Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

29 сол зиндон. Ҳукми марде дар Душанбе барои қатлу талоши таҷовуз


Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ дар Душанбе як сокини шаҳрро ба гуноҳи қатли духтари ноболиғ ва талоши таҷовузи ӯ ба 29 сол зиндон маҳкум кардааст.

Дар ин бора Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 8-уми сентябр бо нашри баёнияи расмӣ хабар дод.

Ба иттилои додситонӣ, "Владимир Шерстнёв 28-уми феврали имсол дар ҳолати мастӣ хостааст, ба Марҳабо Ғоибназароваи 14-сола, ки бо модараш дар хонаи ӯ муваққатан мезист, дастдарозӣ кунад, вале духтар ба ин кор иҷоза надодаааст."

"Шерстнёв ба хашм омада, бо фишурдани гулӯи Марҳабо Ғоибназарова ӯро ба қатл расонидааст," – омадааст дар баёнияи Додситонии кул.

Додгоҳи Фирдавсӣ барои ин ҷиноят ва ҳам қасди таҷовуз ба номуси ноболиғ Владимир Шерстнёвро ба 29 сол зиндон маҳкум кардааст. Назари вакили дифои Шерстнёв дар бораи ҳукм маълум нест.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG