Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмон хостааст, бо сарбозон бадрафторӣ накунанд 


Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз афсарону фармондеҳони нерӯҳои мусаллаҳ хостааст, бо сарбозон ва тобеонашон бадрафторӣ накунанд.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 23-юми феврал ҳангоми суханронӣ дар ҷаласаи бахшида ба 30-cолагии таъсиси нерӯҳои мусаллаҳ гуфтааст, “ба сарбозон мисли фарзанди худ муносибат намоянд ва нисбат ба онҳо ғамхор бошанд.”

Зоҳиран ишораи раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба гузоришҳои зиёд дар бораи бадрафторӣ дар сафи нерӯҳои мусаллаҳ, аз ҷумла маргу мири сарбозон ва сарпечии ҷавонон аз хидмат дар артиш аст.

Ба эътирофи худи мақомот, дар муддати 3 сол дар сафи нерӯҳои мусаллаҳ бештар аз 100 сарбоз ба ҳалокат расидаанд ва сабаб “риоят нашудани ойинномаи низомӣ”, бадрафторӣ бо сарбозони навомада ва суистифодаи афсарон аз мақомашон аст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG