Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳоии президенти зиндонии Қирғизистон аз нигоҳи коршиносон. ВИДЕО


Алмосбек Отамбоев, президенти собиқи Қирғизистон, аз маҳбас раҳо шуд.
Алмосбек Отамбоев, президенти собиқи Қирғизистон, аз маҳбас раҳо шуд.

Додгоҳе дар Қирғизистон собиқ президенти ин кишвар Алмосбек Отамбоевро аз зиндон озод кард ва иҷоза дод, ки барои табобат ба хориҷа равад.

Алмосбек Отамбоев пас аз озодӣ рӯзи 14-уми феврал дар суҳбат бо журналистон гуфт, ки ба муолиҷа ниёз дорад ва бо даъвати нахуствазири Испания ба ин кишвар меравад. Ӯ гуфт, ҳатман бармегардад. Отамбоеви 66-сола гуфт, ки парвандаи ӯ сохтакорӣ шудааст.

"Бисёриҳо мехостанд, ки ман ҳеҷ гоҳ аз зиндон берун нашавам. Медонед, ҳукми Додгоҳи олӣ дирӯз соати 5 содир шуда буд ва ин 24 соате, ки ман ҳанӯз ҳам дар зиндон будам, ин мӯҳлати иловагии зиндон аст. Шояд барои касе ин аҳамият надошта бошад, вале медонед, ин зиндон аст," - гуфт ӯ.

Чаро Отамбоев зиндонӣ шуд?

Радиои Азаттик – Бахши қирғизии Радиои Озодӣ бо нашри ин хабар гуфт, ки Додгоҳи олии Қирғизистон дар як мурофиаи пӯшида қарор кард, ки парвандаи Отамбоев ба бозбинӣ фиристода шавад. Дар қарори додгоҳ гуфта мешавад, ки аризаи вакилони дифои собиқ президент дар бораи ин ки дар робита бо парвандаи Отамбоев ваҷҳҳои наве ошкор шудааст, ба инобат гирифта шудаанд. Таъкид шудааст, ки қарорҳои Додгоҳи олӣ аз 12-уми октябри соли 2021 ва 15-уми марти соли 2022 дар нисбат ба Отамбоев бекор карда шудаанд.

Нусхаи қарори раҳоии Отамбоев
Нусхаи қарори раҳоии Отамбоев

Соли 2020 Додгоҳи олии Қирғизистон ҳукмҳои додгоҳҳои қаблиро аз рӯи ин парванда, ки Отамбоевро ба 11 соли зиндон маҳкум мекард, бекор кард. Парванда ба бозбинӣ фиристода шуд, вале 12-уми октябри соли 2021 баъди аризаи додситонии кулл, Додгоҳи олӣ қарори худро бекор кард.

Отамбоев ба он гунаҳкор шуд, ки замони президентӣ Азиз Батукаев, як лидери олами ҷиноиро аз зиндон озод кардааст. Рӯзи 15 марти соли гузашта Додгоҳи олӣ қарори 11 соли зиндони Отамбоевро бетағйир гузошт. Ба навиштаи Радиои Азаттик, Отамбоев дар миёни беш аз 10 гумонбар ягона нафаре буд, ки ҳукми воқеии зиндон гирифт.

Азиз Батукаев, як раҳбари олами ҷиноӣ соли 2006 барои даст доштанаш дар куштор, истифодаи силоҳ ва ташкили беназмиҳои ҷамъиятӣ ба 16 солу 8 моҳи зиндон ва ҳам мусодираи молу амвол маҳкум шуд. Соли 2013, яъне ҳафт сол баъди ҳукми зиндон ӯро пеш аз мӯҳлат бо сабаби расмии “дучори бемории табобатнашаванда” будани ӯ аз зиндони шаҳри Норин ҷавоб доданд. Батукаевро аз Норин ба Бишкек бурданд ва аз он ҷо ба шаҳри Грознии Чеченистон парвоз кард.

Президенти собиқи Қирғизистон Алмосбек Отамбоев аз зиндон раҳо шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:23 0:00

Январи соли 2019 ВКД-и Қирғизистон таҳқиқи қазияи озодшавии ғайриқонунии Батукаевро аз сар гирифт ва моҳи октябр парвандаро ба додгоҳ фиристод. Аз рӯи ин парванда нисбати 19 нафар айб эълон шуд. Аз миёни онҳо 14 нафар бо тафтишот созиш карда, даҳ нафарашон бо пардохти ҷарима озод гардиданд. Ҳамон соли 2019 Ҷогорку Кенеш – парлумони Қирғизистон Алмосбек Отамбоевро аз мақоми собиқ президенти кишвар маҳрум кард ва ӯро ба ҷавобгарии ҷиноӣ ҷалб карданд. Рӯзҳои 7-8-уми августи соли 2019 дар деҳаи Койташи канораҳои Бишкек “чораҳои маҷбурӣ ба бозпурсӣ бурдани Отамбоев” ва ё боздошту ба ҷавобгарӣ кашидани ӯ баргузор шуд. Дар натиҷаи муқовимати мусаллаҳона як корманди шӯъбаи таъиноти махсус кушта шуд ва беш аз 200 нафар ҷароҳат бардоштанд.

Нақши Кремл ва созиши сиёсӣ?

Мерҳат Шарифҷон, таҳлилгари масоили Осиёи Марказӣ дар Радиои Озодӣ мегӯяд, ба эҳтимоли ғолиб қарори ахири Додгоҳи олии Қирғизистон натиҷаи муомилаҳои пасипардаӣ, дар сатҳи ҳадди аққал президент Содир Ҷабборов ва тими Алмосбек Отамбоев аст ва ҳам шонси сафед шудани ӯ вуҷуд дорад. Ба гуфтаи ин таҳлилгар, дар парвандаи Отамбоев қазияи муқовимати мусаллаҳона ба тафтишот дар соли 2019 шояд сангинтар бошад, вале зоҳиран аз рӯи ин қазия ҳам созишҳое ба даст омадааст.

“Ман аз гумон дур намедонам, ки ин ҷо дахолати беруна вуҷуд дорад. Вақте мо дар бораи таъсиргузории беруна ба кишварҳои Осиёи Марказӣ мегӯем, ҳатман, ки Кремлро дар назар дорем. Ба эҳтимоли зиёд аз Кремл як дархосте шудааст, чунки мо медонем, ки Отамбоев бо Путин робитаҳои хеле хубе дошт. Агар дар бораи манфиатҳои дохилӣ гап занем, шубҳаовар чунки барои Ҷабборов Отамбоев аз лиҳози сиёсӣ ба ҳеҷ шакле – на ба ҳайси тарафдор ва на ба ҳайси мухолиф муҳим нест. Ба эҳтимоли зиёд, ин ҷо таъсиргузории беруна нақши муҳим мебозад,”—гуфт таҳлилгар.

Парвиз Муллоҷонов
Парвиз Муллоҷонов

Сиёсатшиноси тоҷик Парвиз Муллоноҷов ҳам тахмин мекунад, ки чунин қарор эҳтимол таҳти таъсири Русия гирифта шудааст. Ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Мо медонем, ки дар Маскав бо ӯ муносибат ҳамеша хуб буд. Дар зери раҳбарияти Отамбоев пойгоҳи Манас барҳам хӯрд ва кишвар ба созмони иқтисодии АвруОсиё ҳамроҳ шуд. Аз тарафи дигар, ин метавонад як шакли шартномаи ғайрирасмии миёни ҳукумати ҳозира ва тарафдорони Отамбоев бошад. Шояд худи Отамбоев ба раҳбарияти имрӯза як созиши ғайрирасмие дорад. Ва умуман, ин қарор баёнгари он аст, ки дар назари раҳбарияти имрӯза Отамбоев дигар то андозае хатарнок наменамояд.”

Ҷабборов чӣ мехоҳад?

Таҳлилгари дигар Абдумалик Қодиров қарори президенти Қирғизистонро, ки аз он бӯи раҳму шафқат меояд, “имиҷсозии Ҷабборов” меномад. Ӯ гуфт: “Ҷабборов бисёр кӯшиш карда истодааст, ки дар назари мардум имиҷи худашро ҳамчун як ҳомии мардуми қирғиз, ҳамчун як нафаре, ки барои рушди кишвар ҷонфидоӣ мекунад, нишон диҳад ва гумон мекунам, ки бо сабукӣ додан ба Отамбоев, вай ҷонибдорони Отамбоевро ба тарафи худ моил гардониданӣ аст ва мавқеи худро дар сиёсати имрӯзаи Қирғизистон бақувват карданӣ аст.”

Аркадий Дубнов
Аркадий Дубнов

Сиёсатшиноси рус Аркадий Дубнов ёдовар шудааст, ки Отамбоев дар таърихи 20 соли охири Қирғизистон баъди Аскар Оқоев ва Қурмонбек Боқиев сеюмин президенти собиқ аст, ки кишварро тарк мекунад. Ӯ дар шарҳаш дар Фейсбук навиштааст, ки Отамбоев сахт бемор аст, ба ду амалиёти ҷарроҳӣ ниёз дорад ва дар гумон аст, ки баъди раҳоӣ аз зиндон ба кишвари собиқ шӯравӣ биравад.

Алмосбек Отамбоев солҳои 2011 то 2017 раиси ҷумҳурии Қирғизистон буд ва чанд соли ахир дар боздошту зиндон қарор дошт.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG