Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дерипаска хост, Русия ҷангро дар Украина бас кунад


Олег Дерипаска
Олег Дерипаска

Олег Дерипаска, миллиардери рус, ки бо равобити наздикаш бо президенти Русия Владимир Путин маъруф аст, мехоҳад, ба ҷанг дар Украина хотима диҳанд.

"Сулҳ хеле муҳим аст! Музокироти сулҳро дароз кардан аҳмақона аст," – навишт ӯ рӯзи 3-юми март дар Telegram.

Дерипаска, ки аз ҷониби Ғарб таҳрим шудааст, аз эҳтимоли садамаи ҳастаӣ дар ҳама гуна иншооти ҳастаии Украина дар ҷараёни ҷанг ҳушдор дод. Ӯ афзуд, ин хатар ба Русия, Украина ва дар умум Аврупо таҳдид мекунад.

Миллиардерҳои дигар, Михаил Фридман, Петр Авен, Олег Тинков ва Алексей Мордашов, ки низ зери таҳримҳои Ғарб қарор гирифтанд, ошкоро хоҳони қатъи ҷанг дар Украина шуданд.

Ҳамлаи густурдаи низомии Русия зидди Украина 24-уми феврали имсол оғоз шуд.

XS
SM
MD
LG