Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намояндагони Тоҷикистон дар Бишкек ҳафт рӯз дар бораи марз баҳс карданд


Ҳайати Тоҷикистону Қирғизистон дар Бишкек
Ҳайати Тоҷикистону Қирғизистон дар Бишкек

Музокираи ҳафтрӯзаи ҳайати Тоҷикистон бо ҷониби Қирғизистон дар масъалаи таъину аломатгузории марзи ду кишвар дар Бишкек ба поён расидааст.

Ҳайати Тоҷикистон рӯзи 1-уми апрел барои музокира бо ҳамтоёни қирғизи худ ба Бишкек рафта буданд.

Ҳукумати Қирғизистон ва Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 7-уми апрел дар як хабарномаи монанд ба ҳам гуфтаанд, ки гурӯҳҳои корӣ ҷалассаҳои худро барои таъину аломатгузории марзи давлатӣ идома хоҳанд дод.

Гурӯҳҳои ҳукуматии маконнигории Тоҷикистону Қирғизистон аз ин пеш, аз 10-ум то 16-уми март, дар Душанбе низ чунин нишаст доштанд.

Маълум нест, ки дуҷониб дар бораи таъйину аломатгузории чанд километри дигари марз ба мувофиқа расидаанд.

Пас аз муноқишаи хунини моҳи сентябри соли гузашта дар марз ду ҷониб талош мекунанд, ки ҷузъиёти нишастҳои худро расонаӣ накунанд.

Бо гузашти се даҳсола аз истиқлоли ҳарду кишвар, аз 987 километр марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон бештар аз 300 километри дигар ҳанӯз бе аломату баҳсбарангез аст.

Аз ин рӯ байни сокинони ду тараф барои манобеи табиӣ, ба мисли об, чарогоҳу замин ва роҳ муноқиша сар мезанад ва ба хунрезиҳои сахт ҳам печидааст. Ду ҷониб ҳамеша ҳамдигарро дар сар задани муноқиша айбдор мекунанд.

XS
SM
MD
LG