Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мегуфт, гуноҳ надорам, вале..."ВИДЕО


Суннатулло К., яке аз зодагони Тоҷикистон, ки дар Олмон ба 9.5 сол зиндонӣ шудааст
Суннатулло К., яке аз зодагони Тоҷикистон, ки дар Олмон ба 9.5 сол зиндонӣ шудааст

Панҷ зодаи Тоҷикистонро дар Олмон (Германия) бо гуноҳи узвият дар гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ ва нақшаи ҳамлаи террористӣ дар ин кишвари аврупоӣ ба зиндон маҳкум карданд. Ҳукм 31-уми май эълон шуд.

Додгоҳи шаҳри Дюсселдорф гуфт, панҷ ҷавони тоҷикро аз се солу ҳашт моҳ то нӯҳуним сол зиндонӣ кард. Маълум нест, маҳкумшудаҳо дар мурофиа чӣ гуфтаанд, аммо ҳақ доранд бозбинии ҳукмро талаб кунанд. Падари яке аз онҳо дар Тоҷикистон гуфт, қаблан писараш дар суҳбати телефонӣ гуфтааст, "гуноҳ надорад".

Ду нақшаи куштор ва...

Ба хулосаи додгоҳ, гурӯҳи панҷнафарӣ бо тарроҳони таркиш дар Стокҳолм (2017), қатли чаҳор нафар дар Вена (2020) ва аз соли 2019 бо як узви муҳими ДОИШ дар Афғонистон дар тамос будаанд.

"Суннатулло К.-и 26-сола барои тарҳрезии қатли як мунтақиди Ислом дар ғарби Олмон 9,5 сол зиндонӣ шуд. Фарҳодшоҳ К.-и 33-сола барои куштани нафаре дар Албания супориш гирифта буд, то баъдан пулҳои бадастомадаро ба Сурия фиристад. Куштор иҷро нашуд, чун ҳадафро нашинохтанд. Вай 8,5 сол аз озодӣ маҳрум гардид," – хабар додаанд масъулони додгоҳ.

Муҳаммадалӣ Г.-и 34, Азизҷон Б.-и 29 ва Комрони 25-сола барои ҳамкорӣ бо созмонҳои ҷиноӣ гунаҳкор шудаанд. Як тоҷикстонии дигар бо номи Равшан Б., ки узви пешини ҳамин гуруҳ гуфта мешавад, соле қабл дар Дюсселдорф ба 7 сол зиндон маҳкум шуда буд.

Додгоҳи Дюсселдорф гуфтааст, ҳукм ҳанӯз ба иҷро надаромада ва маҳкумшудаҳову додситон ҳақ доранд, аз рӯйи он шикоят кунанд.

Вокуниши падар аз Тоҷикистон

Падари Суннатулло К., яке аз маҳкумшудаҳо, рӯзи 1-уми июн ба Радиои Озодӣ суҳбати кӯтоҳе кард. Номи ӯро ба далелҳои амниятӣ нашр намекунем. Сокини 62-солаи ноҳияи Муъминобод гуфт, дар бораи ҳукми писараш хабар надорад: "Умед дорам, ин дафъа занг зада, ҷузъиётро худаш бигӯяд. Ҳар моҳ як бор аз боздоштгоҳи Олмон занг мезанад, суҳбат мекунем."

Дар мавриди онки оё писараш бо иттиҳомҳо розӣ буд ё не, сокини Муъминобод гуфт: "Аслан дар ин бора гап намезадем. Суҳбати моро гӯш мекунанд. Фақат ҳолпурсӣ мекард. Мегуфт, "гунаҳкор нестам".

Наворро дар инҷо бинед:

Дар Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро зиндонӣ карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:57 0:00

Ҳамсуҳбати мо афзуд, дар бораи парвандаи писараш тафсилот надорад ва ба сабаби надоштани пул ҳеч гоҳ барои иштирок дар мурофиа ба Олмон нарафтааст. "Ман писарамро ба роҳи бад роҳнамоӣ накардаам ва дар хонаводаи мо чунин касе нест. Хайр, дар ҳамон ҷо кор мекард. Чӣ мекард, акнун Худо медонад, ман дигар намедонам," – гуфт ӯ рӯзи 1-уми июн.

Наздикони як маҳкумшудаи дигар бо номи Комрон дар гузашта ба бегуноҳии ӯ пойфишорӣ доштанд. Масъулони Додгоҳ мегӯянд, ки тафтишот гуноҳи зодагони Тоҷикистонро исбот кардааст.

Мақомот чӣ гуфтанд?

Мақомоти Тоҷикистон дар бораи қазия хабар доранд, ҳарчанд вокуниши онҳо нашр намешавад. Ба иттилои сафорати Тоҷикистон, азбаски ин гурӯҳи шаҳрвандон аз оғоз аз хадамоти консулгарии Тоҷикистон даст кашидаанд, мутобиқи қонунҳои Олмон, онҳоро барои иштирок дар мурофиа ва тафтишот роҳ надодаанд.

Ба гуфтаи мақомоти расмии Тоҷикистон, аз замони зуҳури ДОИШ дар соли 2013 бештар аз 2000 шаҳрванди Тоҷикистон ба Сурияву Ироқ рафта, ба сафи гуруҳҳои тундраву террористӣ ва бахусус ДОИШ ҳамроҳ шудаанд.

Дар ин миён садҳо нафарашон куштаву захмӣ шудаанд ва теъдодеро ҳам ба Тоҷикистон баргардонданд. Баъзеро, ки ихтиёрӣ баргаштаанд, афв кардаанд ва теъдоди дигареро ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум намуданд. Солҳои охир дар бораи фаъол шудани ҷангҷӯёни ДОИШ дар баъзе аз минтақаҳои Афғонистон, ҳаммарз бо Тоҷикистон, гузориш мерасад.

XS
SM
MD
LG