Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирон мегӯянд, "50 кас дар Красногорск дастгир шуд" ВИДЕО


Акс аз наворҳои фиристодаи корбарон
Акс аз наворҳои фиристодаи корбарон

Боздошту азияти муҳоҷирони тоҷик дар гӯшаҳои Русия идома дорад.

Корбарон аз минтақаҳои гуногун наворҳои боздошт ва латукӯби муҳоҷиронро мефиристанд.

Муҳоҷирон мегӯянд, субҳи 1-уми июн дар сохтмоне дар Красногорск ҳудуди 50 муҳоҷири тоҷик дастгир шудаанд. Сарнавишти онҳо маълум нест.

Дар наворҳои дигар дида мешавад, ки пулиси Русия ба муҳоҷирони хобида дар рӯйи замин ҳамла мекунанд.

Корбароне, ки наворҳоро фиристоданд, гуфтанд, онҳо муҳоҷирони тоҷик ҳастанд ва ҳодисаҳо дар чанд рӯзи охир дар Маскав ва ноҳияҳои он рух додааст.

Ба гуфтаи муҳоҷирон, дар ин ҳамлаҳо чанд муҳоҷир ҷароҳат бардоштааст.

Дар ним моҳи охир фишору азияти муҳоҷирони тоҷик дар Русия афзоиш ёфтааст.

Аз ҷумла, рӯзи 19-уми май кормандони ОМОН дар Хабаровск ба беш аз сад донишҷӯи тоҷик ҳамла карданд. Сафорати Тоҷикистон гуфт, 10 донишҷӯ захмӣ шудааст.

Мақомоти Русия ҳодисаҳои боздошту азияти муҳоҷирони тоҷикро расман шарҳ надодаанд, вале сафорати Тоҷикистон дар Маскав гуфтааст, аз мақомот хоҳиши таҳқиқи одилонаи ҳодисаҳоро карданд.

Ба сабаби бекорӣ ва маоши нокофӣ дар кишвар, садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба Русия рафтаанд. Онҳо асосан дар сохтмону бозор кор мекунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG