Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро ҳукми Рустам Саидаҳмадзодаро пинҳон медоранд? ВИДЕО


Рустам Саидаҳмадзода
Рустам Саидаҳмадзода

Рустам Саидаҳмадзода, додраси машҳур ба "ҳукми сафед", хостааст, қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон нисбат ба ӯ бозбинӣ шавад.

Додгоҳи олӣ се ҳафта пеш Саидаҳмадзодаро дар як мурофиаи пӯшида ба зиндон маҳкум кард, аммо додрас ва вакилони дифоъ намегӯянд, ки ӯ чанд сол аз озодӣ маҳрум шуда.

Хабарнигорони Радиои Озодӣ рӯзи 1-уми май барои фаҳмидани ҷузъиёти ҳукми Рустам Саидаҳмадзода ба Додгоҳи олии Тоҷикистон муроҷиат карданд, вале ҷавоб нагирифтанд.

Як масъули Додгоҳи олӣ танҳо ҳаминро гуфт, ки "ҳукми Рустам Саидаҳмадзода то ҳол ба иҷро надаромадааст" ва ба ин сабаб наметавонанд дар бораи он гап зананд.

Ӯ афзуд, додраси пешин аз рӯйи ҳукм ба зинаи кассатсионӣ шикоят бурдааст ва баъд аз гирифтани хулосаи он ҳукмро ба расонаҳо мегӯянд. Ин ҳолат дар Тоҷикистон камназир аст, чун дар гузашта дар парвандаҳои пурсарусадо, додгоҳ ҳадди ақал ба чанд сол маҳкум шудани муттаҳамро эълон мекарданд.

Аз сӯи дигар наздикон ва вакилони дифои Рустам Саидаҳмадзода ҳам намегӯянд, ки ӯ ба чанд сол зиндон маҳкум шудааст.

Чанд мурофиаи ахири Саидаҳмадзода дар дохили бинои Боздоштгоҳи муваққатӣ ё СИЗО баргузор шуд ва барои ҳамин дарёфти маълумот дар бораи ҳукм мушкил шудааст.

Чаро ҳукми Саидаҳмадзодаро пинҳон медоранд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:47 0:00

Додситон пештар барои Рустам Саидаҳмазода 9 сол зиндон талаб карда буд. Додраси пешини Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро ба қаллобӣ, нашри ахбори дурӯғ, баромадан аз ҳадди ваколати мансабӣ ва ғайриқонунӣ баровардани ҳукм муттаҳам мекунанд, аммо Саидаҳмадзода дар сухани охиринаш ҳама иттиҳомро рад карда, худро бегуноҳ хонда буд.

Қазияи Рустам Саидаҳмадзода асосан барои содир кардани ҳукми сафед боис ба таваҷҷуҳ шудааст. Дар Тоҷикистон ҳукмҳои сафед каманд.

Тибқи омори расмӣ, солона додгоҳҳои Тоҷикистон ҳудуди 11 ҳазор парвандаи ҷиноиро баррасӣ мекунанд, вале аз миёни ҳазорҳо муттаҳам соли 2020 танҳо 2 ва соли 2021 фақат 11 нафар сафед шудаанд. Дар нимсолаи аввали соли гузашта додгоҳҳо 5508 парвандаи ҷиноиро баррасӣ карда, ягон ҳукми "сафед" набаровардаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG