҷикистон кумак дарёфт карда, шимоли Афғонистонро дар солҳои 1990-ум аз ҷангҷӯёни “Толибон” ҳимоят мекард. Иттиҳоди қумандонҳои шимоли Афғонистон бо номи “Эътилофи Шимол” ҳампаймони боэътимоди Эътилофи байналмилалӣ буд, ки дар охирҳои соли 2001 ҳукумати “Толибон”-ро сарнагун сохт. Онҳо имрӯз низ бебокона зидди “Толибон” бархостаанд.

ШӮРИШ ВА МАРЗИ БУХОРО

Бухорои Шарқии ҳаммарз бо Афғонистон (ҷануби Тоҷикистон ва Узбекистони имрӯза) дар солҳои 1920-ум маркази муқобилият бо Шӯравиро ташкил медод. Наздикии марз, ки имкон медод, дар сурати шикаст ақибнишинӣ карда, баъд аз ҷамъоварии нерӯ дубора баргашт, барои ҳаракати шӯришгарон (босмачиҳо) наҷотбахш буд.

Қароргоҳи Амонуллоҳхон дар Ҳирот
Қароргоҳи Амонуллоҳхон дар Ҳирот

То миёнаҳои солҳои 1930-юм ин марзро мешуд бе мушкил гузашт. Зоирон, шӯришгарон, қочоқчиён, иктишофҳо, фанатикҳои мазҳабӣ, гурезаҳо ва муҳоҷирон аз ин имкон хуб истифода мекарданд. Алоқамандии афғонҳо ба ҳамдинони худ дар он тарафи дарёи Ому, ки дар солҳои 1920-ум зидди ҳукумати атеистии болшевикҳо меҷангиданд, комилан рӯшан аст. Ҳаракатҳои шӯришгар дар Туркистону Бухоро низ аз алоқамандии амир Амоннуллоҳхон, ки баъд аз сарнагуни империяи Усмонӣ мехост, аз фурсат истифода бурда, ҷои холишудаи "халифаи тамоми мусулмонҳо"-ро бигирад, бархурдор шуданд. Яке аз номзадҳои дигар ба ин мақом генерали олмонгаро ва домоди султон, Анвар Пошо, аз Туркия ронда шуд.

Вай дар Русия ҳамчун "инқилобгари Шарқ" ва душмани Англия зоҳир шуда, тирамоҳи соли 1921 ногаҳон ба босмачиёни Бухорои Шарқӣ пайваст. Ба ҳукумати Шӯравӣ шарт гузошт, ки қисмҳои Артиши Сурхро аз ҳудуди Бухоро берун бурда, ҳуқуқи ӯро барои таъсиси давлати мустақил эътироф кунад.

Сад сол пеш дар Ҳисору Кӯлоб шӯрише сар зад, ки Артиши Сурхро маҷбур сохт, то нерӯҳои худро қисман берун бурда, аз муҳофизати марз даст кашад. Анвар Пошшо шӯришро раҳбарӣ мекард ва аз сӯи Кобул, аз ҷумла вазири низомӣ Нодир Хон (шоҳи Афғонистон дар солҳои 1929-1933) низ дастгирӣ ёфт, ки бо Анвар мукотиба анҷом медод, афсаронро аз атрофиёни ӯ интихоб мекард ва ба шӯришгарон силоҳҳоеро мефиристод, ки бо пули ҷонибдорони Анвар Пошшо (аз ҷумлаи ҳизби ҷавонони турк, ки онҳоро аз Берлин тавассути каналҳои дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Олмон ба Кобул интиқол додаанд) харидорӣ мешуданд.

Ба тарафи чапи соҳили марз қисми назарраси артиши Афғонистон сафарбар карда шуд. Ибтидои соли 1922 бо мақсади тезонидани кор як гуруҳи 400-нафарии муташаккил аз ихтиёриёни Панҷшер зери фармондеҳии Мавлавӣ Абдулҳай барои кумак ба шӯришгарон сафарбар карда шуданд. Агар ба гуфтаи донишманди афғон Х.Халилӣ бовар кунем, дар ин гуруҳ Ҳабибуллоҳ Калаконӣ низ ҳузур дошт, ки соли 1929 нахустин амири тоҷик дар таърихи Афғонистон шуд. Ӯ, ки бо лақаби "Бачаи Саққо" маъруф буд, дар атрофҳои Душанбе ҳам ҷангидааст ва худи Анвар Пошшо низ инро зикр намудааст.

Агар ба гуфтаҳои муаллифони покистонӣ бовар кунем, Мавлавӣ Абдулҳай хатмкардаи Донишгоҳи Девбанди Ҳиндустон буда, аз сӯи Анвар Пошшо бо унвони "Шайх-ул-Ислом", яъне мақоме, ки ҳаққи додани фатворо дорад, сарфароз гардонида мешавад. Девбандия як ҳаракати суннимазҳаби ислоҳотгароест, ки дар асри 19 дар Ҳиндустон ба миён омада, дар навбати аввал ҳадаф гузошт, ки Исломи ҳиндустониро аз навоварӣ "тоза" кунад.

Анвар Пошшо
Анвар Пошшо

Хатмкардагони Девбанд дар аввали асри 20 дар саросари Ҳиндустон шабакаи мадрасаҳоеро ташкил карданд. Муборизаи қабилаҳои паштун бар зидди англисҳоро низ маҳз уламои девбандӣ раҳбарӣ мекарданд. Онҳо бар ин бовар буданд, ки пешвоёни динӣ бояд садоқати қабилавӣ, забонӣ ва қавмиро барҳам зада, кӯшишҳои парокандаи шӯришгаронро ба як самти ягонаи панисломӣ равона созанд. Бунёдгароии онҳо дар он хулоса мешуд, ки муллоҳо бояд сиёсатмадоронро раҳбарӣ кунанд, на баръакс. Девбандиҳо бо бархӯрди тунди худ дар масоили марбут ба занҳо ва таҳаммулнопазирӣ дар баробари шиаҳо фарқи калоне доштанд. Нуфузи Девбандияро ба шӯриши Бухорои Шарқӣ, ки хусусиятҳои хоси ҷанги қабилавӣ барои дифоъ аз Исломро низ дошт, мушоҳида кардан осон аст.

Пирӯзии Артиши Сурх бар нерӯҳои асосии шӯришиён дар Бухорои Шарқӣ дар моҳҳои март ва апрели соли 1922, инчунин, таҳдиди ҳукумати Шӯравӣ барои бас кардани кумаки моддӣ ва низомӣ ба Афғонистон, Амонуллоҳхонро маҷбур сохт, қароре қабул кунад, ки барои Анвар Пошшо ва тамоми шӯришиён бисёр мушкилу хатарнок буд.

Амонуллоҳхон моҳи июли соли 1922 ба Нодирхон амр дод, ки тамоми сарбозонро аз сарҳад барорад, дахолат ба умури Бухороро бас кунад. Сипас ӯро ба ҳайси сафир ба Париж "бадарға" кард. Дар моҳи августи соли 1922 Анвар Пошшо аз ҷониби Артиши Сурх дар Балҷувон (шимоли Кӯлоб) кушта шуд. Мавлавӣ Абдулҳай ба зиндони Афғонистон фиристода шуд, вале дере нагузашта озод гардид. Ӯ дар нимаи дуюми солҳои 20-ум ба таблиғоти худ дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон идома дод.

Илова ба кӯшишҳои ноком барои пуштибонӣ аз босмачиён ва Анвар Пошшо, Амонуллоҳхон соли 1921 ба амири фирории Бухоро, Саид Олимхон, паноҳгоҳ дод. Олимхон дар ҳоле ки ба таври рамзӣ маҳбуси хонагӣ буд, то онҷо, ки метавонист, ба шӯришиён раҳбарӣ мекард.

Поёни бахши аввал. Қисми дувум рӯзи панҷшанбе нашр мешавад, бозгашт ба сомонаро фаромӯш накунед.

Аз Идора: Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

XS
SM
MD
LG