Чаро чеҳраи Исмоили Сомонӣ, бунёдгузори давлати Сомониён, дар муҷассамаҳои насбшуда дар гӯшаҳои Тоҷикистон якхела нест? Ин суол рӯзи 30-юми январ дар нишасти матбуотии Вазорати фарҳанг садо дод.
Бузургмеҳри Баҳодур, хабарнигори тоҷик, гуфт, ҳангоми сафарҳои хидматӣ ба манотиқи кишвар фарқияти ҷиддиеро дар ҳайкалҳои Исмоили Сомонӣ дидааст.
“Дар шаҳри Норак, дар Тоҷикобод ё дар Истаравшану Деваштич симои муҷассамаҳо ҳаргуна аст. Симои баъзеҳояш, рости гап, ҳатто хандаовар аст. Ҳол он ки симо бояд яксон бошад," -- афзуд ӯ.
Масъулони Вазорати фарҳанги Тоҷикистон эҳтимоли гуногун будани симои муҷассамаҳоро рад накарданд, вале гуфтанд, тағйирот ҷиддӣ ва усулӣ нест.
Ба қавли Озар Орифӣ, як масъули Вазорати фарҳанг, “наметавонем бигӯем, ки як ҳайкалтарош дар тамоми шаҳру ноҳияҳо ҳайкал тарошад. Ҳар як ҳайкалтарош завқи худро дорад ва ба ҳамин хотир, мумкин аст, ягон тағйироте бошад.”
Як муҷассамасози тоҷик сабаби тафовутҳоро дар симои Исмоили Сомонӣ “шитобкории мақомот” номид. Алӣ Бобошарифов гуфт, барои сохтани муҷассамае на камтар аз се моҳ зарур аст, аммо мақомот тақозо мекунанд, дар як ё ду моҳ омода шавад.
"Яке ҳайкали Исмоили Сомониро бо ҷомаи дароз месозаду дигаре бо либоси гуногун. Касе ин корро назорат намекунад. Чеҳраи Сомонӣ дар пули миллӣ ҳам ҷой дода шудааст. Ҳайкалтарошҳо бояд кӯшиш кунанд, ки чеҳраи муҷассамаҳои Исмоили Сомонӣ ба он монанд шавад," – шарҳ дод Бобошарифов.
Сохтани пояи парчаму нишон ва ҳайкали Исмоили Сомонӣ солҳои охир дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ба як сабқати эълоннашуда бадал гардидааст. Онро асосан ҳангоми сафари раиси ҷумҳур ба минтақаҳо ба истифода медиҳанд. Мақомот онро эҳтиром ба таъриху муқаддасоти миллӣ меноманд, аммо намояндагони мухолифон хушомадзаниву худнамоии мансабдорон медонанд.
Гуфтугӯ