Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Гуфтанд, ки бо салафиҳо ош хӯрд." Норозигии пайвандони як зиндонии маъюб. ВИДЕО


"Гуфтам, ки ош хӯрдан ҷиноят аст?"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:20 0:00

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед

Пайвандони як ҷавони маъюб иддао доранд, ки фарзандашон "бегуноҳ зиндонӣ шудааст" ва дар маҳбаси шаҳри Хуҷанд "азият мекашаду ба кумак ниёз дорад". Абдукамол Аҳадовро моҳи июли имсол бо гуноҳи узвият дар созмони фаъолияташ мамнӯи "Салафия" ба панҷ сол ҳабс маҳкум карданд.

Бино ба ҳукми Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, мақомот гуноҳи Аҳадовро тасдиқшуда номидаанд. Вале ӯ пеш аз ҳабс дар муроҷиати видеоӣ ба раисҷумҳури Тоҷикистон ба бегуноҳияш пофишорӣ дошт.

"Оши хайрия" ё "оши салафиҳо"?

Волидонаш иддао доранд, ки Абдукамолро барои қабули оши хайрия аз ҷониби дӯстонаш дастгир ва зиндонӣ кардаанд. Ҳоло онҳо бозбинии ҳукмро талаб доранд.

"Бо сабаби бемории ҳамагир моро ба толори додгоҳ роҳ надоданд. Додрас баромаду гуфт, писари ту ҳам маҳкум шуд. Гуфтам, вай маъюб аст, ақаллан ҳабси хонагӣ медодед. Додрас "писари ту бо онҳо ош хӯрдааст" гуфту рафт", -- нақл кард Абдукарим Аҳадов, падари Абдукамол рӯзи 28-уми октябр.

Мақомот мегӯянд, ин сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро дар қатори 17 нафаре, ки ба узвият дар созмони мамнӯи "Салафия" гунаҳкор шуданд, ба панҷ сол зиндон маҳкум карданд.

Мурофиа паси дарҳои баста дар боздоштгоҳи рақами дуи шаҳри Хуҷанд ва бе ҳузури хешовандону хабарнигорон гузашт. Маълум нест, ки маҳкумшудаҳо дар сухани охирини худ чӣ гуфтаанд. Дар ҳалномаи додгоҳ навиштаанд, ки аз ин афрод ҳамчун далели шайъӣ телефонҳои ҳамроҳ гирифта шуд.

Абдукамол Аҳадов пеш аз эълони ҳукм дар муроҷиати видеоӣ гуфта буд: "Аввал гуфтанд, туро бо моддаи "хабар надодан" ҳукм мекунем ва бо ҷарима халос мешавӣ. Баъдан бар асоси моддаи "узвият дар созмонҳои мамнуъ" баррасӣ карданд."

"Вай дар зиндон бе парастор азият мекашад"

Ба нақли наздиконаш, Абдукамол маъюби модарзод аст ва мустақилона ҳаракат карда наметавонад. Ӯро ҳангоми дар озодӣ будан ҳамсар ва пайвандон нигоҳубин мекардаанд. "Вай дар зиндон бе парастор азият мекашад", -- шикоят доранд онҳо.

"Аз зиндониҳои дигар хоҳиш мекунад, ки ӯро ба ҳоҷатхона баранд. Барои дам ба дам муроҷиат кардан шарм медорад ва мегӯяд, дар шабонарӯз як бурида нон ва як ё ду пора гӯшт мехураду кам-кам об менӯшад, то бисёр қазои ҳоҷат накунад", -- иддао кард Абдукарим Аҳадов.

Мақомоти зиндон барои посух гуфтан ба ин иддао дастрас набуданд. Дар сурати ба даст омадани иттилоъ онро дар мақола ҷой медиҳем.

Баъзе аз ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, дар парвандаи Абдукамол маъюб будани ӯ бояд ба эътибор гирифта мешуд. Ба қавли ҳуқуқдон Далер Қурбонов, "қонуни ҷиноии Тоҷикистон барои шахсоне, ки беморанд, як имтиёз пешбинӣ кардааст. Додрас бояд тибқи моддаи 79-и Кодекси ҷиноӣ ҷазои ӯро сабуктар мекард ё озод менамуд."

Умеди охирини пайвандони Абдукамол Аҳадов ба додгоҳи зинаи болоӣ аст, ки барои сабук кардани ҷазои ӯ муроҷиат кардаанд.

Аз "Салафия" то "Толибон"

Ҷараёни тозапайдои мазҳабии "Салафия" аз соли 2009 дар Тоҷикистон мамнуъст ва то ин дам даҳҳо нафарро бо ҷурмӣ узвият ва ҳаводорӣ аз он боздошту зиндонӣ кардаанд.

Ба ҷуз ин, Додгоҳи олии кишвар ҳабдаҳ созмони дигарро террористиву ифротгаро ва мамнуъ донистааст, ки аз "Ал-Қоида", ДОИШ-у “Толибон”, “Ҷамоати Таблиғ”, Ҳизби наҳзати исломӣ ва “Гуруҳи 24” то Паймони миллӣ, эътилофи созмонҳои мухолифини тоҷик дар хориҷаро дар бар мегирад. Раҳбарони баъзе аз ин созмонҳо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистонро ноодилона ва талоше барои аз саҳнаи сиёсати кишвар дур кардани худ медонанд.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва кишварҳои ғарбӣ чанд сол боз Тоҷикистонро барои саркӯби диндорон ва маҳдудияти озодиҳои мазҳабӣ танқид мекунанд, аммо мақомот баъзе аз чораҳоро барои пешгирӣ аз ифротгароӣ муҳим мешуморанд.

XS
SM
MD
LG