Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порлумони Қирғизистон қонуни додани аслиҳаро ба сокинони марзӣ қабул кард


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Вакилони порлумони Қирғизистон рӯзи 20-уми октябр тарҳи қонунеро қабул карданд, ки "дар ҳолатҳои махсус" додани аслиҳаро ба сокинони ноҳияҳои наздимарзии вилоятҳои Бодканду Уш қонунӣ мегардонад.

Ба ҷонибдорӣ аз қонуни мазкур 63 вакил ва зидди он 3 вакил раъй додаанд. То ин замон тарҳи қонун пушти дарҳои баста баррасӣ мешуд.

Акнун ба чаҳор қонун - "Дар бораи омодагӣ ба сафарбарсозӣ ва сафарбарсозӣ дар Қирғизистон", "Дар бораи уҳдадории ҳатмии ҳарбӣ, хидмати алтернативӣ ва ҳарбӣ", "Дар бораи силоҳ" ва "Дар бораи уҳдадории марзбонон" тағйирот ворид карда мешавад.

Тарҳи қонуне, ки аз сӯи порлумони Қирғизистон қабул шуд, иҷозаи сафарбаршавии ихтиёриро ба сокинони минтақаҳои наздимарзӣ ва додани аслиҳа ба онҳо имконпазир мегардонад.

Тасмими додани силоҳ ба сокинони минтақаҳои наздимарзии Қирғизистон, пас аз муноқишаи охир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон сурат мегирад.

Дар ин муноқиша аз ду тараф даҳҳо нафар куштаву захмӣ шуданд. Коршиносон дар Тоҷикистон гуфтанд, додани силоҳ ба сокинони наздимарзӣ метавонад, боиси хунрезии бештар шавад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG