Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорат: Ҳафт шаҳрванди Қирғизистон захмӣ шуданд


Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, дар задухӯрди мусаллаҳона дар марз бо Тоҷикистон ҳафт шаҳрванди он кишвар захмӣ шудаанд. Вазорати тандурустии Қирғизистон хабар дод, ки маҷруҳонро аз деҳаи Куктош ба бемористони вилояти Бодканд бурданд.

Манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, аз тарафи Тоҷикистон 17 нафар захмӣ шуда, дастикам як нафар кушта шудааст.

Задухӯрди мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон шоми 27-уми январ оғоз шуд. Хадамоти марзбонии Қирғизистон хабар дод, ки низомиёни тоҷик аз гранатомёт ва миномёт истифода мекунанд. Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҷониби Қирғизистонро ба сар кардани ҳамлаи мусаллаҳона дар сарҳад гунаҳкор карда, ҳамзамон талафот миёни сокинон ва марзбонҳои Тоҷикистонро тасдиқ намуд.

Пеш аз он ду тараф якдигарро ба бастани роҳ гунаҳкор карданд.

XS
SM
MD
LG