Наздикони Сайфиддин Давронов, ки дар пайи баҳси падараш бо муовини пешини раиси Балҷувон, беш аз чил рӯз боз дар зиндон аст, мегӯянд, муфаттиши парванда дидори онҳоро бо боздоштшуда манъ кардааст.
Фариштамоҳ Каримова, модари Сайфиддин, мегӯяд, ҳарчанд додситони ноҳия иҷозати дидорро дод, Шуъбаи умури дохилии Балҷувон бо ҳар баҳона дастурро иҷро намекунад.
"Талаб доштам, ки бачаамро дар боздоштгоҳ бинам. Сардори милиса иҷозат намедиҳад. Се бор прокурор (додситон) иҷозат дод, рафтам, вале нишон намедиҳанд," – гуфт ӯ.
Хонум Каримова муфаттиши парвандаро монеаи дидор бо писараш мешуморад. Муфаттиш Бежан Каримов дар тамоси телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ба иллати бебарқӣ натавонистаанд, ба ӯ дар вақташ посухи хаттӣ бидиҳанд.
Манзури ӯ дастури додситон аст, ки хостааст, ба дархости Фариштамоҳ Каримова посухи қонунӣ диҳанд. "Ба додситонӣ ариза навиштааст, ҷавобашро гардондем. Дар Балҷувон барқ набуд, дертар ҷавобшро гардондем, Фариштамоҳ Каримова наомад," – гуфт Бежан Каримов.
Аммо ба суоли он ки оё ин зан ба дидори фарзандаш мерасад ё не, посух надод. Фариштамоҳ Каримова мегӯяд, бебарқӣ танҳо баҳона аст, чанд рӯз аст, ҷавобе нагирифтааст.
Видеоро дар инҷо бинед:
Охири моҳи марти имсол нисбати Сайфиддин Давронов бар асоси моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ, яъне қаллобӣ аз сӯи Шуъбаи корҳои дохилии Балҷувон парванда кушодаанд. Хонаводааш парвандаро фармоишӣ медонанд.
Баҳси Давроновҳо бар сари ду гектар замин бо Ҳасан Иброҳимзода, муовини собиқи раиси ноҳияи Балҷувон ва бародари вазири нақлиёт буд, ки додгоҳ тарафи ин хонаводаро гирифт. Мақомот рӯзи 25-уми март сардори оила Саймуъмин Давроновро бо айби авбошӣ боздошт ва баъдан озод карданд, аммо сипас писари ӯро ба ҳабс гирифтанд. Ҳоло писари ӯ бо парвандаи қаллобӣ дар боздошт аст.
Давроновҳо инро қасосгирӣ ва фишор медонанд. Намояндагони мақомот мегӯянд, қонунӣ аст.