Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) қарори ихроҷи Абдуллоҳи Шамсиддин, як фаъоли 33-солаи ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро аз Олмон танқид кард.
Созмон аз мақомоти Олмон хост, барои озодии ӯ ба Тоҷикистон фишор биоваранд ва чигунагии ихроҷашро низ таҳқиқ кунад.
"Мақомоти Олмон аз хатари шиканҷа хабар доштанд. Вазорати корҳои хориҷии Олмон ахиран аз адами мустақилияти додгоҳҳо ва волоияти қонун дар Тоҷикистон гуфта буд. Аз вуҷуди шиканҷа дар маҳбасҳо зикр карда буд, ки дар онҷо тарафдорони аъзои ҳизби наҳзати исломӣ нигоҳдорӣ мешаванд," = омадааст дар баёния.
Ҳю Виллиамсон, раиси бахши Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар HRW, 20-уми март гуфт, мақомоти Олмон хатари ба бадрафторӣ ва шиканҷа рӯбарӯ шудани ӯро медонистанд, вале боз ҳам ба Тоҷикистон фиристоданд.
Намояндагони созмон бо такя ба маълумоти шахсони огоҳ навиштаанд, Олмон аз Тоҷикистон ваъда гирифтааст, ки дар сурати истирдоди Абдуллоҳи Шамсиддин бадрафторӣ нахоҳад шуд.
Ҳарчанд, ба гуфтаи онҳо, "кишваре, ки дар мавриди шиканҷа собиқаи даҳшатборе дорад, ба мисли Тоҷикистон, чунин кафолат на дар амал ва на қонунӣ аҳамияте надорад. Олмон бояд ба мақомоти Тоҷикистон фишор оварад, ки Абдуллоҳи Шамсиддинро раҳо кунанд."
Мақомоти Олмон дар моҳи январи имсол Абдуллоҳи Шамсиддинро ихроҷ карданд. Наздиконаш мегӯянд, ӯ тавассути Истанбул ба Тоҷикистон бурда шуд, вале мақомоти Тоҷикистон ҳеч гоҳ хабари боздошти Абдуллоҳи Шамсиддинро тасдиқ накардаанд.
Пас аз қариб ду моҳи бехабарӣ хонаводааш рӯзи 7-уми март хабар дод, ки Абдуллоҳи Шамсиддин дар тамоси телефонӣ гуфтааст, дар боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ аст. Иттиҳоми зидди ӯ маълум нест.
Гуфтугӯ