Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тоҷикон барои зинда мондан аз кишвар хориҷ мешаванд"


Даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон дар навбати рафтан ба Русия. Фурудгоҳи Байнулмилалии Душанбе, моҳи майи соли 2021
Даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон дар навбати рафтан ба Русия. Фурудгоҳи Байнулмилалии Душанбе, моҳи майи соли 2021
Ниҳодҳои молии ҷаҳонӣ ва коршиносони мустақил соли 2022-ро барои иқтисоди Тоҷикистон "бисёр душвор" пешбинӣ карда буданд. Намояндагони ҳукумати Тоҷикистон бидуни таваҷҷуҳ ба фазои сармоягузорӣ ва вазъи иқтисодии кишвар пайваста аз саноатисозӣ ва амалӣ кардани тарҳҳои бузурге ба мисли нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" мегуфтанд. Радиои Озодӣ бо коршиносон дар мавриди вазъияти иқтисодии Тоҷикистон дар соли 2022, мушкилоти ҳалношуда ва чашмандозҳои оянда суҳбат кард.

"Чин сармоягузори бузургтарин дар Тоҷикистон мемонад"

Радиои Озодӣ: Аз назари Шумо, иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2022 бо чӣ тағйироте рӯ ба рӯ шуд? Суҳбатҳои зиёде дар мавриди коҳиши интиқоли пул ва халалдор шудани субот шуда буд. Оё метавон гуфт, ки тағйироти ҷиддӣ рух додааст?

Пайрав Чоршанбиев, шореҳи иқтисодӣ:

Пайрав Чоршанбиев
Пайрав Чоршанбиев

"Интизориҳо пас аз шурӯи даргирии мусаллаҳонаи Русия ва Украина комилан тарснок буд. Ниҳодҳои молии ҷаҳонӣ коҳиши чашмраси интиқоли пул, рушди қобили таваҷҷуҳи иқтисодӣ ва таварруми назаррасро пешбинӣ карданд. Аммо ин пешбиниҳо дар ҳадде, ки гуфта шуданд, иттифоқ науфтоданд. Пулҳои интиқолӣ дар нимаи аввали сол 10 дарсад коҳиш ёфтанд ва ба иттилои Бонки Ҷаҳонӣ ин раванд дар нимаи дувуми сол барқарор шуда, то охири сол ба сатҳи бесобиқа хоҳад расид. Рушди иқтисодӣ дар 9 моҳ то 7,8% коҳиш ёфт, аммо то пешбинии Созмони Байнулмилалии Молӣ, яъне 4-5% нарасид. Мизони таваррум тӯли 10 моҳ муодили 3,5% буда, баид аст, ки то поёни сол ба адади дурақамӣ бирасад. Албатта, ба ин додаҳо метавон шак кард, аммо омори дигаре вуҷуд надорад."

Каримҷон Аҳмадов, муовини собиқи вазири иқтисоди Тоҷикистон:

"Соли 2022 нишон дод, ки иқтисоди Тоҷикистон тағйири муҳимеро таҷриба накард. Иқтисоди кишвар аз заифтарин иқтисодҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил буд ва хоҳад монд. Худи кишвар яке аз давлатҳои фақиртарини ҷаҳон аст. Имрӯз хелеҳо бар ин назаранд, ки дар соли 2023 пули интиқолӣ аз Русия афзоиш хоҳад ёфт. Зимнан, ин нишондиҳандаи баландтарин дар ҷаҳон аст ва 30 дарсади Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилиро ташкил медиҳад. Ин аз чӣ шаҳодат медиҳад? Муҳимтар аз ҳама аз онки сатҳи рушди иқтисодии кишвар ба талаботи он мутобиқ нест ва мардум ҳамчунон ба таври дастҷамъӣ дар ҷустуҷӯи воситаҳое барои зинда мондан аз кишвар хориҷ мешаванд.

Воридот ҳамчунон аз содирот бештар аст ва тавозуни тиҷоратии манфӣ пайваста идома дорад. Ҳатто бар асоси омори расмӣ тақрибан ҳар як сеюм ҷамъияти Тоҷикистон зери хати фақр зиндагӣ мекунад. Хулоса, барои мушоҳидаи тағйири мусбат дар иқтисоди Тоҷикистон ҳеч асосе мешоҳида намешавад. Дар айни ҳол, метавон гуфт, ки Тоҷикистон дар заминаи гирифтани қарзҳои хориҷӣ фаъолона пеш меравад, ки ин ҳам метавонад боис ба коҳиши захираи тило шавад."

Нур Сафаров, иқтисоддон:

"Ба назари ман, моҷароҷӯиҳои Путин ва атрофиёни ӯ алайҳи Украина, ки 24-уми феврал шуруъ шуданд, боис ба тағйири ғайри қобили пешбинӣ ва ҷиддӣ на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои тамоми ҷаҳон ба бор овард. Моҳҳои феврал-май моҳҳои ғайри қобили пешбинӣ буданд, чун нархи сомонӣ ва рубли русӣ дар ибтидои ҷанг ва хуруҷи фаъоли манобеи арзӣ аз Русия дар баробари доллар поин рафт ва баъдан, аз моҳи июн то имрӯз, шоҳиди тақвияти рубли русӣ ва сомонӣ дар баробари доллари амрикоӣ ҳастем. Аммо, ин ба маънои коҳиши масрафҳои мардум ва поин рафтани баҳои маҳсулот нест. Баръакс, боло рафтани арзиши баъзе аз маҳсулоти ғизоӣ ба рубл ва сомонӣ мушоҳида мешавад, ҳарчанд омори расмии Тоҷикистон танҳо 10% таваррумро нишон медиҳад. Дар айни ҳол, нархи сӯзишворӣ, ки аз Русия ба Тоҷикистон ворид мешавад, рӯ ба коҳиш дорад.

Чин ба унвони бузургтарин сармоягузор дар Тоҷикистон мемонад. Амалан ҳамаи захираҳои тило ба таври муштарак бо ширкатҳои чинӣ амалӣ мешавад. Ҳамчунон дар соли 2022 ширкатҳои Кореяи Ҷанубӣ майл нишон доданд. Ғайр аз ин, муносибатҳои ҳамкорӣ бо ширкатҳои Узбекистон, Қазоқистон, Эрон ва Туркия ба роҳ монда мешаванд. Кишварҳои Халиҷи Форс мехоҳанд, ба тарҳҳои Тоҷикистон роҳ пайдо кунанд, аммо масъалаи Афғонистон ва пуштибонии чанд кишвари халиҷ аз Толибон ҳукумати Тоҷикистон ва соҳибкоронро аз ҳамкории фаъол ба худдорӣ водор мекунад."

"Набояд аз Кремл дархости эҳтиром кард"

Радиои Озодӣ: Пас аз эъломи таҳрими воқеии нафти Русия ва мамнӯияти фурӯш болотар аз 60 доллар метавон коҳиши сатҳи иқтисоди Русия ва бадтар шудани вазъи иқтисоди Тоҷикистонро пешгӯӣ кард?

Пайрав Чоршанбиев, шореҳи иқтисодӣ:

"Ин ки ба сабаби "сақфи қимати нафт" иқтисоди Русияро чӣ интизор аст, чизе гуфтан душвор аст. Баъзан таҳримҳо бар зарари кишварҳое меанҷоманд, ки онҳоро эълон мекунанд. Аммо, ин чиз аён аст, ки ҳар раванди молӣ-иқтисодӣ дар Русия ба иқтисоди Тоҷикистон таъсир дорад. Баъзан дертар ва баъзан ҳам зудтар, вале таъсир ҳатман эҳсос мешавад. Русия шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон мебошад. Ҳудуди сеяки молу маҳсулоти Тоҷикистон аз Русия ворид мешавад, аз ҷумла маҳсулоти мавриди ниёзи аввал. Тақрибан 1 миллиард рубли русӣ дар иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ шудааст. Бештар аз 1 миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар қаламрави Русия кору зиндагӣ мекунанд. Сеяки Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро пули фиристодаи муҳоҷирон ташкил медиҳад."

Каримҷон Аҳмадов, муовини вазири иқтисоди Тоҷикистон:

Каримҷон Аҳмадов
Каримҷон Аҳмадов

"Таҳримҳои алайҳи Русия, аз ҷумла маҳдудият дар тиҷорати нафти Русия, таъсири мусбат бар иқтисоди Тоҷикистон дорад. Ин таноқуз (парадокс) нест, балки воқеияти ин амр аст, ки Русия бозорҳои ҷаҳониро аз даст медиҳад. Тоҷикистон, ки иқтисодаш шадидан вобастаи Русия аст, шояд ба манобеи энержӣ дастрасии осонтаре хоҳад дошт. Дар воқеъ, мисли бозигарони дигари бозори ҷаҳонӣ. Шояд арзиши маводи сӯхт, ки аз Русия ворид мешавад, коҳиш ёбад. Русия аз оғози эъломи таҳримҳо нафташро бо сабукиҳои бузурге ба Чин, Ҳинд ва кишварҳои дигар мефурӯхт. Ба иборати дигар, иқтисоди Русия ба далели таҳримҳо бо уфтҳои чамшраси молӣ рӯ ба рӯ хоҳад шуд ва иқтисоди Тоҷикистон метавонад ва бояд ин вазъиятро ба нафъи худ истифода кунад. Набояд аз Кремл дархости эҳтиром кард, балки чунон амал кард, ки арҷгузории воқеӣ сурат бигирад. Зимнан, Озарбойҷон дар ин замина намунаи хубест.”

Нур Сафаров, иқтисоддон:

"Ҳама аз имкониятҳои Русия дар ростои пардохти кори муҳоҷирон вобаста аст. Вазъияти бади Русия бар муҳоҷирон таъсир мерасонад. Шояд бархеҳо тасмими бозгашт мегиранд, бархе ба кишварҳои дигар мераванд ва бархе ҳам ба кори худ идома медиҳанд."

"Бе тағйири сиёсӣ расидан ба тағйири иқтисодӣ номумкин аст"

Радиои Озодӣ: Раванди саноатикунонии эъломшуда то чӣ ҳад муваффақ аст? Ба назари Шумо, кадом кишварҳо метавонанд ба ин раванд мусоидат кунанд ва чаро мо то ҳанӯз саҳми сармоягузорони хориҷиро дар иқтисоди Тоҷикистон намебинем?

Пайрав Чоршанбиев, шореҳи иқтисодӣ:

"Боз ҳам тибқи омори расмӣ тавлиди маҳсулоти саноатӣ дар тӯли 10 моҳи имсол тақрибан 16%, истихроҷи маъдан 5%, рушди саноати тавлидӣ 15% ва барқ 18,9% боло рафтааст. Нерӯҳои аслии пешбурд—болоравии металлургия, истихроҷи маъдан, бахши нассоҷӣ ва маводи ғизоӣ ва барқ, роҳандозии таъсисоти нав. Ин оморро исбот ё рад кардан ғайриимкон аст, чун додаҳои ҷойгузин вуҷуд надорад.

Саноатисозии модели иқтисодиеро, ки (иқтисоди бозор) Тоҷикистон интихоб кардааст, бо кумаки сармоягузорӣ дар бахши хусусӣ муяссар мешавад, вале барои ин фазои сармоягузорӣ ва муҳити кории муносиб лозим аст. Аммо, ба таъйиди ниҳодҳои молии байнулмилалӣ Тоҷикистон дар ин замина бо мушкилоте рӯ ба рӯ аст."

Каримҷон Аҳмадов, муовини собиқи вазири иқтисоди Тоҷикистон:

"Барномаи саноатисозии Тоҷикистон ва гузоришҳои давомдор дар бораи кор танҳо талош барои нишон додани пиндори хушоянд, вале дур аз воқеият аст. Соли 2022-юм 25,5% иқтисоди Тоҷикистонро кишоварзӣ ташкил дод, ки рақами болое аст. Дар айни ҳол, саҳми кишоварзӣ ва тиҷорат чанд маротиба боло рафт, вале саҳми саноат баръакс то 17,7 дарсад коҳиш ёфт. Ин рақамҳо он воқеиятро бозгӯ мекунанд, ки пешрафти хосе дар ин самт ба даст наомадааст. Ҳатто метавонам бигӯям, ки дар ояндаи наздик интизори дастрасӣ ба он душвор хоҳад буд. Намехоҳам бигӯям, аммо боз ҳам ночор ба гуфтани ин ҳақиқат бояд пардозам, ки бе роҳандозии тағйири сиёсӣ расидан ба тағйири иқтисодӣ номумкин аст. Низомӣ сиёсӣ бояд дар кишвар воқеан демократӣ ва низоми иқтисодӣ бозорӣ бошад. Тоҷикистон як кишвари дорои зарфиятҳои ғанӣ аст, аммо дар муқоиса ба Туркманистон, Қазоқистон ва Озарбойҷон коркарди манобеи маҳаллӣ ба сармоягузории қобили таваҷҷуҳ кор дорад. Бозигарони ҷиддии хориҷӣ ба сабаби авлавиятҳои норӯшани сиёсати хориҷӣ ва сохтори сиёсӣ, ки ба як шахс ва ё оила рабт доранд, омодаи сармоягузорӣ нестанд.”

Нур Сафаров, иқтисоддон:

"Ба назари ман, Чин ҳанӯз сармоягузори аслии Тоҷикистон мемонад, вале Тоҷикистонро лозим аст, ки ин рӯйкарди яксамтиро бо Чин бозбинӣ кунад ва дар пайи ҷустуҷӯи имконияти ҳамкорӣ бо кишварҳои дигар бошад, чун риояи тавозуни манофеъ ва сармоягузорӣ ҳатмист. Тоҷикистон бояд бо сармоягузорони гуногун кор кунад. Барои ин бояд қоидаҳои бозиро беҳбуд бахшад, фазои сармоягузориро қобили пешбинӣ кунад, мушкили фасодро ҳал ва девонсолориро бартараф кунад. Ғайр аз ин, дар заминаи кор бо сармоягузорон созукори (механизм) рӯшан ва мушаххас рӯи даст гирифта шавад. Возеҳ аст, ки ҳам Тоҷикистон ва ҳам ҳар сармогузори эҳтимолӣ хоҳони касби даромад ҳастанд. Пас, чаро бояд ин кор барои ҳамаи тарафҳо муассир, андешидашуда, қобили пешбинӣ ва шаффоф ва уфуқи сармоягузорӣ барои 5-10 сол барномарезӣ намешавад."

Ба "Роғун" чӣ хоҳад шуд?

Радиои Озодӣ: Бо таваҷҷуҳ ба вазъияти иқтисодии феълии кишвар чашмандози нерӯгоҳи “Роғун”-ро дар солҳои оянда чӣ гуна арзёбӣ мекунед? Оё дар муқобили мавзеи шубҳаомези коршиносон дар бораи ояндаи норӯшани ин тарҳ истидлоле вуҷуд дорад?

Пайрав Чоршанбиев, шореҳи иқтисодӣ:

“Сармоягузории ояндаи бунёди нерӯгоҳи “Роғун” бисёр душвор аст, чун маблағи он аз буҷаи кишвар меояд ва камбуди он қобили эҳсос аст. Ҳукумат ба шарикони рушд муроҷиат кардааст. Бонки Ҷаҳонӣ дар ҳоли ҳозир сармоягузориҳои эҳтимолии ниҳодҳои молии байнулмилалиро ҳамоҳангсозӣ мекунад. Интизор меравад, ки посухҳои мушаххас дар оғози соли оянда маълум мешаванд. Аз ин рӯ, ҳоло дар ин маврид чизе гуфтан душвор аст. Аммо, ин чиз возеҳ аст, ки бо пули худӣ сохтани ин нерӯгоҳ ғайриимкон аст.”

Каримҷон Аҳмадов, муовини собиқи вазорати иқтисоди Тоҷикистон:

“Тарҳи сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” аз оғоз хеле шубҳаовар буд. Аз соли 2008 ба ин сӯ бештар аз 3 миллиард доллар харҷ шуд ва имрӯз барои такмил кардани сохтмони он дунболи сармоягузоронанд. Пурсишҳои бисёри Бонки Ҷаҳонӣ бо шумули бозорҳои фурӯш ва дастрасии он аз тариқи Афғонистон посухи худро наёфтанд. Афзун бар ин, тарҳе бо чунин ҳаҷм на танҳо масъалаи иқтисодӣ, балки қисман геополитика мебошад ва он дар солҳои ахир бо суръат иваз мешавад ва қоидатан кишварҳое, ки мехоҳанд дар оянда ҷойгоҳе дошта бошанд, талош мекунанд мавқеи худро рӯшан ва мушаххас кунанд. Мутаассифона, Тоҷикистон аз ҷумлаи чунин кишварҳо нест.”

Нур Сафаров, иқтисоддон:

“Роғун” тарҳи бисёр бузурге аст, ки нерӯ, манобеи калони молӣ ва таваҷҷуҳ мехоҳад. Агар вазифа сохтани сад(д) барои танзими ҷараёни об бошад, фикр мекунам, он дар ояндаи наздик амалӣ мешавад. Вазифаи дувум тавлиди барқ дар ҳаҷми зиёд аст, ки он дурнамои соли 2036 аст. Ин ҳам ба шарте, ки шароити иқлими Тоҷикистон тағйири чашмрасе шоҳид нашавад ва ба далели аз байн рафтани пиряхҳо ва борандагии кам коҳиши ҷиддии вуруди об рух надиҳад.”

“Аз иқдоми саркӯбгароёна бояд худдорӣ кард”

Радиои Озодӣ: Оё метавонед, омилҳои хушоянд ва муносиберо ном бибаред, ки метавонанд бар рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2023 таъсири мусбате дошта бошанд?

Пайрав Чоршанбиев, шореҳи иқтисодӣ:

“Дар модели ҳозира танҳо бахши хусусӣ метавонад, иқтисодро тавсеа бидиҳад. Аз ин рӯ, навъи нигоҳ бояд ба соҳибкорон ва сармоягузорони хориҷӣ тағйир кунад. Аз иқдомҳои саркӯбгароёна бояд худдорӣ кард, бо доираҳои тиҷорӣ бояд сирфан ба унвони шарики рушд муносибат кард ва барои онҳо бояд озодиҳои ҳадди аксар дод. Шахсони ташаббускор дар ҷомеа каманд, шояд на бештар аз 10%. Аммо, агар барои ин шахсон имконияти кор кардан фароҳам шавад, онҳо натанҳо худ, балки тамоми кишварро таъмин хоҳанд кард."

Каримҷон Аҳмадов, муовини собиқи вазири иқтисоди Тоҷикистон:

“Фурсати мусоидтарин барои Тоҷикистон дар ояндаи наздик имконияти нишон додани омодагӣ барои ислоҳоти сиёсии воқеӣ аст. Ислоҳоти сиёсӣ танҳо калиди барои иқтисоди миллии Тоҷикистон мебошад. Ҷанги Русия ва Украина метавонад, дар ин амр нерӯи пешбаранда воқеъ шавад. Шарикии иқтисодӣ ва сиёсӣ бо як кишвари таҷовузгар беҳуда аст. Тағйири низоми сиёсӣ ниёз ба иродаи бузурги сиёсӣ дорад, ки дар Тоҷикистон, мутаассифона, вуҷуд надорад. Метавон дар бораи ҳар чизе гуфт, барномаҳои гуногуни иқтисодӣ таҳия кард, аммо низоми сиёсии имрӯзаи Тоҷикистон, фасод ва мутамаркиз кардани ҳамаи арсаҳои зиндагӣ намегузорад, иқтисоди дучори рушди босифат шавад. Барои соли 2023 танҳо гузинаҳои тактикии маҳдуде барои баҳрабардорӣ аз таъсири таҳримҳои Ғарб бар Русия ба нафъи иқтисоди Тоҷикистон мемонад, аммо ин боиси пешрафт дар оянда нахоҳад шуд.”

Нур Сафаров, иқтисоддон:

“Инсоният ҳамеша дар вазъияти ҷанг ва сулҳи доимӣ буда ва ҳаст рӯзгори феълӣ бори дигар онро исбот мекунад. Ба назари ман, ҳукумат бояд дар мавриди харҷи маблағҳои давлатӣ равишҳои санҷидашуда ва ҷиддӣ дошта бошад, чун ин маблағ аз мардум аст. Дар давраҳои мушкил ба қишри осебпазири ҷомеа бо шумули бознишастагон ва кӯдакон бояд таваҷҷуҳи махсус зоҳир шавад. Барои одамон фаъол дар иқтисод бояд шароити тавсеаи фаъолият ҳам дар дохил ва ҳам дар кишварҳои дигар фароҳам шавад. Эҷоди ҷараёнҳои молӣ, ки барои кишвар ва ҷомеа муфиданд, муҳим аст.”

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG