Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи марз


Як маросими ошхӯрии сокинони наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон
Як маросими ошхӯрии сокинони наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон

Намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон барои таъйину нишонагузории марзи ду кишвар вохӯрдаанд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар сомонааш навишт, ҷаласаи гурӯҳҳои кории топографии ду кишвар аз 25 то 30-юми май дар Бишкек баргузор шуд. Ҷузъиёти мулоқот ифшо нашудааст.

Пас аз як муноқиша дар охири моҳи апрели соли гузашта дар марз, ки боиси ҳалокати даҳҳо нафар аз ҳар ду ҷониб гардид, муносибати Тоҷикистону Қирғизистон ба сардӣ гароид.

Тоҷикистону Қирғизистон солҳост, бар сари муайяну аломатгузории марз ба мувофиқа намерасанд. Аз 970 километр сарҳад бахше аз он номуайян аст.

Дар деҳаҳои наздимарзӣ зуд-зуд муноқишаи сокинон ва марзбонони ду тараф сабт мешавад. Анҷоми зудтари аломатгузории қитъаҳои баҳсиро роҳи муҳими хатми хушунатҳо мегӯянд.

XS
SM
MD
LG