Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири Амрико тоҷиконро ба моҳи Рамазон табрик гуфт


Мануэл П. Микаллер
Мануэл П. Микаллер

Сафири нави Амрико дар Душанбе бо нашри паёми видеоӣ фарорасии моҳи Рамазонро ба мардуми Тоҷикистон табрик гуфтааст.

Дар паёми Мануэл П. Микаллер омадааст, "... мехоҳам таманниёти ҷомеаи Иёлоти Муттаҳидаро ба мардуми Тоҷикистон ва ҷаҳон расонам. Барои ҳамаи шумо моҳи Рамазон муборак бошад ва орзумандам, ки онро бо аҳли оила ва дӯстонатон гузаронед".

Паёми шодбошии сафири Амрико як рӯз пеш аз оғози моҳи Рамазон дар Тоҷикистон, нашр шуд. Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ҳафтаи гузашта оғози моҳи Рамазонро 23-юми март эълон кард.

Сафири нави Амрико дар ҳафтаҳои гузашта занону духтарони тоҷикро ба муносибати Рӯзи Модар ва сокинони Тоҷикистонро ба муносибати Наврӯз табрик гуфта буд.

Мануэл Микаллер, сафири Иёлоти Муттаҳида, рӯзи 9-уми марти имсол эътимоднома супурд. Ӯ дар ин мақом Ҷон Марк Поммершаймро иваз кард.

Ҷаноби Поммершайм аз соли 2019 сафири Амрико дар Тоҷикистон буд. Мануэл Микаллер то расидан ба ин мақом дар Непал ва Муғулистон таҷрибаи дипломатӣ доштааст.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, аз кишварҳоест, ки солона миллионҳо доллар ба Тоҷикистон дар арсаҳои гуногун кумак мерасонад. Дар гузашта Амрико аз маҳдудияти озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон интиқод карда буд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG