Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додрас президенти пешини Қирғизистонро аз толор ронд


Президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев 8 апрел дар толори додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек ҳангоми баррасии парвандаи ҳаводиси моҳи октябри соли 2020 огоҳона тартиботро вайрон кард.

Худи Отамбоев изҳор дошт, ки наметавонад дар мурофиа иштирок кунад ва бинобар ин, маҷбур шуд, тартиботро вайрон намояд.

"Ман бемор ҳастам, дастам дард мекунад ва инҷо нишаста наметавонам. Маро ҳабси якумрӣ кунед, вале масхараро бас намоед. Маро аз толори додгоҳ берун кунед", - изҳор дошт Отамбоев.

Президенти пешини Қирғизистон пеш аз баромадан аз толори додгоҳ аз иштирокдорон барои "рафтори бефарҳангонааш" узр пурсид.

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов ахиран аз додрас ва додситонҳо дар саҳифаи фейсбукияш дархост кард, ки мурофиаҳои Алмосбек Отамбоев боз ва бо ҳузури рӯзноманигорон баргузор шаванд.

Отамбоев солҳои 2011-2017 президенти Қирғизистон буд. Вай моҳи июни соли 2020 дар доираи парвандаи ғайриқонунӣ озод кардани маҳбус Азиз Батукаев ба 10 соли зиндон маҳкум шуд. 30 ноябри соли 2020 Додгоҳ олии Қирғизистон ҳукми зинаҳои поёниро бекор ва парвандаро ба баррасии иловагӣ фиристод.

Нисбати Отамбоев чанд парвандаи дигар, аз ҷумла ташкили бетартибиҳои оммавӣ, хушунат нисбати корманди мақомоти давлатӣ, фасодкорӣ ва ғайра кушода шудааст.

XS
SM
MD
LG