Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Гуфтем, намоз хонед, дуо кунед, вале..." Зубайдуллоҳи Розиқро боз танбеҳ додаанд


Зубайдуллоҳи Розиқ
Зубайдуллоҳи Розиқ

Зубайдуллоҳи Розиқи 80-сола, узви пешини раёсати ҳизби ҳоло мамнӯи наҳзати исломиро дигарбора ба утоқи ҷаримавии зиндон ё утоқи танбеҳ андохтаанд. Ҳуҷраи танбеҳ ё "ШИЗО" ҷоест, ки маҳбусро танҳо ва дар шароити сахттар нигоҳ медоранд. Мақомот ӯро ба таълими ғайриқонунии динӣ дар маҳбас гунаҳкор карданд. Пайвандонаш мегӯянд, "ин гап ҳақиқат надорад, чун дар зиндон имкони таълим додан нест."

Як масъули зиндони шаҳри Ваҳдат, канори Душанбе, рӯзи 8-уми сентябр гуфт, Зубайдуллоҳи Розиқ ба ҷурми "вайрон кардани низоми маҳбас" 15 рӯз ба утоқи ҷаримавӣ бурда шуд. Ҳамсуҳбати мо бе зикри ном иддао кард, "бо вуҷуди даъватҳои батакрор, Зубайдуллоҳи Розиқ бо истифода аз китобҳои мазҳабӣ ба таълими динии ҷавон идома дод."

"Ба домулло эҳтиром дорем. Гуфтем, марҳамат, намоз хонед, дуо кунед, лекин дар маҳбас таълими динӣ ғайриқонунӣ аст. Боз мешунавем, ки кори худро идома додааст. Дафъаи гузашта ҳам гуфта будем, риоя нашуд," – шарҳ дод намояндаи зиндони Ваҳдат.

Писари Зубайдуллоҳи Розиқ, ки дар хориҷи кишвар зиндагӣ мекунад, рӯзи 8-уми сентябр далели мақомотро бепоя донист. Ҳисомиддини Зубайдуллоҳ бовар дорад, мақомоти маҳбас баъди инки падараш дар номае аз президенти Тоҷикистон баррасии дубораи парвандаашро хост, ӯро "чап" гирифтанд.

"Падарам рӯҳонӣ аст. Вақте суҳбати одӣ ҳам кунад, ҳатман аз адабиёти исломӣ мисол меорад. Ин ба маънои таълими махсуси мазҳабӣ нест. Мо бештар нигарони саломатияш ҳастем. Ду моҳ пеш, вақте ба утоқи ҷаримавӣ бурда буданд, саломатияш бад шуд," – гуфт ӯ.

Зубайдуллоҳи Розиқро моҳи июли имсол ва ба гуноҳи вайрон кардани низоми маҳбас ба ҳуҷраи ҷаримавӣ бурда буданд. Танҳо пас аз як ҳафта ва бо назардошти вазъи бади саломатӣ ва мусоидати идораи Омбудсмен ба утоқи муқаррарӣ баргардонданд.

Наздикони онҳое, ки барои узвият дар ҲНИТ зиндонӣ ҳастанд, ҳамвора аз озору шиканҷаи онҳо шикоят мекунанд. Мақомот пайваста ин иддаоро рад мекунанд.

Зубайдуллоҳи Розиқ соли 2015 боздошт ва ба 25 сол зиндон маҳкум шуд. Мақомоти Тоҷикистон ӯ ва аъзои дигари ҳизби наҳзатро ба даст доштан дар ҳодисаи 4-уми сентябри соли 2015, ки онро ошӯб меноманд, гунаҳкор кардаанд.

Раҳбарони ҳизб дар хориҷа даст доштани худро дар ҳодисаҳои шаш сол пеш рад карда, онро баҳонаи аз саҳнаи сиёсии Тоҷикистон берун рондани "ҳизби сиёсии пуртарафдор" медонанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG