Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори маъмурони наҷот ба сокинон дар Суғд


Акс аз бойгонист
Акс аз бойгонист

Масъулони Идораи ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Суғд аз сокинон хостаанд, "бе зарурат ва танҳо ба саҳро нараванд; кӯдаконро беназорат нагузоранд; дари оғилҳоро маҳкам банданд".

Сабаби чунин ҳушдор ҳамлаи гургҳо ба як деҳа дар ноҳияи Мастчоҳ будааст.

Масъулон гуфтанд, гургҳо бар сабаби сармо ва барфрезии чанд рӯзи охир ба водиҳо ва маҳалҳои аҳолинишин фаромаданд.

Сокинони ноҳия мегӯянд, гургҳо шаби 14-уми январ ба мурғхонае дар маҳаллаи Азизободи ноҳияи Мастчоҳ ҳуҷум карданд, "вале сагҳои маҳалла ва ҳамсояҳо онҳоро гурезонданд".

Корбарони Радиои Озодӣ бо ирсоли як навор гуфтанд, дар Панҷакент низ шабона гургонро мушоҳида кардаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG