Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мансабдорон духтарчаҳои ятимро таҷовуз карда, беҷазо мондаанд. ВИДЕО


Ба ду мансабдори Узбекистон, ки ба таҷовузи чанд духтари як ятимхона айбдор мешаванд, ҷазои сахттарин талаб доранд. Гап сари қазияи ду сол пеш меравад.

Дар Узбекистон сирре ошкор шуд, ки сарусадои зиёдро дар ҷомеа ба бор овард. Онро дар охири моҳи марти имсол хабарнигорони тарҳи “Nemolchi.uz” ҳамагонӣ карданд.

Бино ба ёфтаҳои онҳо, ду мансабдор ба номуси чанд духтари ятимхонаи Урганҷ дастдарозӣ кардаанд. Ба навиштаи манбаъ, мудири парваришгоҳ соли 2021 се духтари ноболиғро маҷбур кардааст, бо мансабдорони маҳаллӣ ҳамхоба шаванд. Мақомдорон дар иваз ба ятимхона хӯроку ҷиҳоз дода, ба мудири он ваъда кардаанд, мушкилашро ҳал мекунанд.

“Дар аввали моҳи майи соли 2021 ӯ Азизаро, ки он замон ҳатто 16-сола набуд, интихоб кард. Маҷбур кард, бо як шиносаш ҳамхоба шавад. Духтар намехост ва саркашӣ мекард. Мудир бо тираки ошхона додари хурдсоли ӯро дар пеши чашми ҳама кӯдакон зад,” -- омадааст дар таҳқиқоти сомонаи “Немолчи.уз”.

Ба навиштаи таҳқиқгарон қариб даҳ моҳ раиси Идораи адлия дар вилояти Хоразм ва раиси Идораи ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияи Урганҷ ноболиғонро таҷовуз кардаанд. Қурбонии аз ҳама хурд 15 сол дошт.

Мудири ятимхона дар додгоҳ гуфт, касе духтаронро ба робитаи ҷинсӣ маҷбур накардааст. Мудирро соли гузашта 5,5 сол зиндонӣ карданд, ду мансабдори дигар дар озодӣ монданд. Фақат якунимсолӣ ҳаққи берун шудан аз маҳалли зистро надоранд.

Додситонии кулли Узбекистон ба зидди ин ҳукм эътироз карда, аз додгоҳ хост, онро бекор ва парвандаро бозбинӣ кунад. Дар Вазорати адлия ва ҳолатҳои фавқулода гуфтанд, пас аз боз шудани парвандаи ҷиноӣ фавран мансабдоронро аз кор ронданд.

Қиссаи таҷовузи чанд духтарро дар ятимхона Омбудсмени кӯдаки Узбекистон ва намояндагони дастгоҳи иҷроияи президент низ шарҳ доданд.

Аксарият хоҳони сахттар шудани ҷазо барои чунин ҷиноятҳо ҳастанд. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ бо ёдоварӣ аз мавридҳои дигари дастарозӣ ба ноболиғон мақомотро ба бетаваҷҷӯҳӣ ба ин масъала гунаҳкор мекунанд.

Бино ба иттилои тарҳи “Nemolchi.uz” эҳтимол 3 нафари дигар дар қазияи таҷовузи духтарони ятимхона даст доранд, вале дар додгоҳ чун шоҳид иштирок кардаанд.

Дар бораи вазъ дар ятимхонаи Урганҷ ҳанӯз моҳи феврал ба мақомот хабар дода буданд, аммо то оғози сару садоҳо дар расонаҳо вокунише набуд. Фаъолону таҳқиқгарон пешниҳод карда буданд, ки муҷозот нисбат ба озордиҳандагони кӯдакон дар Узбекистон сахт шавад, аммо маълум нест, вакилони порлумон ҳангоми бозбинии қонун ин пешниҳодҳоро ба назар гирифтаанд ё на.

Видеоро дар инҷо бинед:

Ду мансабдор ба номуси духтарчаҳои ятим таҷовуз кардаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:11 0:00

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG