Дар чанд ҷумла
Дар боғҳои тафреҳии Ишқобод пулиси ахлоқ амал мекунад

Пулиси шаҳри Ишқободи Туркманистон дар боғҳои фароғатӣ назоратро сахттар кардааст. Ҳолатҳои боздошти ҷавонон дар боғҳои Ишқобод афзудааст.
Пулис назорат мекунад, ки сокинон дар боғҳо бо кӣ мешинанд.
Ҳамроҳ нишастани писар ва духтари ҷавон боис мешавад, ки пулиси ахлоқ ба суроғи онҳо равад. Пулис метавонад, бо ҳам нишастани онҳоро манъ кунад.
Дар сурате, ки агар ҷавонон бо ҳам пайванде надошта, балки ҳамдарс бошанд, онҳоро ба идораи пулис хоҳанд бурд.
Назорати пулис дар Туркманистон одатан дар остонаи ҷашнҳои давлатӣ сахттар мешавад. Ҳоло он кишвар ба таҷлили 30-солагии истиқлоли давлатиаш омодагӣ мегирад.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Як ноболиғи русро ба куштани кӯдаки 9-солаи қирғиз айбдор карданд
Мақомоти Русия як ноболиғи 14-солаи русро ба куштани кӯдаки 9-солаи қирғизистонӣ айбдор ва нисбат ба ӯ парванда боз кардаанд.
Кумитаи тафтишотии Русия хабар дод, ки ноболиғ ба хонандаи муҳоҷир бо корд зад ва ӯ дар роҳ ба бемористон ҷон дод.
Дар наворҳо дида мешавад, ки худи гумонбар ҳам мелангад ва ӯ иддао дорад, ки гуё муҳоҷири навраси қирғизистонӣ аввал ба ӯ ҳамла намуд. Хабаргузориҳои маҳаллӣ навиштаанд, ки ноболиғ бо корд ба пойи худ зада, саҳнасозӣ кардааст.
Мақомоти Русия ба расонаҳо ангезаи кушторро "бадбинии миллӣ" номидаанд.
Ба навиштаи расонаҳо, дар телефони мобилии ноболиғи рус наворҳои дорои ангезаҳои миллатбадбинӣ ёфт шудааст.
Навраси рус ва кӯдаки муҳоҷири қирғиз дар як мактаб мехонданд ва ҳамдигарро мешинохтанд.
Ҳамла ба муҳоҷирон ва миллатбадбинӣ дар ҷомеаи Русия афзоиш ёфтааст.
"Сова", маркази назорат бар экстремизм дар як гузориши худ гуфтааст, ки аз баҳори соли 2023 "хушунатҳои нажодпарастона" дар Русия бо суръат афзоиш ёфтааст. Коршиносон мақомот ва матбуоти Русияро барои тарғиби нажодпарастӣ айбдор мекунанд.
Амрико як мансабдори Маҷористонро аз рӯйхати таҳримҳо берун кард

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рӯзи 15-уми апрел таҳримҳоро алайҳи як мансабдори баландпояи Маҷористон ё Венгрия лағв (бекор) кард.
Ин таҳримҳо дар моҳи январи имсол ба зидди Антал Роган, раиси дафтари сарвазири Маҷористон Виктор Орбан, бо иттиҳоми фасоди молӣ ва хешутаборбозӣ эълон шуда буд.
Вазорати молияи Амрико дар паёме дар торнамои расмияш навишт, ки Роган аз рӯйхати таҳримҳо берун карда шуд.
Сухангӯйи Департаменти давлатӣ ё Вазорати корҳои хориҷии Амрико Тэмми Брюс гуфт, котиби давлатӣ Марко Рубио рӯзи 15-уми апрел дар суҳбат бо вазири корҳои хориҷии Маҷористон Петер Сиярто ӯро аз ин тасмим хабардор кардааст.
Виктор Орбан, сарвазири Маҷористон аз ҷумлаи ҷонибдорони фаъоли президенти Амрико Доналд Трамп дар Аврупост.
Ҳамла ба Одесса ва Херсон; як кас кушта ва чанд нафар захмӣ шуд

Нерӯҳои Русия шаби 15 ба 16-уми апрел бо ҳавопаймоҳои бесарнишин ба Одессаи Украина ҳамла кардаанд.
Бахши украинии Радиои Озодӣ навишт, ки дар чанд гӯша сӯхтор сар зад ва камаш се кас маҷруҳ шуд.
Дабири кулли НАТО Марк Рютте рӯзи 15-уми апрел дар Одесса буд ва бори дигар пуштибонии созмонро аз Украина иброз дошт.
Дар ҳамин ҳол, субҳи 16-уми апрел дар натиҷаи ҳамлаи Русия ба шаҳри Херсони Украина як кас кушта шуда, се нафар осеб дид.
Раиси маъмурияти низомии шаҳри Херсон Роман Мрочко ҳангоми сабти як паёми видеоӣ ба мардум мавриди ҳамлаи Русия қарор гирифт.
Вай осеб надидааст. Дар ин бора худи Мрочко дар саҳифааш дар Телеграм хабар дод.
Қатар аз Тоҷикистон коргар меҷӯяд

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо пахши як эълон шаҳрвандони кишварро барои кор дар ширкати "Jusour" дар фурудгоҳи Қатар ба ҳайси фурӯшанда-мушовир, даъват кардааст.
Намояндагони Вазорати меҳнат мегӯянд, маблағи чиптаи ҳавопаймо барои рафту омад, раводид, ҷойи хоб, хӯрок, либоси корӣ, нақлиёт ва хизматрасонии тиббӣ, аз сӯи корфармо пардохт мешавад.
Аз довталабоне, ки дар ин вазифа кор кардан мехоҳанд, доштани 2 сол таҷрибаи корӣ дар самти фурӯшу хидматрасонӣ ба муштариён ва озод суҳбат кардан бо забонҳои русиву англисӣ, талаб карда мешавад.
Ба навиштаи ин ниҳод, музди меҳнат барои як моҳ 700-750 евро ё беш аз 8 ҳазор сомонӣ буда, беш аз 50 нафар барои кор дар ин вазифа қабул карда мешаванд.
Мақомоти Тоҷикистон талош доранд ба ҷуз Русия, роҳи муҳоҷирони тоҷик ба дигар кишварҳо боз шавад.
Аз ҷумла, шаҳрвандони Тоҷикистон дар солҳои ахир барои кор ба Британияи Кабир фиристода мешаванд. Вале шумораи онҳо хеле кам аст.
Зилзила бори дигар бахшҳое аз Тоҷикистонро такон дод

Субҳи 16-уми апрел зилзила шаҳри Душанбе ва гӯшаҳои дигари Тоҷикистонро такон дод.
Аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки заминларза соати 04:15 ба вақти маҳаллӣ рух дод ва қувваи он дар шаҳри Душанбе 3 дараҷа буд.
Намояндагони Маркази идоракунии ҳолатҳои буҳронии КҲФ гуфтанд, "маркази заминларза 320-километрии ҷанубу ғарби шаҳри Душанбе ва дар ҳудуди Афғонистон ҷойгир буд."
"Дар марказ, яъне дар ҳудуди Афғонистон қувваи заминларза 5-6 дараҷа, дар ҳудуди ноҳияи Ишкошими ВМКБ 4 дараҷа ва дар Душанбе 3 дараҷаро ташкил дод. Хисороти ҷонӣ ва молӣ сабт нашудааст," -- гуфтанд дар Кумита.
Дар ҳамин ҳол, расонаҳои покистонӣ гузориш доданд, ки зилзила вилоятҳои Хайбар-Пахтунхоҳ, Кашмир ва Панҷоби он кишварро низ такон додааст.
Ба иттилои Маркази зилзилашиносии Покистон, маркази он дар кӯҳҳои Ҳиндукуш дар вилояти Бағлони Афғонистон будааст. Қувваи заминларза дар марказаш 5,6 дараҷаро ташкил дод.
Давоми як ҳафтаи охир бори чандум аст, ки зилзила қаламрави Тоҷикистонро такон медиҳад. Бар асари зилзилаи рӯзи 13-уми апрел дар ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод 94 хона пурра ва 50 хона қисман вайрон шуда, ба 61 манзил осеби сабук расид.
Инчунин, се мактаб ва тақрибан дусад иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла чойхонаву бунгоҳи тиббӣ зарар дидаанд. Як сокини хурдсоли ноҳияи Рашт дар ин ҳодиса ҷон бохт.
Барканории раиси Суми пас аз ҳамлаи мушакии Русия

Баъд аз ҳамлаи мушакии Русия ба Суми, ки беш аз сӣ кушта барҷой гузошт, Владимир Артюх, раиси маъмурияти низомии ин минтақаи Украинаро аз кор гирифтанд.
Ҳукумати Украина дар ин бора рӯзи 15-уми апрел қарор қабул кард. Олег Григоров раиси нави маъмурияти низомии вилояти Суми таъйин шуд.
Дар ҳамлаи мушакии Русия ба Сумии Украина дар рӯзи 13-уми апрел зиёда аз сад нафар, аз ҷумла понздаҳ кӯдак низ захмӣ шуданд.
Баъзе аз мансабдорони Украина Владимир Артюхро муттаҳам карданд, ки ӯ дар рӯзи ҳамла маросими ҷоизасупорӣ ба сарбозони нерӯҳои марзбонии Сумиро ташкил кард ва ҷони бисёриҳоро дар хатар гузошт. Ба гуфтаи онҳо, нерӯҳои Русия аз маърака хабардор шуда, ба шаҳр зарба задаанд.
Артюх эътироф кард, ки маросими ҷоизасупорӣ буд, аммо иддао дорад, ки ӯ созмондиҳанда набуд.
Вазорати дифои Русия дар гузориши худ дар бораи ҳамла ба Суми дар бораи маросими супурдани ҷоиза ёдовар нашудааст. Вазорат иддао дорад, ки ҳадафи ҳамла "нишасти ситоди фармондеҳии нерӯҳои мусаллаҳи Украина" буд, вале ягон далеле пешниҳод накард.
Вазири мудофиаи Тоҷикистон ба Эрон рафтааст

Эмомалӣ Собирзода, вазири мудофиаи Тоҷикистон, ки тақрибан се моҳ пеш ба ин мақом таъйин шуд, дар раъси як ҳайат ба Эрон рафтааст.
Мақомоти Тоҷикистон дар ин замина хабар надоданд.
Ба гузориши расонаҳои Эрон, ӯ рӯзи 14-уми апрел бо волии Форс ва рӯзи 15-уми апрел бо вазири дифои Ҷумҳурии Исломӣ мулоқот кард.
Ҷузъиёти суҳбатҳои ду тараф дастрас нест.
Бар асоси он чи расонаҳои Эрон навиштанд, Эмомалӣ Собирзода ва ҳамтои эронияш Амир Насирзода ба ҳамкории бештар, талошҳои муштарак дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ, қочоқи аслиҳа ва ҷиноятҳои созмонёфта таъкид кардаанд.
Душанбеву Теҳрон дар даҳ соли охир робитаи печидае доштанд.
Тоҷикистон Эронро ба ҳимоят аз исломиёни мухолифи давлат муттаҳам мекард. Қарзи “Барқи тоҷик” аз нерӯгоҳи “Сангтӯда-2” ва сарнавишти пулҳои тоҷири эронӣ Бобаки Занҷонӣ баҳси дигари тарафҳо буд.
Соли 2019, пас аз имзо шудани санаде, робитаҳои ду кишвар тағйир ёфт ва рӯ ба гармӣ овард.
"Ислоҳталаб ва тағйирпазир нест." Нишасти мухолифони "Толибон"

Мухолифони сиёсӣ ва низомии ҳукумати "Толибон" дар Афғонистон рӯзи 14-уми апрел дар як нишаст ба муборизаи мусаллаҳона алайҳи ин режим таъкид карданд.
Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, гурӯҳи "Толибон"-ро ба "зулм ва террор" муттаҳам кард ва афзуд, ки ҳеч ҳукумат бе пуштибонии мардум бақо надорад.
Вай иддао кард, ки ирода ва хоҳиши мардум барои мубориза бо ҳукумати "Толибон" дар Афғонистон афзоиш ёфтааст.
Нишаст дар пайванд ба дувумин солгарди куштори ҳафт нерӯи зидди "Толибон" ба таври маҷозӣ ё интернетӣ баргузор шуд.
Ёсин Зиё, раҳбари Ҷабҳаи озодӣ, гуфт, "Толибон" як гурӯҳи ислоҳталаб ва тағйирпазир нест ва ягона роҳи ҳал "сарнагун кардани ин гурӯҳ аст".
Зиё ин ҳарфҳоро дар вокуниш ба баста шудани дафтари Ҳизби исломӣ дар вилояти Кундуз баён дошта, Гулбуддин Ҳикматёр, раҳбари ин ҳизбро даъват кард, ба ҷабҳаи зидди "Толибон" бипайвандад.
Ҳукумати "Толибон" то ҳол дар бораи ин иддао изҳори назар накардааст.
Ҳамла ба Курск: Як зан кушта ва нуҳ нафар захмӣ шудаанд

Мақомоти Русия рӯзи 15-уми апрел иддао карданд, ки бар асари ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини украинӣ дар шаҳри Курск як зани 85-сола кушта ва 9 нафар захмӣ шудаанд.
Раиси вилояти Курск дар Телеграм навишт, ки "шаҳри Курск дар шабонарӯзи гузашта мавриди ҳамлаи густурдаи душман қарор гирифт."
"Дар натиҷаи ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишин чанд хонаи бисёрошёна оташ гирифт," – гуфт иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Курск Сергей Котляров дар Телеграм.
Ӯ афзуд, сокинон ба бинои мактаб кӯчонда шуданд.
Маъмурияти минтақа мегӯяд, ҳавопаймоҳои бесарнишин ба гаражи мошинҳои "Ёрии таъҷилӣ" низ зарба зад ва ба 11 мошин зарар расонд.
Ба навиштаи саҳифаҳои Baza ва SHOT дар Телеграм, ки аксаран аз манобеи амниятӣ ва интизомии Русия иттилоъ пахш мекунанд, зиёд аз 20 таркиш Курскро такон додааст.
Як ҷунбиши мухолиф хоҳони ҳукумати муваққати Тоҷикистон дар хориҷ шуд

Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, як созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, хоҳони "Муколамаи умумимиллӣ" ва "таъсиси ҳукумати муваққат дар табъид" шудааст.
Ин созмони воқеъ дар Амстердам рӯзи 15-уми апрел дар изҳороте гуфт, "Тоҷикистон дар ҳолати буҳрони шадиди сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва башарӣ қарор дорад, ки сабаби он ғасби қудрат аз ҷониби оилаи президент Эмомалӣ Раҳмон ва наздикони ӯ мебошад."
Мақомоти Тоҷикистон ба ин изҳорот ҳанӯз вокуниш накардаанд, аммо дар гузашта чунин танқидҳоро рад карда буданд.
Ҷунбиши ислоҳот ва рушд гуфтааст, давоми сӣ соли охир "асосҳои сохтори конститутсионӣ дар кишвар аз байн рафта, ниҳодҳои демократӣ нобуд ва мухолифони сиёсӣ несту ҷомеаи шаҳрвандӣ саркӯб шуданд."
"Дар чунин шароит, мо бар онем, ки фаро расидани лаҳзаи таърихӣ барои Муколамаи умумимиллӣ равандест саривақтӣ, фарогир ва ошкоро, ки дар он бояд садои ҳамаи нерӯҳои озод ва масъули ҷомеаи тоҷик шунида шавад," – гуфт Шарофиддин Гадоев, раиси Ҷунбиши ислоҳот ва рушд.
Аз соли 2015 то кунун ҳазорҳо нафар бо далелҳои гуногун, аз ҷумла таъқиб барои мавқеи сиёсӣ, аз Тоҷикистон дар Аврупо паноҳанда шуданд.
Намояндагони мухолифон чандин созмон ташкил кардаанд, аммо ин аз мавридҳои камшуморест, ки барои таъсиси ҳукумати Тоҷикистон дар табъид пешниҳод садо медиҳад.
Ҳукумати дар табъид дар баъзе аз кишварҳо, аз ҷумла Яман амал мекунад. Аксар қисматҳои Яман (шаҳри Санъо) дар ихтиёри шӯришиёни ҳусӣ аст ва барои ҳамин ҳукумати ба расмият шинохтаи Яман хориҷ аз ин кишвар фаъолият мекунад.
Ду ноболиғ дар Тоҷикобод ғарқ шудаанд

Ду писари 4 ва 6-сола дар ноҳияи Тоҷикобод ғарқ шудаанд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, ҳодиса 14-уми апрел рух додааст.
Ба қавли манбаъ, ин ду писар берун аз назорати волидайн дар дарёи Шӯрак оббозӣ карда, ҷонашонро аз даст доданд. Ҷасади ҳарду ноболиғро пайдо карда ба наздиконаш супоридаанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз волидайн дархост кардааст, ки фарзандони худро беназорат нагузоранд.
Ғарқ шудани ду ноболиғ дар ҳолест, ки минтақаи Рашт рӯзи 13-уми апрел шоҳиди заминларзаи сахте шуд. Дар пайи ин ҳодиса як писари 3-сола зери девор монда ба ҳалокат расид ва даҳҳо манзил дар ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод осеб дид.
NYT: Ёриҳои Департаменти давлатӣ барои кишварҳои фақир шояд бас шавад

Маъмурияти Доналд Трамп пешниҳод кардааст, ки буҷаи Департаменти давлатии Амрико 50 дарсад кам карда шавад. Дар ин бора нашрияи "Ню Йорк Таймз" хабар додааст.
Ба қавли ин расона, тибқи санадҳо буҷаи Департаменти давлатӣ ё Вазорати корҳои хориҷии Амрико аз 54 миллиард ба 28 миллиард доллар коҳиш дода мешавад. Ин кор ба қавли расона, метавонад ба маблағузории ИМА ба Созмони Милал ва НАТО таъсири ҷиддӣ расонад.
"Ню Йорк Таймз" менависад, Амрико метавонад маблағгузорӣ ба амалиётҳои сулҳҷӯёна, барномаҳои фарҳангӣ ва омӯзиширо, ки аз тарафи Департамент анҷом мешуданд, пурра қатъ кунад. Инчунин мумкин аст, нисфи маблағ барои хариди ёриҳои башардӯстона ва лоиҳаҳо барои таъмини дору ва ваксина барои кишварҳои қашшоқ низ қатъ шавад.
Пешниҳоди Кохи Сафед дар бораи буҷа бояд аз сӯи Конгресс тасдиқ шавад. Дар миёни қонунгузорони Амрико кам нестанд нафароне, ки мухолифи кам кардани барномаҳои ҷаҳонӣ ҳастанд.
Вакил гуфт, гумонзадҳои ҳамла ба "Крокус" солим дониста шудаанд

