Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Сегона+" вазъи ҳамсояи Тоҷикистонро баррасӣ кард. Дар Деҳлӣ аз чӣ гуфтанд?


Иштирокдорони нишасти Исломобод
Иштирокдорони нишасти Исломобод

Мулоқоти намояндагони Амрико, Русия ва Чин дар бораи Афғонистон бо мизбонии Покистон рӯзи 11-уми ноябр дар шаҳри Исломобод оғоз шуд. Вазири корҳои хориҷии Покистон хоҳони гуфтугӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ бо "Толибон" шуд ва ҳушдор дод, то ба ин кишвари ҷангзада ҳарчӣ зудтар кумакҳои башарӣ ироа шавад.

Ду нишаст

Дар нишасти Исломобод иштирок мекунанд:

Покистон

Амрико

Чин

Русия

Дар нишасти Деҳлӣ ҳузур доштанд:

Ҳиндустон

Русия

Эрон

Тоҷикистон

Узбекистон

Туркманистон

Қазоқистон

Қирғизистон

Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ дар оғози нишаст гуфт, "ҳеч кас намехоҳад шоҳиди бозгашти дигарбора ба ҷанги дохилӣ бошад, ҳеҷ кас хоҳони фурӯпошии иқтисодӣ нест, ки сабаби ноамнӣ шавад. Ҳама мехоҳанд, ки бо унсурҳои террористии фаъол дар дохили Афғонистон ба таври муассир мубориза бурда шавад ва ҳамаи мо мехоҳем, аз як буҳрони нави муҳоҷират пешгирӣ кунем."

Дар нишасти "сегона+" ҳамчунин намояндаи нави Амрико дар умури Афғонистон, Томас Вест, иштирок дорад. Дар қисмати охири рӯзи 11-уми ноябр интизор меравад, дипломатҳои Амрико, Русия ва Чин бо сарпарасти Вазорати корҳои хориҷии ҳукумати "Толибон" Амирхон Муттақӣ, ки дар раъси як ҳайати 20-нафарӣ дар Исломобод қарор дорад, мулоқот кунанд.

Ниҳодҳои кумакрасон ва гурӯҳҳои мудофеи ҳуқуқи башар ҳушдор додаанд, ки баъди ба қудрат расидани "Толибон" дар миёнаҳои моҳи августи имсол, Афғонистон дар ҳоли рӯбару шудан ба як буҳрони инсонист.

Иқтисоди Афғонистон бинобар қатъи кумакҳо ва маҳдудиятҳои ҷоришуда бар низоми бонкӣ аз сӯи ҷомеаи байналмилалӣ, ки режими "Толибон"-ро бинобар нодида гирифтани ҳуқуқи занон ва ҳамчунин ҳамашумул набудани ҳукумат ба расмият намешиносад, дучори рукуд шудааст.

Покистон аз Амрико ва кишварҳои дигар даъват кард, то иҷоза диҳанд, ба ҳадафи пешгирӣ аз суқути иқтисоди Афғонистон, кумакҳо ба ин кишвари ҷангзада сарозер шаванд.

Ин кишвар ҳамчунин хостааст, миллиардҳо доллар дороиҳои Бонки марказии Афғонистон, ки дар хориҷи кишвар дар ихтиёр дорад, озод карда шавад.

Мулоқоти рузи 11 ноябр охирин ҳамоиши ҷиддии дипломатӣ дар минтақа буд. Ҳинд як руз пеш мизбони нишасти амниятӣ дар бораи Афғонистон буд. Дар ин ҳамоиш намояндагони Русия, Эрон ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ -- Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон ширкат доштанд. Чину Покистон даъватро напазируфтаанд.

Нишасти Деҳлӣ дар мавриди Афғонистон рӯзи 10-уми ноябр баргузор шуд
Нишасти Деҳлӣ дар мавриди Афғонистон рӯзи 10-уми ноябр баргузор шуд

Иштирокдорон дар суханрониҳои худ аз буҳрони иқтисодӣ ва инсонӣ дар Афғонистон ва мавҷи нави муҳоҷират изҳори нигаронӣ карда, хоҳони ташкили ҳукумати фарогир ё ҳамашумул ва афзоиши кумакҳо ба ин кишвар шуданд. Дар эъломияе дар поёни нишаст ба Афғонистони босубот ва сулҳомез таъкид шуда, омадааст, набояд аз хоки Афғонистон ҳамчун махфигоҳ, маҳалли омӯзиш ва пуштибониву барномарезии терроризм истифода карда шавад.

Ширкаткунандагон ҳамчунин хостори талошу ҳамкории муштарак дар мубориза бо ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир дар минтақа шуданд. Насрулло Маҳмудзода, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон, гуфт, "вазъияти ҳозира хатар ва имкони афзоиши қочоқи маводи мухаддир, терроризм ва ҷинояткориро ба вуҷуд овардааст. Вазъ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар ҳоли ҳозир зери таъсири омилҳои манфии зиёде печида мемонад."

Гурӯҳи "Толибон" 15-уми августи имсол, пас аз фирори президенти вақт Ашраф Ғанӣ, вориди Кобул шуд ва қудратро ба даст гирифт. Бо вуҷуди талошҳои зиёди "Толибон" ва ҷонибҳои пуштибони онҳо, ҳанӯз ҳеч кишвар ҳукумати онҳоро ба расмият нашинохтааст. Ҳарчанд баъзе аз кишварҳои ҳамсоя бо намояндагони “Толибон” мулоқот карда, ба онҳо кумак фиристодаанд.

Тоҷикистон ягона кишвар аз шумори ҳамсояҳои Афғонистон аст, ки дар баробари ҳаракати "Толибон" мавқеи оштинопазир гирифтааст. Душанбе аз Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон пуштибонӣ мекунад, ки дуним моҳ пеш бо раҳбарии Аҳмад Масъуд, писари фармондеҳи маъруфи зидди Шӯравӣ ва муқовимати аввали зидди "Толибон", Аҳмадшоҳи Масъуд, таъсис шуд.

XS
SM
MD
LG