Меҳмонхонаи “Серена”, вобаста ба Шабакаи Оқохон (AKFED), дар маҳаллаи Теми шаҳри Хоруғ давлатӣ шудааст.
Дар ин бора пойгоҳи Pamir Daily News бори аввал рӯзи 8-уми июн хабар дод. Ду манбаи Радиои Озодӣ дар ҳукумати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Шабакаи Оқохон иттилоъро рӯзи 15-уми июн тасдиқ карданд.
Манобеи Радиои Озодӣ мегӯянд, ҳоло баҳс бар сари давлатӣ кардани Маркази тиббии вобаста ба Шабакаи Оқохон дар Хоруғ низ ҷараён дорад.
“Меҳмонхонаи "Серена"-ро давлатӣ карданд. Гуфтанд, ки ҳангоми хусусигардонии иншоот дар аввали солҳои 2000-ум хато шудааст. Аҷиб ин аст, ки тайи қариб бист сол касе аз ин мушкилӣ гап назад,” -- гуфт яке аз кормандони собиқи меҳмонхона.
Мақомоти вилоят ва раҳбарии Шабакаи Оқохон дар Тоҷикистон то ҳол расман дар ин мавзуъ изҳорот надоданд.
Меҳмонхонаи “Khorog Serena Inn” дар маҳаллаи Теми шаҳри Хоруғ дар наздикии сарҳад бо Афғонистон ҷойгир аст ва ба тарзи хонаи помирӣ бунёд шудааст.
Ин меҳмонхона ҷузъе аз бахши ширкати швейтсарии “Serena Tourism Promotion Service SA” аст. Ин ширкат шабакаи меҳмонхонаҳоро дар Кения, Танзания, Занзибар, Руанда, Конго, Уганда, Покистону Афғонистон ва Тоҷикистон идора мекунад. Меҳмонхонаи ҳамном дар шаҳри Душанбе низ ҳаст.
Ба гуфтаи манбаъҳои Радиои Озодӣ, ҳоло Додситонии ВМКБ ба додгоҳ пешниҳод кардааст, ки Маркази тиббии вобаста ба Шабакаи Оқохон воқеъ дар маҳаллаи Бархороғи шаҳри Хоруғ низ ба ихтиёри ҳукумат гузарад. Танҳо гуфтаанд, ки "ин объект ҳам мушкилӣ доштааст".
Маркази тиббии Оқохон (Aga Khan Medical Centre) ҷузъе аз Хадамоти Оқохон дар мавриди тандурустӣ (Aga Khan Health Service) аст. Он соли 2018 дар Хоруғ бо маблағи 25 миллион доллар сохта шуд.
Гуфтугӯ