Гумонзадҳои ҳамла ба толори консертии "Крокус" дар вилояти Маскав аз лиҳози равонӣ солим дониста шудаанд.
Дар ин бора Олег Власов, вакили дифои Далерҷон Мирзоев, шаҳрванди Тоҷикистон ва яке аз гумонбарон, рӯзи 14-уми апрел ба хабаргузории расмии "РИА Новости" иттилоъ додааст.
Ба гуфтаи вакил, ташхис маълум кардааст, ки гумонбарон амалҳои худро дар ҷараёни ҳамла ба "Крокус" дарк менамуданд.
Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор, намояндаи "Гурӯҳи 24", як созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, мегӯяд, "маълум нест, ки ташхис дақиқан кай анҷом дода шудааст."
"Дувум, аз замони ҳамла беш аз як сол мегузарад. Мехоҳанд, ҳам ҷазои онҳоро сахттар кунанд ва ҳам нишон диҳанд, ки гумонбарон ҷавобгӯйи ин амали террористӣ ҳастанд," -- афзуд ӯ.
Ҳамла ба толори консертии "Крокус" рӯзи 22-юми марти соли 2024 рӯй дод ва дар натиҷа 144 нафар куштаву садҳо тан захмӣ шуданд.
Мақомоти қудратии Русия беш аз 20 нафар, асосан зодагони Тоҷикистонро бо гумони тарҳрезӣ, иҷро ва ёрӣ дар ҳамла боздошт карданд, вале то кунун баъзе шубҳаву суолҳо боқӣ мондааст.
Ҳодисаи “Крокус”, ки муҳоҷирони тоҷик дар марказаш қарор гирифтанд, ба кору зиндагӣ ва нақшаву нияти даҳҳо ҳазор кас дар Тоҷикистон ва Русия таъсир гузошт. Ҳарчанд муносибати дағал, санҷишҳои пайиҳам, маъракаи зидди муҳоҷирон дар Русия ва боздошту ихроҷи онҳо то моҳи марти соли 2024 низ ҷой дошт, баъди он бештар шуд.
Паёми ҳамдардии сафорати Амрико дар Тоҷикистон

Сафорати Амрико дар Тоҷикистон ба осебдидагон дар заминларза дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод изҳори ҳамдардӣ кардааст.
Паёми сафорат рӯзи 14-уми апрел дар саҳифаи расмиаш дар Фейсбук нашр шуд.
"Мо ба барқарории ҳар чӣ зудтари минтақаҳои осебдида умедвор ҳастем," -- гуфта шудааст дар нома.
Дар заминларзаи рӯзи 13-уми апрел дар ду ноҳияи минтақаи Рашт 94 хона пурра ва даҳҳо манзили дигар қисман вайрон шудаанд.
Як навраси сесола дар зери девор монда, ҷон бохт.
Дастури мақомоти Узбекистон баъд аз шикояти зоирони тоҷик

Мақомоти Узбекистон хоҳони тафтиши ширкатҳое шудаанд, ки шаҳрвандонро барои ҳаҷи умра ба Арабистони Саудӣ мебаранд.
Онҳо ба шаҳрвандон низ ҳушдор додаанд, ки аз хадамоти ширкатҳои бе иҷозатнома истифода накунанд, вагарна аз роҳи сафар ба Каъба пас гардонда мешаванд.
То кунун ҳазорон тоҷикистонӣ ба воситаи ширкатҳои Узбекистон ба ҳаҷи умра рафтаанд.
Рӯзи 7-уми апрел як гурӯҳ аз онҳо даъво карданд, ки фиреб хӯрдаанд. Ба гуфтаи онҳо, ширкати “Ахи Тур” аз Узбекистон барои 14 рӯз онҳоро барои адои ҳаҷи умра бурд, аммо бо гузашти 20 рӯз ба ватан пас намеорад.
Мақомоти Узбекистон ба ин назаранд, ки аксар шаҳрвандонро ширкатҳое ба ҳаҷ мебаранд, ки чунин иҷозатнома надоранд. Пештар дар Узбекистон чанд ширкатро барои ташкили сафарбарии ғайриқонунӣ ба ҳаҷи умра ҷарима баста буданд.
Ширкатҳои Узбекистон бо нархи то 1440 доллар шаҳрвандонро ба ҳаҷи умра мебаранд.
Аксар шаҳрвандони Тоҷикистон бо дарназардошти арзонӣ аз Тошканд ба Саудӣ парвоз мекунанд. Ширкатҳои тоҷикистонӣ ин корро бо нархи аз якуним то дуним ҳазор доллар анҷом медиҳанд.