Чанд хонаводаи сокини як бинои баландошёнаи дар шаҳри Хуҷанд, ки дар оташсӯзӣ хонаҳояшон осеб дида буд, дар сардиҳои рӯзҳои ахир ранҷ мекашанд.
Дар сӯхторе, ки рӯзи 15-уми март дар бинои баландошёнаи маҳалаи 20-уми шаҳри Хуҷанд шуд, беш аз 10 хона комилан ба коми оташ рафта ва тақрибан ба нисфи бошандагони он зиён диданд. Ҳарчанд талафоти ҷонӣ ё захмбардоштагон аз ин ҳодиса ба қайд гирифта нашудаанд, вале чанд рӯз аст, ки сокинони он аз ҷойи зисти худ маҳрум шудаанд.
Мирзосайфӣ Ёқубов, сокини ин бино аз ҳукумат дархости кумак кардааст. “Хоҳиши мо ҳамин, ки ҳукумат ёрдам кунад. Аққалан бомашро пӯшанд, чунки дар вақти борон об гузашта ба хонаҳои поён фаромада истодааст.”,--гуфт ӯ.
Мирҳомид Мирзоев, сокини дигари ин бино гуфт, ки дар сӯхтор ҳама дороиш нобуд шудааст.
Ҳанӯз сабаби сӯхторро мақомот маълум накардаанд. Ин бино бо таҳхонааш аз ҳафт қабат иборат буда ва сӯхтор дар яке аз ҳуҷраҳои қабати 7-уми бино сар зада ба ҳуҷраҳои дигар доман паҳн кардааст. Оташнишонон масоҳати сӯхторро тахмин 350 метри мурабба ҳисоб кардаанд.
Ёқубҷон Раҳимов, сокини ин бино мегӯяд, фарзияҳо гуногун аст, вале сабаби сӯхтор дақиқ маълум нест. “Як кас мегӯяд, аз сими мавҷпарокании “Мавҷи Ориёно” сӯхтааст, як каси дигар балони газ кафидагӣ аст мегӯяд. Аниқаш номаълум.”,--гуфт ӯ.
Дар ин бино 160 хонавода зиндагӣ мекунанд ва ин ҳодиса нисфи зиёди онро ба ташвиш андохтааст. Ба сабаби сӯхтор ҳоло болои бино кушода шуда ва борону шамол ба хонаҳои поёнӣ медарояд.
Дилшод Холиқов, як сокини дигари ин бино гуфт, ки фақат аз ҳисоби сӯхтани боми бино 370 ҳазор сомонӣ зарар дидаанд. Ӯ гуфт: “Дар умум тақрибан 70 хона зарар дидааст. Вақте аз боло оташро хомуш карданд, обу лойи он ба хонаи ҳамсояҳо фаромад. Ҳоло бом ҳам кушодагӣ аст ва ба хонаи одамон оби борон рехта истодааст”.
Ҳоло зарардидагон намедонанд ҷуброни зиёнашонро аз кӣ талаб кунанд. Онҳо бо як номаи дастаҷамъӣ аз шаҳрдори Хуҷанд хоҳиши кумак кардаанд ва интизор ҳастанд, ки зудтар зиндагиашонро ба маҷрои пешина бармегардонанд. Аз Ҳукумати шаҳри Хуҷанд дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳоло кумак ба бошандагони ин биноро баррасӣ доранд, вале маълум нест, ки чиқадар маблағ ва кай ихтисос дода мешавад.